Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи қатори Чин то Эронро бе Тоҷикистон месозанд


Russia -- building construction of railway railroad in Yakutia, 24Oct1995
Russia -- building construction of railway railroad in Yakutia, 24Oct1995

Набудани роҳи оҳан дар байни Тоҷикистону Қирғизистон ба сарфи назар шудани аввалӣ дар тарҳи роҳи оҳани Чин то Афғонистону Эрон сабаб шуд.

Дар ин бора Ҷумъахон Зуҳуров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон баъди мулоқот бо Келдибек Иброев, муовини вазири нақлиёти Қирғизистон гузориш дод. Ҷумъахон Зуҳуров дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки «онҳо (чиноиҳо) дар иҷрои ин тарҳ, роҳҳои оҳани мавҷуд дар қаламрави Қирғизистон ва Узбакистонро ба назар гирифтанд. Ин сабаб шудааст, ки Тоҷикистон аз ин тарҳ сарфи назар шавад.»

Бар пояи ин тарҳ, роҳи оҳан аз Чин оғоз шуда то ба ба Қирғизистон мерасад. Сипас Узбакистонро убур мекунад ва дар марзи Афғонистон бо Мазори Шариф пайваст мешавад ва баъдан аз Афғонистон ба Эрон меравад.

Ба гуфтаи Ҷумъахон Зуҳуров, «санади фаннӣ-иқтисодии роҳи қатор дар қаламрави Қирғизистон аз сӯи Чин омода шудааст ва сохтмони ин қитъаи роҳ маблағи 3,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳоле, ки муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон бештар ба сабаҳои техникии берун мондани Тоҷикистон аз ин тарҳи муҳими минтақавӣ ишора мекунад, коршиносони умури минтақа мегӯянд, ки мухолифатҳо дар байни кишварҳои минтақа Тоҷикистонро аз ин тарҳ маҳрум кардааст.

Гуфта мешавад, ки агар Тоҷикистон бахше аз ин тарҳ мебуд, убури роҳи қатор аз қаламрави Тоҷикистон фосилаи роҳ бо Афғонистону Эронро, беш аз ҳазор километр кӯтоҳ мекард.

Сафари Келдибек Иброев, муовини вазири нақлиёти Қирғизистон, ки рӯзи сешанбе шурӯъ шуд, низ асосан як худсафедунӣ ва ё шарҳи мавқеъи Қирғизистон буд, ки яъне "мо ҳеҷ мухолифате надоштем, вале чиноиҳо нахостанд." Дар зимн Қирғизистон аз ҳамсояҳои хуби Тоҷикистон аст ва Бишкек намехоҳад тарҳи роҳи оҳан ба муносибаташ бо Тоҷикистон соя афканад.

Тоҷикистон тарҳи Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эронро яке аз роҳҳои бурунрафт аз бунбасти нақлиётӣ медонист, ки баъди масдуд шудани роҳи оҳан аз тарфи Узбакистон аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ин аст, ки Тоҷикистон се сол пеш ба бунёди як қитъаи ин роҳи эҳтимолӣ аз шаҳри Ваҳдат то Қӯрғонтеппа оғоз карда буд.

Дар айни баҳсҳои марбут ба ду тарҳ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қирғизистон, Манучеҳри Муродӣ, дар сӯҳбат бо хабаргузории АКИ-пресс гуфта
буд, ки барои Эрон муҳим нест, масири роҳи нав аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, ё Узбакистон, балки "муҳим он аст, ки ин роҳ бо шабакаи роҳи оҳани Эрон бипайвандад". Ӯ гуфта буд, ки дар он ҳолат Эрон метавонад, ба сохтмони қитъаи қирғизистонии роҳи нав сармоягузорӣ кунад.

Дар оғози моҳи июни соли 2012 раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо ҳамтои эронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эронро баррасӣ кард ва хостори ин шуд, ки ду кишвар аз як мавзеъ баромад кунанд. Аммо нозирони умур мегӯянд, Тоҷикистон боз ҳам ба ибтикори ҳамсояаш Узбакистон дар ин тарҳ низ ноком шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати Узбакистон ахиран эълон кард,ки соли 2014 ба бунёди роҳи оҳани Ангрен-Поп тавассути туннели гарданаи Қамчиқ оғоз хоҳад кард. Тошканд ҳадаф дорад тавассути ин хати нави оҳан қисмати ғарбии қаламравашро мустақиман бо қисмати шарқии он пайваст созад ва худро аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Хуҷанди Тоҷикистон раҳо кунад.

Дар ҳоли ҳозир роҳи оҳани Тоҷикистон барои Узбакистон муҳимтарин роҳ барои интиқоли маводи муҳим аз Тошканд ба Фарғона ва барои Тоҷикистон ягона роҳи оҳани иртиботӣ бо хориҷи кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG