Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи муҳоҷирон аз рондани автобусу "маршрутка" дар Челябинск


Акс аз сомонаи marshrutka74.ru

Акс аз сомонаи marshrutka74.ru

Аз 1 январи соли 2016 истихдоми муҳоҷирони хориҷӣ ба ҳайси ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳру вилояти Челябински Русия манъ шудааст.

Мақомоти вилояти Челябински Русия аз 1 январ ҷалби муҳоҷирони хориҷӣ ба ҳайси ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳру вилояти Челябинскро манъ кардаанд. Иҷрокунандаи вазифаи волии Челябинск Евгений Редин ҳанӯз моҳи ноябр рӯйхати касбҳоеро имзо кард, ки истихдоми хориҷиён ба онҳо манъ мешавад. Бар асоси ин рӯйхат, корхонаҳои нақлиёти мусофиркаш дар шаҳру вилояти Челябинск баъд аз 1 январ ҳақ надоранд муҳоҷирони хориҷиро ба ҳайси ронандаву автобусу маршрутка дар нақлиёти шаҳриву наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ ҷалб кунанд. Ба хориҷиён рондани такси низ дар Челябинск мамнӯъ шудааст.

Аммо ин мамнӯият то имрӯз асосан ба касоне таъсир кардааст, ки иҷозатномаи корашон ба поён расидааст ваё тоза мехостанд барои рондани нақлиёти ҷамъиятӣ иҷозатнома бигиранд. Онҳое ки ҳанӯз соли гузашта иҷозатнома гирифта буданд, ҳақ доранд то замони анҷом мӯҳлати эътибори асноди мавҷудаашон ба кори худ идома диҳанд.

Мирзои Мустафо, як ронандаи микроавтобус дар шаҳри Челябинск рӯзи 14 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2004 ба ин тараф дар ин шаҳр кор мекунад. Ӯ мегӯяд, иҷозатномаашро моҳи август гирифта буд ва то поёни тобистони соли равон дилаш пур аст, ки кор мекунад: “Чанд сол боз чунин сӯҳбатҳо ҳаст. Ду сол пеш як бор сахт гирифтанд ва пулис муҳоҷиронро аз ронандагӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ манъ кард. Вале тартиби кори автобусу микроавтобусҳо чунон ба ҳам рехт, ки мардуми маҳаллӣ худашон аз мақомот талаб карданд, ки муҳоҷиронро пушти чанбар баргардонанд. Ин бор ҳам умедворем, ки аз фикрашон мегарданд, чунки худи мардуми маҳаллӣ бо он шароите ки мо дорем, дар ин касб кор намекунанд. Вале агар манъамон карданд, чӣ илоҷ? Бармегардему меравем ба Ватани худамон.”

Бино ба мушоҳидаи Мирзои Мустафо, то 70 дарсади ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Челябинск муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистонанд.

Мирзои Мустафо, сокини рустои Комсомоли ноҳияи Ҳисор 43 сол ва 5 фарзанд дорад ва инак 12 сол боз рӯзии хонаводаашро аз ҳисоби ронандагӣ дар Челябинск таъмин мекунад. Ӯ мегӯяд, маоши онҳо корбайъ аст ва ҳарчӣ баъд аз пардохти 2000 – 2500 рубл нақшаи рӯзона ба дасташон меояд, аз худи онҳост.

Исломуддин Раҷабов, раиси Маркази фарҳангии “Сомониён”, ки тоҷикони Челябинскро муттаҳид мекунад, чунин тасмимгириҳоро ба мушкилоти иқтисодии Русия марбут мекунад: "Вазъи иқтисодии худи Русия хуб нест ва онҳо бояд пеш аз ҳама фикри бо кор таъмин кардани мардуми худро кунанд. Қаблан ҳам чанд бор ин мавзӯъ хест, вале дар ниҳоят, хушбахтона, аз баҳраш гузаштанд."

Раҳбари ҷамъияти тоҷикони Челябинск изҳори умед кард, ки мақомоти ин минтақа, чун дафъаҳои гузашта, тасмими худро бозбинӣ хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд, ронандаҳои тоҷик низ бояд ба навбати худ ба мусофирон хидмати хубтар бирасонанд ва фарҳангу одоби баландтар нишон бидиҳанд, то мардуми маҳаллӣ ҳам аз онҳо дифоъ кунанд: “Баъзе ронандаҳои тоҷик дар микроавтобуси худ таронаҳои тоҷикиро бо садои баланд мемонанд, ки ба мардуми маҳаллӣ шояд нафорад. Ё муносибати қабеҳ мекунанд, ки низ дили муштариёнро меозорад ва дар зеҳни онҳо нисбат ба тамоми мардуми муҳоҷир назари манфӣ ба вуҷуд меояд. Бачаҳои мо бояд кӯшиш кунанд, то бардоштҳои мусбатеро, ки бисёриҳо тоҷиконро ҳамчун мардуми хоксору боодоб ва меҳнатдӯст мешиносанд, тақвият диҳанд, аз байн набаранд.”

Ҳамсӯҳбатони мо дар ин росто Равшан Файзалов, як ронандаи тоҷик дар вилояти бо Челябинск ҳамсояи Екатеринбургро мисол меоранд, ки бо як кори савоб назари ҳазорон нафарро нисбат ба муҳоҷирон ва кору рафтори онҳо дар Русия тағйир дод. Ёдовар мешавем, зану шавҳари кӯҳансоле, ки лол ҳам будаанд, дар микроавтобуси ин ронандаи тоҷик халтаи пулашонро бо 900 000 рубл фаромӯш мекунанд. Вале Равшан Файзалов онҳоро ёфта, ҳамаи пулашонро баргардонд ва ҳамчун "ронандаи поквиҷдони тоҷик" қаҳрамони матбуоти Русия шуд.

Бино ба омори мақомоти вилоятии ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, то 1 октябри соли 2015 дар ҳудуди вилояти Челябинск 36 500 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарданд. Исломуддин Раҷабов мегӯяд, танҳо дар чанд соли охир тақрибан 10 000 аз муҳоҷирони тоҷик дар ин вилоят соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Онҳое ки шаҳрванди Русия шудаанд, табъан аз ҳаққи ронандагии нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум нахоҳанд шуд.

Вале раҳбари ҷамъияти тоҷикони Челябинск мегӯяд, онҳо тамоми талошро хоҳанд кард, то ҳеҷ кадоме аз муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин қаламрав аз ҳисоби ронандагӣ, аз ҷумла рондани автобусу микроавтобус ва такси асбоби зиндагии худро ба даст меоранд, аз ин нони худ маҳрум нашаванд.

Ӯ мегӯяд, ба сурати умум, бархӯрди мақомоти Челябинск нисбат ба кору фаъолияти муҳоҷирон дар ҳудуди ин вилоят чандон манфӣ ё бадбинона нест. Ҳукумати ин вилоят аз ҷумлаи ангуштшумор минтақаҳои Русия буд, ки сар аз соли 2016 нархи патентро барои муҳоҷирон боло набурд ва дар ҳамон сатҳи соли гузашта, яъне 3500 рубл нигоҳ дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG