Пайвандҳои дастрасӣ

Шатранҷбозон - дар Маскав, вазнабардорон - дар Теҳрон


Шатранҷбозони тоҷик Фаррух Амонатов, Анвар Назаров ва Соиб Ҷӯраев дар 6-умин давраи ҷашнвораи шоҳмоти Aeroflot Open, ки рӯзи 14 феврал дар шаҳри Маскави Русия шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз рӯи манзумаи суисӣ дар 9 давр доир мегардад, дар 4 гурӯҳ сурат гирифтааст.

Бузургустод Фаррух Амонатов дар гурӯҳи «А1», ки ба он 66 нафар, аз он ҷумла 61 гроссмейстер шомиланд, ширкат меварзад. Ғолиби ин гурӯҳ бо 30 ҳазор доллар мукофотонида хоҳад шуд.

Устоди байнулмилалӣ Анвар Назаров ва шатранҷбози ҷавон Соиб Ҷӯраев дар гурӯҳи «В», ки ба он 135 нафар шомиланд, бозӣ мекунанд. Ба ғолиби ин гурӯҳ 5 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Ҷашнвораи шоҳмоти Aeroflot Open-2008 то рӯзи 22-вуми феврал идома хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби вазнабардории Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Номҷӯ», ки дар шаҳри Теҳрон ҷараён дорад, ширкат меварзад.

Сармураббии ин даста Бобохон Сангов, дабири кулли Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати тими мунтахаби кишвар, ки барои аввалин бор дар ин мусобиқа иштирок дорад, 5 нафар – Баҳром Сангов дар вазни 52 кг, Садриддин Раҳмонов (62 кг), Юсуф Ёқубов (69 кг), Сулаймон Саидов (77 кг) ва Азиз Шукуров (85 кг) дохиланд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Эрон рӯзи шанбеи 16-уми феврал ба анҷом мерасад.

XS
SM
MD
LG