Пайвандҳои дастрасӣ

Иборае, ки бештар дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе, ба хусус дар қаламрави ноҳияи Данғара ба гӯш мерасад, "Гӯшти арзонда биё, бача!" мебошад.

Зеро дар нуқтаҳои фурӯши гӯшт дар қаламрави ноҳияи Данғара, ки дар шоҳроҳи Кӯлоб - Душанбе мавҷуд ҳастанд, нархи як кило гӯшт аз 27 то 30 сомонӣ арзиш дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар бозорҳои минтақа Кӯлоб, қимати як кило гӯшт вобаста ба навъи чорво аз 31 то 35 сомониро ташкил медиҳад. Аз сӯи дигар, шумори нуқтаҳои фурӯши гӯшти парранда ва ҳайвоноти аҳлӣ дар қаламрави ноҳияи Данғара дар ин авохир афзудааст. Сари роҳҳо, мурғи марҷону бузу гӯсфандҳо ва ҳатто рони пои гови забҳшуда овезон аст, ки ҳатман раҳгузарон - ронандагону мусофиронро ба худ ҷалб мекунад.

Ҳарчанд шароит ва ҳолати нуқтаҳои фурӯш дар ин минтақа ҷавобгӯ ба талабот набошад ҳам, харидорони гӯшти арзони ин нуқтаҳо ҳамарӯза меафзояд. Чун бештар ронадагону мусофирони шоҳроҳи Кӯлоб - Душанбе - Кӯлоб аз ин маҳсулотҳои гӯштӣ харидорӣ мекунанд. Соҳибони нуқтаҳои гӯштфурӯшӣ дар робита ба нисбатан арзон будани маҳсулоти пешниҳодкардаашон нисбат ба бозорҳои минтақа мегӯянд, ки онҳо маҳсули заҳамати худашонро ба муштариён пешниҳод мекунанд.

Саидхон Комилов.

Саидхон Комилов.

Саидхон Комилов, ки солҳои тӯлонӣ ба фурӯши маҳсулоти гӯштӣ дар шоҳроҳи Кӯлоб - Душанбе - Кӯлоб дар қаламрави ноҳияи Данағара машғул аст, мегӯяд, вай аслан чорвои майда, назири бузу гӯсфандро парвариш мекунад ва гӯшти онро ба фурӯш мегузорад. Чун ба таъкиди Саидхон, ин ягона шуғли хонаводагии ӯ аст ва зиндагиашро низ аз ин ҳисоб "мечархонад". Ба гуфтаи Саидхон, дар фасли тирамоҳу зимистон фурӯши онҳо ба роҳатӣ сурат мегирад, чун ба истилоҳ гӯшт дар "дӯкони сарироҳӣ"-аш бесосеб хоҳад буд ва муштариён низ алоқаманданд онро харидорӣ намоянд.

Аммо вай меафзояд, дар фасли тобистон, аз гармии ҳаво, сифати гӯшт зуд хароб мешавад, ки ин амр муштариёнро ба истилоҳе "мегурезонад". Саидхон гуфт, ки ҳарчанд бархе аз соҳибкорони данғарагӣ дар ин шоҳроҳ дӯконҳое бунёд кардаанд, аммо на ҳама "гӯштфурӯшони деҳқон" имкони ба иҷора гирфтани ин фурӯшгоҳҳро доранд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Кароматулло Назаров, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Данғара гуфт, ки новобаста ба шароити номусоиди фаъолият ва надоштани ҷои мувофиқ, ба гӯштфурӯшони маҳаллӣ сертификат ва иҷозаи фурӯш дода мешавад. Ҳатто раиси ноҳияи Данғара низ фаъолияти гӯштфурӯшони маҳаллиро дар ҷиҳати коҳиш ёфтани қимати ин маҳсулот ва таъмини мардум бо маҳсулоти гуштӣ муҳим донист. Ба таъкиди Сайдалиев, ҳатто ба кӯдакон низ иҷозаи фурӯш дода шудааст, то онҳо кори савдо ё тиҷоратро омӯзанд.

Бозори фурӯши гӯшт дар шоҳроҳи Кӯлоб - Душанбе - Кулоб дар ин шабу рӯз "гарм" аст ва иддае аз муштариён, ба хусус ронандагону мусофирон аз нарху сифати он изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Аммо нозирони умур мегӯянд, ки агар ҳукумати ноҳияи Данғара ва ниҳодҳои зирабт то тобистон барои фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар шоҳроҳи Кӯлоб - Душанбе - Кӯлоб шароити хуби нигаҳдории маҳсулот ва фурӯши онро ба роҳ намонанд, бозоргир шудани ин навъи маҳсулот дар фасли тобистон зери суол меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG