Пайвандҳои дастрасӣ

Фабрикаи мурғпарварии Мӯъминобод, ки дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд, қариб 4 сол боз фаъолият намекунад.

Бузургтарин фабрикаи парандапарварии ноҳияи Мӯъминобод, ки соли 2011 аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд, ҳамагӣ баъди як соли фаъолият аз кор мондааст.

"Раисиҷумҳур кушод, аммо баъди як сол муфлис шуд"

Ин корхона барои истеҳсол ва ба бозор ворид кардани маҳсулоташ аз "Фононбонк" 2 миллион сомонӣ қарзи дарозмуддат гирифт, аммо ба далели ба фурӯш нарафтани маҳсулоташ муфлис шуд. Болои ин, фоизи қарз 1,5 милион сомонии дигар ба қарзҳои фабрикаи мурғи Шӯрообод зам кард ва онро аз пой даровард.

Тоҳир Амиршоҳзода, раиси ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи 28 январ дар нишасти хабариаш гуфт, ки дар воқеъ баъди як соли фаъолият ба далели надоштани маблағ ин корхона дигар натавонист фаъолияти худро идома диҳад. Ба қавли Амиршоҳзода, ҳоло ин корхона аз “Фононбонк” ҳудуди 3,5 миллион сомонӣ қарздор буда, қазияаш дар дасти баррасии додгоҳи иқтисодӣ қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ин корхона дар соли 2011 75 тонна гӯшт ва дар соли 2012 85 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол кард ва аз кор монд.

Тоҳир Амиршоҳзода

Тоҳир Амиршоҳзода

"Ин корхона муштарак аз сӯи соҳибкорони ватанӣ ва эронӣ сохта шуд. Таҷҳизоти ин корхонаро соҳибкорони эронӣ таъмин карда буданд ва соҳибкори ватанӣ аз Фононбонк қарз гирифта буд. Чун ин қарзро баргардонда натавонистанд, корхона муфлис шуд. Дар ин корхона чор коргоҳ барои парвариши мурғ омода карда буданд, вале ҳамагӣ баъди як сол аз фаъолият бозмонд," - афзуд Тоҳир Амиршоҳзода.

Фабрикаи парандапарварии ноҳияи Мӯъминобод дар замони Шӯравӣ яке аз бузургтарин корхонаҳои ин соҳа дар Тоҷикистон ҳисобида мешуд. Ин фабрика дар ҳудуди 90 гектар замин бунёд ёфта, сокинонро бо гӯшти парҳезӣ ва тухм таъмин мекард. Ин корхона баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ аз фаъолият боз монд ва дигар натавонист мурғ ва тухм истеҳсол кунад.

Дар замони Шӯравӣ ҳар рӯз 22 ҳазор тухм тавлид мешуд

Билоли Шамс, хабарнигори маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фабрикаи мурғи Мӯъминобод корхонае буд, ки дар замони Шӯравӣ 10 коргоҳ дошт ва ҳатто корхонаҳои паррандапарварии Файзободро бо мурғу тухм таъмин мекард. Ба гуфтаи Шамс, ин корхона баъди пошхӯрии Шӯравӣ дигар натавонист фаъолият кунад. Ӯ мегӯяд, ки соли 2011 аксари коргоҳҳои ин корхона бозсозӣ ва барои парвариши мурғ омода карда шуд, аммо барои якбора ба кор даровардани 10 коргоҳи он нирӯ ва сармояи зиёд лозим буд.

"Ҳамин корхона он айём ҳар рӯз 22 ҳазор тухм истеҳсол мекард ва ба фурӯш мебаровард. Ин бузургтарин корхона дар Тоҷикистони шӯравӣ ҳисобида мешуд. Шояд ин то ҳол дар сатҳи вилоят аз бузургтарин корхонаҳои паррандапарварӣ ҳисоб ёбад. Масоҳати он дар замони Шӯравӣ 90 гектарро ташкил медод," - гуфт мусоҳиби мо.

Президент: "З миллион сомонӣ ҷудо кунед"

Баъди муфлисшавии фабрика соҳибкорони эронӣ корхонаро тарк карданд, аммо соҳибкорӣ маҳаллӣ Раҳмулло Амонов, барои пас гардондани қарзи ин корхона дар додгоҳи иқтисодӣ баҳс дорад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин корхона гуфта буд, ки барои ба 150 ҳазор расондани саршумори мурғи гӯштӣ дар корхонаи парандапарварии ноҳияи Мӯъминобод ба он 3 миллион сомонӣ қарзи дарозмуддати имтиёзии давлатӣ ҷудо мегардад. Аммо ин барнома иҷро нашуд.

Ҳоло ин корхона қариб 4 сол мешавад, ки дигар кор карда наметавонад ва дари коргоҳҳояш баста ва бинои маъмурияташ ба идораи ҷамоати деҳоти Деҳбаланд табдил дода шудааст. Посбони корхонаи парандапарварӣ мегӯяд, ки роҳбараш низ дер боз ба сӯи ин корхона тоб нахӯрдааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG