Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон метавон бо меҳнати ҳалол сарват андӯхт?


Дар ҷаласаи ахири ҳукумат тасмим гирифта шуд, ки ислоҳот ва коҳиши навъҳои андозбандӣ то соли 2017 анҷом шавад.

Хабаре, ки аксарият, махсусан тоҷирон ва андозсупорандагон интизораш набуданд. Аммо интизор буданд, ки шумораи андозбандиҳо дар соли ҷорӣ бар асоси ислоҳот ба қонуни андоз коҳиш дода мешавад ва барои рушди тиҷорату дарёфти даромади бештари тиҷораташон мусоидат мекунад.

Зеро аксари тоҷирон мегӯянд, навъҳои беохиру нозарури андозбандӣ ва вуҷуди фасод миёни кормандони мақомоти андоз дар роҳи рушди тиҷорат ва фаъолияташон монеа эҷод мекунад ва низ даромади ҳангуфте аз пардохти молиёт вориди буҷаи кишвар намешавад. Маҳз ҳамин сохтори андозбандӣ дар Тоҷикистонро мардуми кишвар як садди бузурге барои соҳиби сармоя шудан унвон мекунанд. Ҳамчунон монеъагузориҳои сунъӣ дар роҳи дарёфти сармоя ва бунёди тиҷорат аз авомилӣ ҷилавгирӣӣ мардуми оддӣ ҷиҳати дарёфти сармояи бештар унвон мешавад.

Аммо дар Тоҷикистон сарватманду сармоядорон кам нестанд, ки соҳиби қасру кушкҳо ва амволи зиёд ҳастанд. Вале оё онҳо замоне мардуми оддии камдаромаду бесармоя набуданд ва бо кадом роҳ усули пайдо кардани сармояро кашф карданд? Ва оё бо меҳнати ҳалол дар инчунин шароите, ки дар рӯ ба рӯи мардуми Тоҷикистон истодааст, мешавад сармояи бузурге пайдо карду сарватманд шуд?

Ин суоле буд, ки бо ҳамсӯҳбатони «Озодӣ» дар хиёбонҳои Душанбе дар миён гузошта шуд. Аммо оё шумо чӣ назар доред, хонанда ва бинандаи азиз, бо меҳнати ҳалол дар Тоҷикистон сарватманд шудан мумкин аст? Ё чӣ саддҳое дар ин роҳро шумо медонед?

Бо меҳнати ҳалол метавон сармоядор шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG