Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромиҳо дар Шинҷони ҳаммарз бо Бадахшон


Чин дар вилояти ошӯбзадаи Шинҷон патрулҳои 24-соата ҷорӣ карда, мегӯяд, ҳадафаш саркӯб кардани "гурӯҳҳои террористӣ"-ст.

Чин гуфтааст, шумораи патрулҳои амниятиаш дар вилояти мухтори Шинҷон –Уйғурро бо ҳадафи саркӯб кардани “гурӯҳҳои террористӣ” афзоиш додааст. Ин эълон дар пайи ҳалокати дастикам 35 нафарест, ки дар ошӯбҳои ҳафтаи ахир дар ин вилояти аз нигоҳи қавмӣ мухталиф дар ғарби Чин ҷон бохтанд.


Нооромиҳо дар Шинҷон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00
Линки мустақим


Хабаргузории расмии Синхуа аз қавли Менг Ҷианжу, як мақоми аршади бахши нирӯҳои интизомии ҳизби ҳокими коммунисти Чин нақл мекунад, ки гуфтааст, нирӯҳои амниятӣ дар Шинҷон бояд ҳузури худро тақвият дода, пеши роҳи таҳдидҳоро бигиранд ва эҳсоси амнияти мардумро биафзоянд. Ин раиси куммиссиюни масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳизби коммунист шоми шанбе дар ҷаласаи ин ниҳод, ки ба вазъи Урумчӣ – маркази вилояти Шинҷон – ихтисос ёфта буд, гуфтааст, дар ин вилояти мухтор аз ин ба баъд ба хотири ҳифзи амнияти ҷомиа патрулҳои 24-соата аз ҳисоби эъзоми нирӯҳои дохила, яъне пулиси мусаллаҳи мардумӣ, амал хоҳанд кард.

Менг Ҷианжу гуфтааст, афроду гурӯҳҳои террористу тундрав ва ҷудоихоҳ дар дохил ва хориҷи Чин “ҳеҷ гоҳ аз кӯшишҳои худ барои эҷоди тухми беназмӣ дар Шинҷон даст накашидаанд ва барои тахрибкорӣ аз шеваҳои гуногун истифода мебаранд.”

Бино ба хабарҳо, рӯзи ҷумъа беш аз сад нафар савори мотосиклҳо ва мусаллаҳ бо силоҳи сард кӯшиш кардаанд, идораи пулиси ноҳияи аксаран уйғурнишини Хутанро ишғол кунанд. Айни ҳамла дар минтақаи Ҳайнарике низ рух додааст, вале матбуоти Чин ин амалҳоро “ҳамлаи террористӣ” унвон карда, дар ин бора ки оё ин ду маврид талафоти ҷоние дар пай дошт ё на, чизе намегӯяд.

Даргириҳо байни уйғурҳои мусалмон ва чиноиҳо аз қавми ҳон дар Шинҷон рӯзи 26 июн аз ҳамлаҳо ба шӯъбаи пулис, идороти давлатӣ ва як сохтмон дар шаҳраки Луқчун оғоз ёфт. Мақомоти Чин мегӯянд, дар ҳамон рӯзи аввал ҳудуди 30 нафар, бо шумули 9 афсари пулис ва 10 тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ошӯбҳои ахир дастикам 35 нафар ҷон бохта, 21 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба хабарҳо, дастикам 11 тан аз кушташудагон уйғурҳоянд.

Шинҷон-Уйғур чанд даҳсола боз яке аз умдатарин дардисарҳои амниятии Пекин боқӣ мемонад. Давлати Чин ҳар дафъа ошӯбҳои сарзада дар ин вилояти ба ном мухторро “амали террористӣ” номида, ба хотири саркӯбиаш ба ин минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон нирӯи изофӣ мефиристад.


Пулиси Чин монеъи аксбардории хабарнигор дар Шинҷон шуд
Пулиси Чин монеъи аксбардории хабарнигор дар Шинҷон шуд
Мусалмонҳои уйғур, ки як замон аксарияти аҳолии Шинҷонро ташкил медоданд, давлати Чинро ба таъқиби сиёсати ҳадафмандонаи кӯчондани миллионҳо нафар аз қавми чиноии ҳон ба Шинҷон айбдор мекунанд ва мегӯянд, ҳадаф аз ин барнома ба аксарияти кулли аҳолии вилоят табдил додани қавми ҳон ва ба ҳошия рондани соҳибони аслии ин сарзамин, аз ҷумла уйғурҳост.

Раҳбари ҳизби ҳокими коммунист дар вилояти Шинҷон Жанг Чунсиан гуфтааст, давлати Чин “бояд табиати мураккабу тунди ҷанги тӯлонӣ бо ҷудоиталабиро дарк кунад.” “Женмин жибао” – нашрияи расмии Чин дар сармақолааш навиштааст, “онҳое ки ҷуръат ба қонуншиканӣ мекунанд ва ҷинояткороне, ки даст ба аъмоли хушунатомези террористӣ мезананд, бояд муҷозот шаванд. Мо набояд онҳоро таҳаммул кунем.”

Ошӯбҳои ҳафтаи ахир дуруст дар остонаи солгарди чоруми ошӯбҳои қавмии 4 сол пеш рух дод. Нооромиҳои 5 июли соли 2009 дар Шинҷон ҳудуди 200 кушта ба ҷо гузошта буд.


Шинҷон дар харитаи Чин
Шинҷон дар харитаи Чин
Вилояти Шинҷон-Уйғур бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз буда, ақалияти бузургтарини қавмиаш уйғурҳоянд, ки забонашон аз хонаводаи забонҳои туркист. Дар минтақаи Тошқӯрғони вилояти Шинҷон тақрибан 70 000 тоҷикҳо низ ба сар мебаранд, ки ба лаҳҷаи сарикӯлӣ ҳарф мезананд.
XS
SM
MD
LG