Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Қаҳрамонони ҷавони шоҳмоти Душанбе муайян шуданд


Мутрибаи Илҳом - яке аз ғолибони мусобиқа

Мутрибаи Илҳом - яке аз ғолибони мусобиқа

Мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Илҳом Юнусов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқа дар шаш гурӯҳ сурат гирифт ва дар рақобатҳо беш аз 100 шатранҷбози синнашон аз 8 то 20-сола ширкат варзиданд. Байни шатранҷбозони то 20-сола Гулҷон Каримова миёни духтарон ва Аминҷон Қобилов байни ҷавонмардон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар гурӯҳҳои дигар Замони Бозоралӣ ва Диана Макашина (то 8-солаҳо), Нозанин Мирзоева ва Анис Амирбеков (то 10-солаҳо), Юля Макашина ва Шаҳром Салимов (то 12-солаҳо), Сабрия Шерхонова ва Эраҷ Насриддинов (то 14-солаҳо), Мутрибаи Илҳом ва Алишер Каримов (то 16-солаҳо) ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи имсола, ки кушода буд, ба ҷуз шатранҷбозони Душанбе, ду нафар аз Кӯлоб – Замони Бозоралӣ ва Сабрия Шерхонова ҷойҳои аввалро касб карданд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Юнусов, ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ ба ҳаққи ширкат
дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозони ҷавон, ки моҳи март баргузор мешавад, мушарраф шуданд.

Баъдан беҳтарин шатранҷбозони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 20-сола, ки аз 29-уми март то 7-уми апрел дар шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб доир мешавад, ширкат хоҳанд кард. Шатранҷбозони синнашон аз 8 то 18-сола бошанд, моҳи июн дар шаҳри Машҳади Эрон барои унвони қаҳрамони Осиё мубориза хоҳанд бурд.

Илҳом Юнусов афзуд, “аз 4-ум то 14-уми октябри соли равон, бо тасмими Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ), дар Душанбе барои аввалин бор Ҷоми Осиёи Марказӣ барои дарёфти ҷоизаҳои раиси ФИДЕ Кирсан Илюмжинов баргузор мешавад. Мо Кирсан Илюмжинов ва собиқ қаҳрамони ҷаҳон Анатолий Карповро ба Тоҷикистон даъват намудем.”
XS
SM
MD
LG