Пайвандҳои дастрасӣ

​Даҳҳо ҷавони тоҷик тасмим доранд, имсол Рӯзи Валентин ё Иди ошиқонро якҷоя бо дилдодаҳои худ дар Туркия таҷлил кунанд. Ба ин вазъ поин омадани нархи чиптаи ҳавопаймо аз Душнабе ба Истанбул сабаб шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” нархи парвоз аз Душанбе ба Истанбулро поин овард ва акнун нархи як билет ё чиптаи рафтубаргашт ба Туркия на 540, балки 450 доллар аст. Ширкат мегӯяд, ин сабукиро ба муносибати Рӯзи Валентини муқаддас ё Иди ошиқон роҳандозӣ кардааст.

Парвозҳои арзони ширкат то 16-уми феврали соли ҷорӣ идома хоҳанд дошт ва ҷавонони тоҷик метавонанд, Рӯзи ошиқонро дар Истанбул ҷашн гиранд. Намояндагони ширкати “Turkish Airlines” дар Душанбе мегӯянд, бо эълони ин маърака шумори парвозҳо байни Душанбе ва Истанбул ду баробар афзоиш хоҳад ёфт ва аз ҳоло маълум гаштааст, наздик ба 30 дарсади мусофирон дар ин рӯзҳо ҷавононанд.

Маъракаи тиҷоратии “Turkish Airlines”-ро Рухшона Шарифова барои худ ва ҳамсараш айни муддао медонад, ки як моҳ пеш бо ҳам издивоҷ карданду аммо натавонистанд, “моҳи асал”-и худро дар сафари романтикие пушти сар кунанд. Вай, ки бо ҳамроҳии шавҳараш - Исфандиёр, дар яке аз чиптафурӯшиҳои Душанбе навбат мепоид, гуфт: “Пеш аз тӯй борҳо ба ҳамсарам пешниҳод карда будам, як бор ҳамроҳ ба Истанбулу Анталия равем. Аммо ҳамеша мушкили молӣ монеъ мешуд. Ҳоло барои мо беҳтарин фурсат аст, ки набояд аз даст диҳем.”

​Исфандиёр дар навбати худ механдад, ки воқеан ҳанӯз пеш аз издивоҷ сафари Туркияро ба Рухшона ваъда дода буд ва фақат ҳоло вафояш имконпазир шудааст. Ӯ аз он шод аст, ки ин сафар ба давраи таҷлил аз Рӯзи ошиқон рост омадааст.

Зеварбону Аслонова, як хонуми 46-сола, ки мехост, дар Рӯзи ошиқон ба писари ягона ва номзади ӯ “сюрприз” кунад, низ ба ин ҷо барои харидани билет омада буд. Аслонова гуфт, ҳадафаш хушҳол кардани зану шавҳари оянда аст: “Ҳарчанд ҳамин 900 доллар ҳам бароямон гарон буд, вале талош кардем, дар Рӯзи ошиқон писарамонро хушҳол созем.”

Ҷавонони дигар бо ин умед аз “марҳамати тиҷоратӣ”-и “Turkish Airlines” дар шаҳри Душанбе истифода мекарданд, ки дар ин сафар ҳамдигарро беҳтар шиносанд ва заминаи ҳаёти ояндаи оилавии худро гузоранд. Фарангис, ки ҳамроҳи яке аз ҳамкоронаш ба нуқтаи чиптафурӯшӣ омадааст, мегӯяд “Рӯзи ошиқон” барояш ягон аҳамият надорад, аммо чун яке аз шартҳои маърака ин аст, ки бояд ҳамзамон ду чипта харидорӣ

Дар Тоҷикистон як гуруҳи ҷавонон Иди Валентин ё Рӯзи ошиқонро бошукӯҳ таҷлил мекунанд

Дар Тоҷикистон як гуруҳи ҷавонон Иди Валентин ё Рӯзи ошиқонро бошукӯҳ таҷлил мекунанд

шавад, онҳо маслиҳат кардаанд, ҳамчун ду ошиқ аз ин имтиёз истифода кунанд. Шарик ва ҳамсафари ояндаи ӯ - Меҳрубон Назарови 27-сола мегӯяд, азбаски барои ошиқон имтиёз ҳасту барои дигарон не, ӯву ҳамкораш “ҳиллае ёфтанд, ки аз чунин имтиёз бебаҳра намонанд, вагарна худаш зидди Иди ошиқон аст”.

Таҷлил аз Рӯзи Валентини муқаддас дар Тоҷикистон солҳо ба ин сӯ назарҳои мухталифро ба миён овардааст. Иддае аз сокинон бар инанд, ки ин ид бо фарҳанги тоҷикон созгор нест ва бархе ҳам мегӯянд, он рӯҳияи мазҳабӣ дорад. Таърихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайванд дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд.

Рӯзи қатли ӯ -- 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG