Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли ҷорӣ 431 ҳазор сокини ҷавони Ӯзбакистон хоҳиши таҳсил дар донишгоҳҳои кишварро баён карданд.

Вале рақобат барои дастёбӣ ба унвони донишҷӯӣ хеле шадид аст. Мегӯянд, барои қабули донишҷӯён мактабҳои олии Ӯзбакистон танҳо 56 ҳазор ҷойро пешинбӣ мекунанд.

Дар рӯзи нахустини моҳи август дар мактабҳои олии ин кишвар имтиҳонҳои қабул барпо шуд ва мисли ҳамеша, бисёри довталабон талош карданд ба толори донишгоҳ бо “шпаргалка” – маводи кӯмаккунандаи иттилоотӣ барои супурдани имтиҳони қабул ворид шаванд.

Вале мақомоти ин кишвар тадбирҳои назорат аз вуруди довталабонро шадид карда, пеш аз дохилшавии имтиҳонсупорандаҳо ба толор, ҳар як нафарро мӯшикофона тафтиш карданд. Сайти интернетии Gazeta.uz намунаҳои шпоргалкаҳои ошкоршудаи довталабонро аксбардорӣ кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG