Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корпоратсияи 19-уми роҳи оҳансозиии Чин дар Тоҷикистон сӯрохкунии нақби инак дувуми роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвонро анҷом додааст.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 28 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ширкати чинии "Корпоратсияи 19-уми роҳи оҳансозӣ" аз се нақби хатти роҳи оҳани “Ваҳдат− Ёвон” дутояшро алакай пурра ва нақби сеюмро 73 дарсад сӯрох кардаанд.

Шералӣ Ганҷалзода -- вазири нақлиёти Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки мутахасисони ширкати "Корпоратсияи 19-уми роҳи оҳансозӣ" кандани се нақбро, ки дарозии ҳамаи онҳо 3755 метрро дар бар мегирад, тақрибан ба поён расондаанд. Ӯ афзуд, дар бунёди роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон се нақб ва панҷ пул бояд сохта шавад.

"Мо дар ташвиш будем, ки оё то моҳи сентябри соли оянда, яъне то рӯзи ҷашни истиқлол ин иншооти муҳимро анҷом дода метавонем ё не? Мо намедонистем, ки таркиби геологии баландиҳою теппаҳо аз чӣ иборат аст ва бим доштем, ки шояд санг дошта бошад. Вале ҷараёни сӯрохсозии ду туннел нишон дод, ки корҳо зуд анҷом дода шуданд," -- идома дод Ганҷалзода.

Сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон дар сурати пурра бунёд шуданаш вилояти Хатлонро бо 3 миллион аҳолияш тариқи роҳи оҳан бо маркази кишвар пайванд хоҳад кард. Тоҷикистон ба сохтмони ин роҳ соли 2009 пас аз тахриб шудани қитъаи роҳи "Ғалаба−Амузанг−Хатлон" аз сӯи Узбакистон шурӯъ кард. Чунки пас аз тахриби ин роҳ аз сӯи мақомоти Узбакистон вилояти Хатлон аз ягона роҳи оҳанаш маҳрум шуд.

Аз ин ҷиҳат сохтмони роҳи оҳани "Ваҳдат-Ёвон"-ро мутахассисон алтернативаи Амузанг ном бурда мегӯянд, ки ин роҳ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ва коҳиши нарху наво дорои аҳамияти зиёд аст. Масъулони Хатлон зиёни иқтисоди вилоятро аз набуди роҳи оҳан танҳо дар ним соли аввал беш аз 45 миллион доллар ҳисоб карда буданд.

Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон идораи роҳи оҳан соли 2009 ба сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат − Ёвон шурӯъ кард. Аммо кишвар ба танҳоӣ дар сохтмони се нақб дар ин қитъаи роҳ мушкил мекашид.

Ин аст, ки давлати Тоҷикистон аввали соли равон аз "Эксимбонк"-и Чин ба хотири анҷоми сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат−Ёвон 68 миллион доллар қарзи боимтиёз дарёфт кард. Паймонкори ин тарҳ низ ширкати "Корпоратсияи 19-уми сохтмони роҳи оҳани Чин" интихоб карда шуд. Арзиши сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат− Ёвон 800 миллион сомониро ташкил мекунад. Ин роҳ, ки беш аз 40 километр тӯл дорад, қисман бо сармояи Чин ва боқимонда бо пули будҷаи кишвар сохта шуда, қарор аст, то моҳи августи соли 2016 ба истифода дода шавад.

Вале ин аввалин тарҳи роҳу нақбсозие нест, ки Тоҷикистон бо кумаку сармояи Чин бунёд кардааст.

Давлати Тоҷикистон, ки берун кашидани кишварро аз “бунбасти коммуникатсионӣ” яке аз ҳадафҳои стратегии худ хондааст, тарҳҳои бузурги нақлиётиашро асосан бо кумак ва сармояи Чин амалӣ месозад. Се нақби автомобилгарди дигар - "Шаҳристон" дар вилояти Суғд ва "Чормағзак"-у "Шар -Шар" дар Хатлон бо сармоя ва иштироки ширкатҳои сохтмонии Чин сохта ва ба истифода дода шуданд.

Давлати Тоҷикистон барои сохтмони нақби "Шаҳристон" 80 миллион доллар, барои нақби "Чормағзак" 68 миллион доллар ва барои бунёди нақби "Шар-Шар" 40 миллион доллар аз Чин қарз гирифтааст. Нақбҳои Шаҳристон ва Чормағзаку Шар−Шар, ки ахиран ба номҳои “Хатлон” ва “Озодӣ” иваз карда шуданд, аз сӯи ширкати роҳсозии China road−и Чин бунёд шуда буданд.

Феълан қарзи Душанбе аз Пекин алакай аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд. Чин соле пеш ваъда дод, ки дар 3 соли оянда ба иқтисоди Тоҷикистон 6 миллиард доллари дигар кумак хоҳад кард, ки аз ин маблағ беш аз 3 миллиардаш бояд барои сохтани қисмати тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ - Чин сарф шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG