Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба фаъолияти урдугоҳҳои кори иҷборӣ хотима дод


Чин дар пайи ваъдаҳое, ки раиси ҷумҳури он кишвар барои анҷоми бархе ислоҳот дода буд, ба таври расмӣ ба фаъолияти урдугоҳҳои кори иҷборӣ, хотима дод.

Хабаргузории расмии Чин рӯзи шанбе гузориш дод, ки кумитаи доимии Кунгураи халқ пешниҳоди бекор кардани аснод ва мавридҳои қонунии вобаста ба урдугоҳҳои "бозомӯзӣ аз тариқ кор"-ро расман пазируфт. Ин амалан ба маънои поён ёфтани яке аз ҷанҷолитарин равишҳои ислоҳи маҳкумин аз сӯи ҳукумати Чин аст.

Аз ин қабл, рӯзи сешанбе раъйдиҳӣ барои лағв кардани қонуни марбут ба урдугоҳҳои "бозомӯзӣ аз тариқи кор" анҷом шуда буд. Дар ҳамон замон кумитаи доимӣ аз ислоҳот дар қонуни "як фарзандӣ" барои додани ихтиёроти бештар ба хонаводаҳо барои доштани кӯдаки бештар, низ ҳимоят кард.

Ба гузориши хабаргузории расмии Чин, "қонунгузорон аз аҳамияте, ки қонуни "бозомӯзӣ аз тариқи кор" дар эҷоди амнияти ҳамагонӣ ва суботи иҷтимоӣ бозӣ кардааст, хабардоранд... аммо онҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки қавонин ва чаҳорчӯбаи дигарро ҷойгузини он кунанд."

Баҳс ба сари ин мавзӯъ ду ҳафта пеш оғоз шуда буд ва билохира пас раъйдиҳии рӯзи сешанбе, рӯзи шанбе қавонини марбут ба урдгоҳҳои кори иҷборӣ расман бекор шуд. Чанд моҳ қабл, раиси ҷумҳури Чин эълон кард, ки ҳукумати он кишвар ислоҳотеро дар заминаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва қонунӣ дар назар гирифтааст, ки мавориде монанди иҷозаи доштани бештар аз як фарзанд ё аз миён бардоштани урдугоҳҳои кори иҷбориро дар бар мегирад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ба ин "ислоҳот" вокуниши эҳтиёткорона ва гоҳ ҳамроҳ бо шакку тардид нишон додаанд. Созмони Афви байналмилал ҳудуди ду ҳафта қабл дар баёнияе пурсида буд, ки оё барчида шудани ин урдугоҳҳо танҳо ба маънии "ҷойгузин кардани низоми саркӯбгар бо як низоми саркӯбгари дигар аст?"

Афви байналмилал бекор шудани қавонини марбут ба урдугоҳҳои иҷборӣ дар Чинро "тағйироти зоҳирӣ" номидааст. Созмони дидбони ҳуқуқи башар вақте, ки хабари ислоҳоти қавонини Чин мунташир шуд, аз барчида шудани урдугоҳҳои кори иҷборӣ истиқбол кард, вале ибрози умедворӣ карда буд, ки "ин гоми бисёр мусбат" ба як ниҳоди монанд, ҷойгузин нашавад.

Урдугоҳҳои кори иҷборӣ, ки гурӯҳҳои гуногуне аз маҳкумин, аз табаҳкорон то муътодон ё танфурӯшон равонаи он мешуданд, маҳали нигаҳдории зиндониёни сиёсии Чин, аз ҷумла фаъолони гурӯҳҳои мамнӯъ, низ ҳастанд. Албатта ин урдугоҳҳо пеш аз пирӯзии коммунистҳо дар ҷангҳои дохилии Чин ва таъсиси Ҷумҳурии Халқӣ, низ вуҷуд доштаанд.

Бино бар омори расмии вазорати адлияи Чин, наздик ба 400 ҳазор нафар дар 310 урдугоҳ нигаҳдорӣ ва ба кори иҷборӣ гумошта шудаанд. Аммо оморҳои гуногуне дар бораи шумори зиндониёни ин урдугоҳҳо мунташир шудааст, ки дар бархе маворид аз омори расмӣ тафовути зиёд дорад.
XS
SM
MD
LG