Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар Санкт-Петербург


Муҳаммадхуҷа Ҳусейнхоҷаев аз тарафи дасти чап

Муҳаммадхуҷа Ҳусейнхоҷаев аз тарафи дасти чап

Муҳаммадхуҷа Ҳусейнхоҷаев, шатранҷбози 25-солаи тоҷик, ғолиби даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Санкт-Петербурги Русия гардид.

Дар ин бора ба радиои “Озодӣ” Илҳом Юнусов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “дар марҳилаи ниманиҳоии чемпионати Санкт-Петербург байни мардон беш аз 50 шатранҷбоз, ки рейтингашон на камтар аз 2200 имтиёз буд, ширкат доштанд. Шатранҷбози ҷавони мо Муҳаммадхуҷа Ҳусейнхоҷаев дар 9 бозӣ 7 имтиёз гирифт ва мақоми аввалро касб кард. Ӯ дар 6 бозӣ пирӯз шуд, 2 бозиро мусовӣ кард ва як бозиро бохт. Муҳаммадхуҷа, ки шогирди мактаби шоҳмоти шаҳри Исфара мебошад, баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ба шаҳри Санкт-Петербург рафт. Ӯ дар яке аз техникумҳо ҳунари қаннодиро омухт ва ҳоло дар он шаҳри Русия кору зинадагӣ мекунад. Вай вақти холигиашро ба шоҳмот мебахшад ва дар мусобиқоти шатранҷбозон ширкат меварзад. Муҳаммадхуҷа мақсад дорад, ки имсол меъёри устоди байналмилалиро иҷро кунад.”

Муҳаммадхуҷа Ҳусейнхоҷаев 2-юми июни соли 1987-ум дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Вай аз синни 5-солагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Ӯ ғолиби чандинкарата ва ҷоизадори мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон ва мардон мебошад. Ӯ ду бор – солҳои 2006-ум ва 2012-ум дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаҳои ҷаҳонии шоҳмот иштирок кардааст. Рейтинги ӯ дар феҳристи ҷаҳонии шоҳмот дар ҳамин ҳол 2384 имтиёз мебошад. Вай оиладор аст, як писар дорад ва чанд соли ахир дар Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG