Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти муовини пешини Эмомалӣ Раҳмон


Сафар Сафаров, собиқ муовини аввали раиси Маҷлиси Намояндагон, муовини аввали раҳбари ҳизби халқӣ-демократӣ ва сафири пешини Тоҷикистон дар Русия дар синни 69-солагӣ бар асари бемории фишорбаландӣ даргузашт. Масъулони ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сафар Саров субҳи имрӯз? 21 октябр дар бемористон дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷаноби Сафаров дар чанд соли пеш ба бемории фишорбаландӣ гирифтор шуда буд ва ду соли ахир зиёд ранҷ мекашид ва ахиран пизишкон ӯро ҷарроҳӣ карданд. Ин аст, ки ҳафтаҳои ахир дар бемористони маъруф ба "Медгородок” бистарӣ буд.

Сафар Сафаров 22 майи соли 1947 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 1983 мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Дар замоин Шӯравӣ бештар дар ниҳодҳои комсомоливу ҳизби коммунист кор карда, то мақоми котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло -Темурмалик) расида буд.

Сафар Сафаров солҳои 1990-2000 вакили парлумон, солҳои 2000-2001 раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 сафири Тоҷикистон дар Русия ва соли 2007 намояндаи мухтори Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шуд. Аз соли 2007 то феврали соли 2010 муовини авали раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон буд.

Соли 2010 муовини аввали раҳбари ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон таъин гардид ва дар декабри соли 2014 дар Анҷумани ҲХДТ аз ин мақом ба сабаби ба нафақа расидан барканор шуд. Сафар Сафаров оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд буд.

Маросими ҷанозаи вай зуҳри имрӯз, 21 октябр дар масҷиди Марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG