Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоии бозии Нигораи 5-сола акнун кӯчаи назди хонаашон шудааст. Ӯ ҳамроҳи апаву хоҳарчааш рӯзро бо давидану бозӣ ва дур аз таълими боғча сипарӣ мекунад. Чанд рӯз пеш модари Нигораи хурдсол тасмим гирифт, ки дигар ӯро ба боғча набарад.

Модари Нигора мегӯяд, ки "қаблан ба савдо машғул будем, имкони супурдани маблағи боғчаро доштем. Ҳозир ки бӯҳрони иқтисодист, савдо низ надорем. Хонашин шудам ва кӯдакҳоро аз боғча гирифтам."

Нигораи хурдсол сабаби ба боғча набурданашро дарк намекунад, вале ба қавли модараш, дугонаҳояшро ба ёд меораду бозиҳои дар боғча омӯхтаашро ба апаву хоҳараш меомӯзад: "Боғчаро ёд кардам. Муаллимаву дугонаҳоямро... дугонаҳои зиёд дорам."

Тибқи як қарори ҳукумат, "дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ", нархи хизматрасонии боғчаҳо аз моҳи марти соли равон панҷоҳ дарсад боло рафт. Масъулин дар шарҳи ин қарор мегӯянд, ҳадафи аслӣ, беҳтар кардани шароити нигоҳубини кӯдакон ва пардохти маблағи иловагӣ барои муррабиён аст.

Меҳринисо Саодатова.

Меҳринисо Саодатова.

Меҳриниссо Саодатова, мудири боғчаи №53-и пойтахт мегӯяд, ки аз се як ҳиссаи волидон ба қишри камбизоат дохил мешуд, ки 10 сомон барои кӯдакаш ҳаққи боғча месупорид. Акнун қисми камтари онҳо, бо хоҳиши худашон, аз сабабе, ки зиёда аз як фарзанд дар боғча буд, кӯдаконашонро аз боғча гирифтанд.

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ маблағи хеле ночизе барои боғчаҳо муайян кардааст ва баланд бурдани ҳаққи хизматрасонӣ, феълан таҷрибавӣ буда, танҳо дар шаҳри Душанбе ва баъзе аз шаҳру навоҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи Ҳамидулло Фақиров, мудири Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, панҷоҳ дарсад барои беҳтар кардани ғизои кӯдакон ва тақрибан наздик чил дарсади он барои маоши иловагии мураббиён ва ёрдамчиёну кормандони дигари боғча пешбинӣ шудааст.

Ҳамидулло Фақиров

Ҳамидулло Фақиров

Назари волидон ба ин қарор мухталиф аст. Падару модароне ҳам ҳастанд, ки аз ин қарор тарафдорӣ мекунанд ва иддае ҳам аз он чандон хушҳол нестанд. Санавбар, як модари тоҷик мегӯяд, "пуле, ки пардохт мекунанд, чандон зиёд нест, кӯдакон рӯзи дароз дар боғча ҳастанд, бозӣ мекунанд, инҷо хӯрок мехӯранд. Хурсанд ба боғча меоянд". Аммо Шералӣ Шарипов, як сокини пойтахт аз ин вазъ розӣ нест ва мегӯяд: Аз куҷо розием? Ин 380 сомоне, ки маоши мо аст, барои кадом кӯдакам сарф кунам?

Ҳоло беш аз 22 дарсади атфоли Душанбе, яъне 26 ҳазор кӯдак, ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки ба қавли мақомот, адади зиёд нест. Дар ҳоли ҳозир, дар ҳудуди пойтахт 125 кӯдакистон вуҷуд дорад, ки 90-тояш боғчаи давлатӣ мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG