Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Саудӣ Тоҷикистонро “шарики муҳими кишвараш” хонд


Салмон Ибн Абдулазиз оли Сауд
Салмон Ибн Абдулазиз оли Сауд

Салмон Ибн Абдулазиз оли Сауд, шоҳи Арабистони Саудӣ, дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагон – Тоҷикистонро аз шарикони муҳими кишвараш дар минтақа хондааст. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон, 23 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мулоқот рӯзи якшанбе дар Риёз сурат гирифтааст.

Ба қавли ӯ, “Шоҳи Саудӣ ба масъулони девон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки барои суръат бахшидани масъалаҳои ҳалталаб ва рушди ҳаматарафаи робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ҳамаи корҳои лозимро анҷом диҳанд”. Арабистони Саудӣ эълон кардааст, ки тарҳҳои энергетикиву обии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, нерӯгоҳҳои обии бузургу миёна ва коркарду истихроҷи маъданҳои табииро сармоягузорӣ хоҳад кард.

Тарафи Тоҷикистон дар навбати худ аз кумакҳои билоивази Арабистони Саудӣ ва аз ҷумла ёриҳояш ба осебдидагони ҳодисаҳои табиӣ дар кишвар сиспосгузорӣ кардааст. Саудӣ соли 2015 барои рафъи оқибатҳои зилзила дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ёрӣ карда буд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, дар раъси як ҳайат дар Арабистони Саудӣ қарор дорад. Ин ҳайат бо Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, дидору гуфтугӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG