Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин даст ба ислоҳоти додгоҳӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мезанад


Раиси ҷумҳури Чин рӯзи ҷумъа эълон кард, ки ҳукумати он кишвар ислоҳотеро дар заминаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва қонунӣ дар назар гирифтааст.

Ин ислоҳот аз ҷумла иҷоза доштани бештар аз як фарзанд ё аз миён бардоштани урдугоҳҳои кори иҷбориро дар бар мегирад.

Ин ислоҳот шомили бархе қонунҳои он кишвар, аз ҷумла қонунҳои иқтисодӣ аст. Агарчи ҳанӯз дақиқан мушаххас нест, иқтисоди Чин бо чӣ тағйироте рӯбарӯ хоҳад шуд, расонаҳои байналмилалӣ иттилоъ аз вокуниши мусбати бозор ба хабарҳои нашршуда медиҳанд.

Ислоҳот дар қонуни сахтгиронаи як фарзанд доштан дар Чин, хостае аст, ки бештари созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар низ онро матраҳ карда буданд. Қонуни нав ба волидайне, ки як фарзанд доранд, ин иҷозатро медиҳад, ки ду фарзанд дошта бошанд.

Бо ин ҳисоб, албатта фарқи зиёде дар рушди аҳолӣ ба миён намеояд, зеро бахши зиёди касоне, ки метавонанд аз чунин қонуни баҳра баранд, зодагони солҳои 1970 ба ин сӯ ва умдатан сокинони бахшҳои шарқии Чин ва шаҳрнишинон ҳастанд. Пеш аз ин, қонун ба бошандагони минтақаҳои деҳотӣ иҷозат медод, ки агар фарзанди нахустинашон духтар бошад, фарзанди дуввум низ биёранд.

Давлати Чин ҳамчунин тасмим гирифтааст, то ба урдугоҳҳои кори иҷборӣ хотима диҳад. Ин қонун соли 1957 қабул шуда буд ва борҳо мавриди интиқоди созмонҳои ҳуқуқи башар қарор гирифта буд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар қаблан ин қонуни кори иҷбориро мухолифи қонунҳои байналмилалӣ дониста буд. Ҳатто вазорати додгустарии Чин низ пештар пазируфта буд, ки ин низом мухолиф ба бархе қонунҳои ин кишвар аст.

Бино ба гузориши мудофеони ҳуқуқи башар, тайи солҳои гузашта, масири бисёре аз зиндониёни сиёсӣ, урдугоҳҳои кори иҷборӣ будааст. Дидбони ҳуқуқи башар аз тасмими Чин дар замина истиқбол кардааст.

Тайи тозатарин нишасти ҳаждаҳумини Кумитаи марказии ҳизби коммунист Чин ки аз аз 9-ум то 12-уми ноябр баргузор шуд, ислоҳоти нав дар он матраҳ шуд ва тасмим шуд барои ин як шӯрои амниятии нав таъсис дода шавад.

Албатта ҳанӯз тамоми ҷузъиёти ин ислоҳот мунташир нашудааст. Дар бархе мавридҳо, аз ҷумла аз байн бурдани урдугоҳҳои кори иҷборӣ, манъи шиканҷа барои эътироф кардан, нақши бештар барои вакилони дифоъ ба вақти бештар ниёз дорад, то созмонҳои ғайридавлатӣ натиҷаҳои онро арзёбӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG