Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғайбулло Афзал: Дар марз аз ҳоло дар фикри соли 2014 бошед


Раиси вилояти Хатлон аз ниҳодҳои амниятӣ ва марзбонии ин минтақа хостааст, баъди соли 2014 барои ҳифзи марз бо Афғонистон омодагии бештар бигиранд.

Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Хатлон зимни сӯҳбат бо сокинони деҳоти наздимарзии ноҳияи Фархор бо муроҷиат ба мақомоти интизомӣ гуфт, бо берун шудани нерӯҳои паймони НАТО аз Афғонистон Тоҷикистон бояд ҳифзи марзҳои худро пурзӯртар кунад. Оқои Афзал афзуд, хуруҷи нерӯҳои НАТО аз кишвари ҳамсояро дар назар дошта бошанд ва талош кунанд, то марз бештар ҳифз шавад. Ӯ гуфт, амнияти дохили Тоҷикистонро низ дар ин соли ҳассос мадди назар бояд дошт.

Ғайбулло Афзал гуфт: «Баъд аз соли 2014, вақте амрикоиҳо берун мешаванд, мо масъалаҳоеро зери назар бояд бигирем. Барои ҳамин давлати мо бояд тинҷу ором бошад, ки имконият пайдо кунем, ғами сарҳадро хӯрем, ғами мустаҳкамии беруни кишварамонро хӯрем. Вақте дохили кишвар тинҷ набошад, мо чӣ хел ғами берунро мехӯрем?»

Раиси вилояти Хатлон бо ишора аз хатарҳои эҳтимолии дохиливу хориҷӣ ҳушдор дода, омодагии ҷиддии мақомотро талаб кард.

Нигаронии раиси вилояти Хатлон он аст, ки "бо берун шудани неруҳои НАТО ва ба хусус Амрико, бархе гуруҳҳо дар хоки Афғонистон пурқувват мешаванд ва эхтимоли эҷоди хатар ба амнияти Тоҷикистонро хоҳанд дошт."

Ба ин далел раиси вилояти Хатлон ниҳодҳои зирабти давлатиро ба фаъолияти ҷиддитар дар амри муҳофизати марзу бум ва ба хотири истодагарӣ ба ҳар гуна гурӯҳ ва неруи эҳтимолӣ даъват намуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди Ғайбулло Афзалов, дар гузаргоҳи "Фархор - Кокул" дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пули нав бунёд мешавад, ки омаду рафтро содда хоҳад кард.

Ин барои бори аввал аст, ки як мансабдори вилояти Хатлон аз паёмадҳои эҳтимолии хатари хуруҷи неруҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон суҳбат мекунад. Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон 1270 километр марзи муштарак дорад, ки бахши аъзамаш боа вилояти Хатлон рост меояд.


Ҷумъахон Алимӣ
Ҷумъахон Алимӣ
Ҷумъахон Алимӣ, муаллифи китоби «Афғонистон: Мухолифин, мудохилин ва муҷоҳиддин» мегӯяд, эҳтимоли чунин хатар натанҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО, балки ҳоло ҳам вуҷуд дорад, аммо на ба ҳадде, ки таблиғ мешавад. Ӯ мегӯяд, вуруди дастаҷамъии толибон ба хоки Тоҷикистон аз воқеият дур аст, аммо ҳамлаҳои гурӯҳҳое, мисли Ҳаракати исломии Узбакистон, вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО Толибон ҳатто агар сари қудрат биоянд ҳам, ҳеҷ гоҳ бо ҳамсояҳо вориди даргирӣ намешаванд, зеро барои мушкилоти дохилиашон ҳанӯз солиёни зиёдеро лозим доранд. Аз ин рӯ, Алимӣ мегӯяд, ҳуҷуми толибон ба Осиёи Миёна бештар тарғиботи русҳост, то ҳузури худро дар ин кишварҳо қавитар кунанд.

Хӯҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Ҳамадонӣ зимни охирин нишасти матбуотиаш гуфт, марзбонони тоҷик омодаанд, бо ҳар гуна нерӯи бадхоҳ сар ба сар шаванд. Ӯ гуфт, ҳукумати Амрико бо харҷи беш аз 4 миллион доллар дар ҳудуди ин ноҳия биноҳои муҳофизатии ҷадид сохтааст, ки имкони хубтари назорати сарҳадро фароҳам овардааст.

Фазлидинов афзуд, ки тайи 6 моҳи ахир 7 маротиба гурӯҳҳои силоҳбадаст қасди вуруд ба хоки Тоҷикистонро кардаанд, вале ҳар дафъа ба муқовимати шадиди марзбонони тоҷик дучор шудаанд. Дар паи ин задухӯрдҳо 3 қочоқчӣ кушта ва 8 тани дигар захмӣ шудааст, аммо касе аз ҷониби Тоҷикистон осеб надидааст.

Ҳушдори Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Хатлон ба он бастагӣ дошт, ки ин вилоят дарозтарин марз бо Афғонистонро дорад ва зуд-зуд дар ин ҳудуд ҳодисаҳои марзшиканӣ ба чашм мехӯрад.
XS
SM
MD
LG