Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи интиқоми Қодиров барои қатли як марди чечен


Рамазон Қодиров

Рамазон Қодиров

Рамазон Қодиров, раҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия гуфт, чеченҳо интиқоми қатли як марди чечен аз сӯи ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ро хоҳанд гирифт.

Рамазон Қодиров, раҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия, рӯзи 3 декабр қасам хӯрд, ки омилони қатли як марди чеченро, ки дар як видео ҷангҷёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” сарашро буриданд, хоҳанд гирифт. Қодиров ба хабарнигорон гуфт, марде, ки дар видеои нашркардаи ҷангҷӯён лаҳзаи сарбуриаш нишон дода мешавад, Магомед Хасиев ном дорад ва аз Чеченистон аст.

Рамазон Қодиров гуфт: “Мо, чеченҳо, чунин корҳоро фаромӯш намекунем. Ҳар касе ки ин корро бо ин мард кардааст, низ бояд қатл шавад.”

Рӯзи 2 декабр дар Интернет наворе нашр шуд, ки буридани сари як мард аз сӯи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”-ро нишон медиҳад. Дар он навор иддао мешавад, ки ин мард ҷосуси Русия аст ва бо ҳамин ҷурм ҳукми эъдомаш содир шудааст. Дар ин навори ҳафтунимдақиқаӣ гуфта мешавад, ки ин мард дар ҳудуди Сурия дастгир шудааст.

Марди маҳкум, ки дар навор либоси норинҷӣ дар тан дорад, худро Магомед Хасиев муарриффӣ мекунад ва мегӯяд, ки қаблан дар Чеченистон ба сар мебурд. Ӯ мегӯяд, аз сӯи хадамоти ҷосусии Русия амр гирифта буд, ки ба Сурия сафар карда, ҷангҷӯёнеро, ки мехоҳанд бо ҳадафи анҷоми ҳамлаҳо ба минтақаи Қафқози шимолии Русия баргарданд, мушаххас кунад.

Хасиев дар навор мегӯяд, ки аз моҳи августи соли 2014 дар Сурия буд. Аммо маълум нест, ки ӯро кай ва дар куҷо дастгир кардаанд.

Баъди Хасиев, дар видео як ҷангии русзабон ҳарф мезанад ва хитоб ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, ки нирӯҳои Русия шикаст хоҳанд хӯрд. Дар поёни навор ин ҷангӣ як корди бузург дар даст пушти Магомед Хасиев баланд мешавад.

Тасдиқи воқеъияти навор аз сӯи манобеи мустақил имкон надорад, вале дар ин видео рамзҳои бахши матбуоти “Давлати исломӣ” дар вилояти Раққаи Сурия дида мешаванд.

Қафқози шимолӣ тайи ду даҳсолаи охир бо мавҷи ошӯбҳои мусаллаҳонаи чирикиҳои исломгаро рӯбарӯ буда, ду ҷанги шаҳрвандиро дар Чеченистон таҷриба кардааст.

Мақомоти Русия шумори шаҳрвандони ин кишвар дар сафи гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар Ироқу Сурия, аз ҷумла дар сафи “Давлати исломӣ”-ро ҳудуди 2600 нафар бармешуморанд ва мегӯянд, як бахши бузурги онҳо зодагони Қафқози шимолианд.

Ин аввалин мавриди аз сӯи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” ва бо чунин шеваи шадид муҷозот шудани як нафари муттаҳам ба ҷосусӣ барои Маскав аз замони оғози маъракаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия аст. Русия рӯзи 30 сентябр ба ҳамлаҳои ҳавоияш дар Сурия шурӯъ кард ва мегӯяд, ҳадафаш аз байн бурдани пойгоҳҳои террористон аст. Аммо дар Ғарб мегӯянд, ки амалиёти Русия тақвияти режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро, ки аз муттаҳидони Маскав дар Ховари Миёна ба шумор меравад, ба ҳадаф дорад.

“Давлати исломӣ” дар гузашта низ наворҳоеро нашр карда буд, ки иддао мекард, иҷрои ҳукми эъдоми афроди муҷрим ба ҷосусӣ ба фоидаи Русия мебошад. Дар моҳи январ ин гурӯҳи тундрав як навори видеоие нашр кард, ки дар он ду наврас ду мардро бо ҷурми ҷосусӣ барои хадамоти амниятии Русия тирборон мекунанд.

Вазорати хориҷа ва ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – ҳанӯз ба нашри навори қатли марди муҷрим ба ҷосусӣ барои Маскав вокуниш накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG