Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин -- миёнҷии нави ҳукумати Кобул ва Толибон?


Ҷумҳурии мардумии Чин пешниҳод кардааст, то нишастеро ба манзури оғози музокироти сулҳ байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон доир намояд.

Чин дар садади он аст, ки гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон аз сар гирифта шавад. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Чин пешниҳоди як нишасти сулҳ ва оштиро ироа намудааст, ки дар он намояндагони Афғонистон, Покистон ва фармондеҳоин Толибон ширкат дошта бошанд.

Ин пешниҳоди Чин дар ҷараёни нишасти раванди Истанбул, ки чанд рӯз қабл дар Пекин баргузор шуд ва дар он раҳбари Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ ширкат дошт, матраҳ шудааст. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ мешавад, ки хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилал бо раҳбарии Амрико аз Афғонистон идома дорад ва дар назар аст, то поёни соли ҷорӣ такмил шавад.

Бо вуҷуди талошҳои низомӣ барои саркӯбии Толибон ва Ал-Қоида, ин гурӯҳҳо ҳанӯз ҳам як таҳдиди ҷиддӣ дар Афғонистон ба ҳисоб мераванд ва ҳамлаҳои созмонёфтаро анҷом медиданд ва талошҳои қаблӣ барои шомил сохтани онҳо ба раванди сиёсӣ ноком мондааст.

Нишонаҳое зиёде вуҷуд надорад, ки Чин дар коре, ки дигарон дар он ноком мондаанд, комёб шавад, вале ин талоши он кишвар, ки мехоҳад музокироти сулҳи Афғонистон аз сар гирифта шавад, намоёнгари густариши нақши Чин дар умури Афғонистон аст.

Дар мавриди ҳамин нақши Чин дар барқарории субот дар Афғонистон Брант Рубин, коршиносии амрикоии умури Афғонистон мегӯяд, "чиниҳо худ мехоҳанд интизорот аз онҳо зиёд набошад. Онҳо наметавонанд Покистонро водор ба тағйир ба сиёсати аслиаш кунанд. Вале ончи муҳим аст ин аст, ки як робита аз эътимод миёни ҳукуматҳои Чин ва Покистон ва аз он муҳимтар миёни артиш ва истихбороти ду кишвар вуҷуд дорад. Пас агар Чин баъзе чизҳоеро, ки Амрико пешниҳод хоҳад кард, пешниҳод кунад, эҳтимоли зиёд меравад, ки Покистон онро қабул кунад ва дар он найранге вуҷуд надошта бошад."

Ба гуфтаи мушовири раиси ҷумҳури Афғонистон, пешниҳоди Чин то ба ҳол ба таври расмӣ ба ин сабаб эълон нашудааст, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай ниёз дорад то бубинад, ки оё Толибон ва Покистон хоҳони ширкат дар чунин нишаст бо пешниҳоди Чин ҳастанд ё на. Довуд Султонзай, мушовири Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ин як иқдоми муқаддамотӣ аст ва хеле муҳим буд ва эълони он дар фурсати муносибе сурат хоҳад гирифт.

Чин бо Афғонистон як марзи хеле маҳдуди кӯҳистонӣ дорад. Вале нигарониҳои бузургтари Пекин дар дарки уйғурҳои он кишвар аст, ки хоҳони ташкили як давлати мустақил дар ғарби Чин ҳастанд ва метавонад аз холигоҳи амниятӣ, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ба вуҷуд меояд, ба нафъи худ истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG