Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи Панҷгона: Сукути Қирғизистон, талоши Тоҷикистон ва умеди Афғонистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Панҷ кишвари минтақа нахустин санади “Мушаххас кардани масири хати роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон ва Чин”-ро имзо карданд.

Ҳарфи бунёди ин роҳи оҳан ҳанӯз чаҳор сол пеш садо дода буд, аммо пас аз чаҳор сол ин нахустин қадами амалӣ дар роҳи бунёди тарҳ буд, ки пас аз муҳокимаи ду рӯза бардошта шуд.

Дар ин баҳс, ки ду рӯз ҷараён дошт, намояндагони Қирғизистон бештар сукут доштанд, намояндагони Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон бо як дилгармии хос ин тарҳро баррасӣ мекарданд ва намояндагони Чин то поён мисле ба ҳайси шунаванда дар ин ҷаласа ширкат карданд.

АНДОЗАҲО МУАЙЯН ШУД

Ихтилофи аслӣ, сари паҳнои хатти роҳи оҳан буд, ки билохира баъди баҳсҳои тӯлонӣ ҳал шуд. Тоҷикистон Қирғизистон розӣ шуданд, ки ин роҳ то марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон тибқи меъёр ва баробар бо талаботи дар Чину Эрон, ки мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳаст, сохта шавад.

Роҳҳои оҳани Тоҷикистону Қирғизистон замони шӯравӣ бо паҳнии 1520 миллиметр сохта шудаанд, вале роҳҳои оҳани Эрону Чин бо паҳнии 1435 мм бунёд ёфтаанд. Биноан бари вагонҳо аз ҳам фарқ мекунад.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, имзои ин санад қадамҳои аввал дар роҳи амалӣ шудани тарҳи роҳи оҳани ду кишвари Осиёит Мракзӣ ва Эрону Афғонистону Чин аст. Ӯ гуфт, ин тарҳ дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни охирин сафараш ба Чин ин мавзӯробо мақомоти он кишвар матраҳ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ин нишасти ду рӯза дақиқ шуд, ки ҷонибҳо минбаъд, боядчӣ к орҳоеро анҷом диҳанд.

Ӯ гуфт: “Ин хатти роҳи оҳан нахустбоя аз чиҳати техникӣ асоснокшавад. Ҳоло вариантҳо пешниҳод шудаанд ва ҳамаи ин пас аз интихоби варианти ниҳоӣ баррасӣ хоҳад шуд. Имрӯз протоколи муайян кардани масири роҳи оҳан ба имзо расид. Дар мавзӯи паҳноӣ сӯҳбатҳо буд ва комиссия сари ин кор хоҳад кард.”

Тарҳи тахминии ин роҳи оҳан бо убури Афғонистон аз Панҷи Поён тариқи ноҳияи Румӣ, Ёвон, Ваҳдат, Файзобод ва Ҷиргатол ба Қирғизистон мерасад. Дар сурати бунёди он ин нахустин хати роҳи оҳане дар Осиёи миёна хоҳад шуд, ки аз баландкӯҳҳо убур мекунад ва шебу фарози зиёде хоҳад дошт.

МАСИРИ СУЛҲ БАРОИ АФҒОНИСТОН

Дар ҳоле, ки намояндагони кишварҳои дигар дар заминаи татбиқи ин тарҳ аз амнияти Афғонистон ниагаронӣ мекарданд, ҷониби Афғонистон бунёди ин роҳро дар таъмини сулҳу суботи кишвараш сарнавиштсоз номид.

Ямо Шамс, раиси Идораи мустақили хати роҳи оҳани Афғонистон гуфт, дар сурати бунёди роҳ амнияти он кафолат дода мешавад. Ин роҳ ба гуфтаи ӯ, аз Ҳирот оғоз шуда, тариқи Маймана, Шибирғон, мазори Шариф, Кундуз то Шерхон-Бандар мерасад, ки минтақаҳои амнтари Афғонистон дониста мешаванд. Аммо ин намояндаи Афғонистон гуфт, бунёди роҳ садҳо нафарро дар Афғонистон соҳиби ҷои кор мекунад, ки касе дар андешаи тахриби он нахоҳад шуд.

Аз ин рӯ, ӯ гуфт: “Ҳоло ин ҷо масъалаи амният чандон матраҳ нест. Масъалаи худи пружа ва бозсозӣ тағийре дар минтақа хоҳад овард. Ин ҷо манофеи минтақавӣ дар назар гирифта шудааст. Ин пружа сохта шавад, амният ҳам дар Афғонистон таъмин хоҳад шуд.”

Дарозтарин тӯли ин хати роҳи оҳан бо дарозии 1148 километр бояд аз Афғонистон гузарад. Дар марҳалаи аввали оғози кор барои ин тарҳ ҷониби Афғонистон 3 миллион долларро дар назар гирифтааст.

ТАЛОШҲОИ ЭРОН

Ҷониби Эрон аз ҳама бештар ба фаъол шудани ин тарҳ талош дошт. Ономуҳаммад Қарровӣ, узви ҳайати мудирияти Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, аллакай ин кишвар то Ҳирот хатти роҳи оҳан дорад ва хотири тарҳ онро дубора бозсозӣ мекунад.

Ӯ гуфт: “Мо ба натиҷа расидем, ки ин коридор фаъол бишавад. Мо қадамҳои баъдиро ҳам мушахас кардем, ки чи гуна бояд гузошта шаванд. Таъмини молии ин масри дар шаш моҳи баъд баррасӣ мешавад. Хати оҳане, ки сохта мешавад, қарор шуд, бар асоси байналмиллаӣ сохта хоҳад шуд. ”

Бо имзои санади дақиқ кардани масири ин хати Роҳи оҳан ҷонибҳо ба мувофиқа расидан, ки пас аз 6 моҳ дар Бишкеки Қирғизистон роҳҳои пайдо кардани маблағгузорӣ дар ин тарҳро баррасӣ хоҳанд кард.

