Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Табибони чинӣ дасти беморро ба пояш пайванд карданд


Табибони чинӣ муваффақ шуданд дасти бемореро, ки бар асари як ҳодиса қатъ шуда буд, бо пайванд кардан ба пойи ӯ, як моҳ зинда нигоҳ дошта ва дар ниҳоят бори дигар ба боқимондаи дасташ бичаспонанд.

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, дасти Хиао Вейи ( Xiao Wei) як ҷавонмарди 35-сола дар ҳодисае аз оринҷ бурида шуд ва шиддати ҷароҳат ва дард ба ҳадде буд, ки пайванд кардани он ба таври фаврӣ ба ҷои аслӣ имконнопазир буд. Дар ин ҳол пизишкон тасмим гирифтанд, ки дасти ӯро ба болои банди пойи бемор бипайванданд, то зинда монад ва дубора пайванд шавад.

Дасти Xiao Wei як моҳ пас аз ин ҷарроҳии муваффақ ба ҳадде, ки барои пайванди ниҳоӣ омода бошад, дуруст шуд ва дар ниҳоят табибони чинӣ тавонистанд дар ҷараёни як амалиёти 9-соата, ин дастро ба ҷои аслиаш пайванд кунанд. Бино бар гузоришҳо, ин бемор барои сиҳатии комил ба чанд амали ҷарроҳии дигар ниёз дорад. Яке аз пизишкон ба рӯзномаҳои чинӣ гуфтааст: "Ин амалиёт монанди сохтани хона аст... дар ҳоли ҳозир баданаи аслӣ сохта шудааст ва дар оянда тарроҳии дохилии он анҷом хоҳад шуд."

Ба гузориши шабакаи хабарии CNN, Xiao Wei пас аз вуқӯи ҳодиса ибтидо ба бемористони маҳаллӣ рафта буд, аммо пизишкон гуфта буданд, ки наметавонанд ба ӯ кӯмак кунанд. Ӯ дар ин муддат дасташро ибтидо дар халтаи плостикӣ нигаҳ дошта ва сипас онро дар сандуқчаи пур аз ях қарор додааст. Xiao Wei муваффақ шудааст пас аз ҳафт соат ба бемористоне бирасад, ки дар ниҳоят амалиёти ҷарроҳиро анҷом додаанд.

Ба гуфтаи табибе, ки Xiao Wei-ро муолиҷа кардааст, то кунун ҳудуди 30 амалиёте ба ин монанд дар саросари Чин ба таври муваффақомез сурат гирифтааст. Ӯ мегӯяд, соли 2004 низ худаш ҷарроҳии ба ҳамин монандро анҷом дода буд ва дасти бемореро ба шикамаш пайванд кард, ки он амалиёт ҳам муваффақиятомез будааст.

Xiao Wei акнун аз бемористон ҷавоб шуд ва дар хона давраи барқароршавии комилро паси сар мекунад. Ӯ мегӯяд, метавонад то ҳадде банди дасташро бичархонад, аммо ҳанӯз наметавонад ангуштонашро пурра такон диҳад. Ба гуфтаи пизишкон, беҳбуди ниҳоии дасти ин бемор ба ҳудуди шаш моҳ вақт ниёз дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG