Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи "Кокул" дубора фаъол шуд


Гузаргоҳи «Кокул»-и Фархор дар марз бо вилояти Кундуз ва Тахори Афғонистон пас аз масдудияти дуҳафтаина боз шуд ва ҳамакнун ҳаракати мошинҳо дигарбора аз сар гирифта шудааст.

Мақомоти марзбонӣ дар Хатлон мегӯянд, ки гузаргоҳи "Кокул" ҳаммарз бо вилоятҳои Кундуз ва Тахори Афғонистон баъд аз чанд рӯзи басташавӣ, боз шуд.

Як масъули қисми марзбонии 2931 дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин гузаргоҳ ду рӯз қабл кушода шуд ва мошинҳо аз он сӯи марз ба кашонидани доруи «селитр», семент ва шакар машғуланд. Аммо ӯ аз ироаи ҷузиёти бештар худорӣ кард.

Гузаргоҳи «Кокул» дар ноҳияи Фархор мустақар буда, бо вилоятҳои Тахор ва Қундузи Афғонистон ҳаммарз аст. Аз ин гузаргоҳ бештар тоҷирони минтақаи Кӯлоб молҳои ниёзи мардумро мекашонанд.

Алихон, як ронандаи «Камаз» рӯзи душанбеи 12 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари боз шудани гузаргоҳро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло ӯ дар марз бо боркардани селитр машғул аст. Ба гуфтаи ин ронандаи тоҷик, дар пайи баста шудани гузаргоҳ, як ҳафта мошинҳо дар он сӯи марз дар монданд. Ӯ мегӯяд, марз замоне баста шуд, ки гурӯҳи Толибон шаҳри Кундуз дар шимоли Афғонистонро ба тасарруф дароварданд..

«Ду рӯз шуд, ки аллакай гузаргоҳ кушода шудааст ва ҳоло мо аз он сӯи марз дору бор карда, ба Тоҷикистон интиқол медиҳем. Ду ҳафта пеш якбора гузаргоҳ баста шуд ва мошинҳо дар он тараф монданд. Аммо гуфтанд, ки ба зудӣ кушода мешавад, акнун мошинҳо ҳоло бемамониат равуо доранд, аммо назорат нисбати моҳҳои пеш хело ҷиддӣ аст»,-гуфт мусоҳиби мо.

Боз шудани гузаргоҳи «Кокул» дар ҳолест, ки рӯзи 5-уми октябр гузаргоҳи Панҷи Поён, ки вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз мепайвандад, баъди масдудияти чандрӯза боз шуд ва ҳамакнун мошинҳои борбар бемамоният ҳаракат мекунанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон ин хабарро низ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда буд.

Зимнан, субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи Толибон бо як ҳамлаи ғофилгир аз се ҷониб вориди шаҳри Кундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон шуданд. Ҳукумати Афғонистон ин ҳодисаро як ҳамлаи террористӣ хонда ва эълон карда буд, ки дар он ҷангҷӯёни шабакаи Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ даст доштаанд.

Мақомоти афғон гуфтаанд, ки ҷанҷӯёни Толибон пас аз суқути шаҳр вориди тиллофурӯшиҳо, дӯконҳо ва хонаҳои мардум шуда, ба ғоратгарӣ даст задаанд. Пас аз як рӯз нерӯҳои давлатӣ амалиёти бозпас гирифтани шаҳри Кундузро оғоз карданд ва бинои фармондеҳии амният ва зиндони Кундузро ба тасарруф дароварданд.

Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Афғонистон таъкид шуда буд, ки нерӯҳои тозанафас аз Тахор, Балх ва Кобул ба Кундуз расида ва ин шаҳр аз дасти гурӯҳи Толибон озод шуд. Дар пайи ин ҳамлаҳои гурӯҳи Толибон гузагоҳи Панҷи-поён ва Кокул баста шуда, ҳудуди 1000 мошин дар он сӯи марз монда буданд. Баъди ба даст омадани шаҳри Қундуз ба нерӯҳои давлатӣ ин гузаргоҳҳо дубора боз шуданд.

XS
SM
MD
LG