ЧИН ЧӢ МЕГӮЯД?

Намояндагони Чин изҳор доштанд, ки аз манотиқи ғарбии ин кишвар солона то 350 миллион тона бор тариқи нақлиёт ба кишварҳои Аврупо мерасонад, ки харҷаш хеле зиёд аст. Дар сурати бунёд, ин миқдор бори Чин тариқи ин роҳ ба осонӣ ба кишварҳои аврупоӣ хоҳад расид.

Тибқи тарҳи пешакие, ки дар Душанбе кашида шуд, ин роҳ аз Эрон бо убури Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон то Чин бештар аз 2 ҳазор километрро дар бар хоҳад гирифт.

Ҳаҷми умуми маблағе, ки барои сохтмони он сарф мешавад, 6 моҳ пас дар Бишкек дақиқ хоҳад шуд.

Ин тарҳ ҳанӯз соли 2010 аз ҷониби Эрон пешниҳод шуда, онро Чин дастгирӣ карда буд, вале бо гузашти чор сол бори аввал аст, ки барои амалӣ кардани ин хати роҳи оҳан ҷонибҳо сари як миз менишинанд.

ГУФТУГӮЕ БО МУАЛЛИФИ ИН МАТЛАБ МӮЪМИН АҲМАДӢ

Аслан, ҷузъиёти ин нишастро чӣ гуна мешавад шарҳ дод?

“Дар маҷмӯъ ҳамаи кишварҳо тарҳҳои якдигарро баррасӣ мекунанд ва дар назар доранд, ки дар ояндаи наздик як тарҳи муштарак ба тасвиб расонанд, ки бар асоси он битавонанд, онро амалӣ кунанд. Баҳсе, ки имрӯз давом дошт, баҳси паҳнии релсҳо ва ё хати оҳане буд, ки аз қаламрави кишварҳо мегузарад. Чуноне ки мо дар инҷо фаҳмидем, хати роҳи оҳане, ки Эрон то ҳудуди Афғонистон сохтааст андозааш бориктар аст, аммо хатҳои роҳи оҳане, ки Тоҷикистону Қирғизистон замони шӯравӣ бунёд кардаанд, андозааш паҳнтар аст. Дар ин росто ҳам ба мувофиқа расиданд, ки ин роҳҳо ҳеҷ мушкилие надоранд, танҳо он қаторҳое, ки ба ҳудуди Тоҷикистон мерасанд, чархаҳояшонро иваз мекунанд. “

Оё ҳеҷ санаи мушахассе дар бораи бунёди ин роҳ гуфта шуд?

“Мо сӯҳбат доштем бо намояндагони Тоҷикистону Афғонистону Қирғизистон, онҳо гуфтанд, ки ин тарҳ соли 2010-ум аз ҷониби Эрон пешниҳод шуда буд ва барои иҷрои ин тарҳ, танҳо бори дуввум аст, ки намояндагони кишварҳо сари як миз менишинанд ва нақша мекашанд. Тавре ба мо маълум шуд, ҳоло ҳеҷ чизи дақиқу рӯшане дар ин маврид нест. Намояндагони Тоҷикистон ба мо изҳор доштанд, ҳамин нишасте, ки ду рӯз дар Душанбе буд, имкон медиҳад, дар ду моҳи оянда тарҳро бикашем ва хароҷоту тӯли роҳро дақиқ кунем.”

Доир ба аҳамияти ин роҳи оҳан барои кишварҳои минтақа чӣ гуфта мешавад?

“Дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ, Тоҷикистону Қирғизистону Афғонистон ба кишварҳои транзитӣ табдил меёбанд. Моли Эрон мустақиман тавассути қаламрави ин кишварҳо ба Чин мерасад ва аз Чин мустақиман ба Эрон. Ва аз ин роҳ Ҷумҳурии Мардумии Чин метавонад ба вилоятҳои ҳаммарз бо Афғонистону Тоҷикистону Қирғизистон интиқол диҳад, зеро то кунун ба инҷоҳо роҳи оҳан надорад. Дар сурати бунёд шудани роҳ барои Тоҷикистон бисёр муҳим мешавад ва маънии раҳоӣ аз бунбастро дорад. Тоҷикистон метавонад аз ин роҳи оҳан ба Эрон бирасад ва аз онҷо ба роҳҳои обӣ ва уқёнус пайваст шавад. Пойбандии Тоҷикистон ҳам ба роҳҳои оҳани Узбакистону Русия кам мешавад. Вале ба гуфтаи коршиносон иҷрои тарҳ дар маҷмӯъ то 8 солро дар бар мегирад. Вале агар ду кишвари асосӣ Чину Эрон бихоҳанд, роҳ зудтар бунёд мешавад.”

Як бахши ин роҳ бояд аз Афғонистон бигзарад, ки ором нест. Оё масъалаи амният дар кишвари ҳамсояро ҳам баррасӣ карданд?

“Бале, дар ҷаласа ин масъала ҳам баҳс шуд. Дар бораи вазъи амниятӣ дар Афғонистон сӯҳбат карданд ва намояндагони кишварҳо гуфтанд, ки бисёр муҳим аст, ки Афғонистон дар солҳои наздик ба як кишвари амн табдил ёбад, то ин тарҳ амалӣ шавад.”

Мусоҳибаи Тоҳири Сафар

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG