Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кори кӯдакон дар Тоҷикистон


Ҳасану Ҳусейн ҳангоми хиштрезӣ

Ҳасану Ҳусейн ҳангоми хиштрезӣ

Мушкилоти рӯзгор кӯдакони зиёдеро дар Тоҷикистон маҷбур мекунад, аз синни хурдсолӣ дар таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ саҳм бигиранд. Ва аксаран бо анҷоми корҳои сиёҳи пурмашаққат.

Фақр дар Тоҷикистон як падидаи фарогир боқӣ монда, ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори ин кишвар дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Фарзандони бисёре аз ин муҳоҷирон ва кӯдакон аз хонаводаҳои дигаре, ки дар таъмини рӯзгори худ мушкил мекашанд, маҷбуранд барои барои пайдо кардани ягон қути лоямут, кор биҷяӯнд. Дар саросари Тоҷикистон кӯдакон дар бозорҳо, дар корхонаҳо ва дар саҳро кор мекунанд, то дар таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ саҳм гузоранд. Ин кӯдакон ба ин тартиб нахуст сабақҳои ҳаёти худро на дар мактаб, балки дар кӯчаву саҳро мегиранд. Сабақе сахт, вале...

Дугоникҳои 12-сола Ҳасану Ҳусейн дар рӯзҳои таътили тобистонаш дар рустои Қиблаӣ дар канори Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хишти хом, ё ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, “лойблок” мерезанд. Онҳо ин кори ҳатто барои одамони калонсол сахтро барои худ як кори оддӣ мешуморанд.

Ҳасану Ҳусейн алакай се сол боз машғули ин коранд. Ва ба пуле, ки аз ин кор ба даст меоранд, сахт ниёз доранд. Модари онҳо ягон ҷо кор намекунад ва падарашон ба ҷустуҷӯи кор, мисли ҳазорон тоҷики дигар ба Русия рафтааст. Вале ин муҳоҷирон дар ғурбат аксар ягон ҷои кори собит ва ҳамин тавр пули собите надоранд, ки ба хона бифиристанд.

Ба ин далел Ҳасану Ҳусейн то оғози соли нави таҳсил маҷбуранд ҳар рӯз аз соати ҳашти субҳ ва гоҳо то даҳи шаб хишт бирезанд. Ҳусейн мегӯяд: "Ҳар рӯз то 300 хишт мерезем. Гоҳо то соати даҳи шаб кор мекунем. Ҳар бегоҳ барои кори пагоҳамон боз лой тайёр мекунем."

Тоҷикистон расман истифодаи нирӯи кории кӯдакони то 15-соларо манъ кардааст, вале ин қонун зиёд риоя намешавад. Дар ҳоле ки муҳоҷирони калонсол ба хориҷ мераванд, корфармоён мехоҳанд коргаронеро, ки ба маоши ночиз розианд, ба кор бигиранд.

Дар Душанбе, коргарони ноболиғ аз роҳҳои мухталиф дар пур кардани буҷаи хонаводаҳои худ саҳм мегиранд. Мақомот мегӯянд, ҳазорон кӯдак дар пойтахт машғули харидуфурӯш, рӯбучин, мошиншӯӣ ва дигар корҳои сиёҳ мешаванд ва асосан ба далели фишори мушкилоти сахти рӯзгор.

Аҳад Оташбеков, мудири департаменти назорати кори кӯдакон мегӯяд: “Онҳо мошин мешӯянд, харидуфурӯш мекунанд ва аксари онҳо аробакашанд, яъне ҳаммолӣ мекуннад. Онҳо фарзандони муҳоҷирони корианд, ё онҳое, ки дар тарбияи бобову бибиашон қарор доранд, ваё кӯдакон аз хонаводаҳои нопурра.”

Берун аз шаҳрҳои Тоҷикистон низ вазъ чандон дигаргун нест. Волидони Насиба Мирзоеваи 7-сола ӯро дар замини деҳкониашон ба кор андохтаанд. Бидуни кумаки фарзандон, ин хонавода наметавонад рӯзгори худро таъмин кунад.

Худи Насиба мегӯяд: "Падарам кори зиёд мекунад. Ва ман ба падарам ёрдам мекунам. ман ба модарам ҳам ёрӣ мерасонам. Вақте бекор бошам, вазифаи хонагиамро тайёр мекунам."

Дар саросари Тоҷикистон, кӯдакони мисли Насиба ба хотири кумак дар таъмини қути лоямути хонаводаҳои худ маҷбуранд кор кунанд. Бархеи онҳо мактаб ҳам мераванд, вале бархеи дигар, ба далели фишори кор тарки таҳсил мекунанд. Дар Тоҷикистон, ки беш аз сеяки аҳолиаш дар зери хатти фақр ба сар мебарад, бисёре аз тоҷикони ноболиғ ҳамин гуна маҷбуранд нахустин сабақҳои ҳаётро берун аз мактаб бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG