Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои нахустин бор дар вилояти Суғд марказе боз шуд, ки сокинон молу коло ва ашёи мавриди ниёзро ба он месупоранд, то ба эҳтиёҷмандон ба таври маҷҷонӣ тавзеъ шавад.

Дар шаҳри Хуҷанд нахустин марказе боз шуд, ки сокинон ба он ҷо чизу чора ва либосҳои дасти дуввуми худро месупоранд ва ба эҳтиёҷмандон ройгон дода мешаванд. “Маркази хайру эҳсон” рӯзи 7-уми апрел дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси кумитаи ин маҳалла расман ифтитоҳ шуд. Масъулони кумитаи маҳалла мегӯянд, ин марказро ба хотири он кушоданд, ки сокинон чизу чора, асбоби рӯзгор ва либосҳои дасти дуввуми худро супоранд ва сокинони эҳтиёҷманд аз онҳо ройгон ва беминнат истифода кунанд.

Дар рӯзи аввали боз шудани он, дар толори хурди марказ либосҳои гуногуни кӯдакона ва мардонаву занона ва пойафзолҳо, гузошта шуда буд. Маҳбуба Хоҷаева, сокини маҳаллаи Ваҳдат аст, ки бо як борхалтаи селофанӣ ба ин марказ ҳозир шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ман хабари кушодани ин марказро шунида, либоси занона овардам. Хостам, ки ман ҳам дар ин кори хайр саҳм бигирам. Ин либосҳо дар хонаамон меистоданд. Ҳоло овардам, ҳар кас, ки хоста бошад, бигирад, истифода кунад. Ва чанд шумораи “Садои Шарқ” ҳам овардам, чизҳои хонданӣ доранд, мардум гирифта бихонанд.”

Ин нахустин чунин марказ дар Хуҷанд аст, ки аз сокинон молу колои нав ва дасти дувуро қабул мекунад ва дар ихтиёри сокинони эҳтиёманд мегузорад. Он дар назди Кумитаи маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ шудааст.

Нӯъмон Ҳасанов, раиси кумитаи ин маҳалла мегӯяд: “Ташаббуси кушодани ин нуқтаро ҳамаи аъзои Шӯрои кумитаи маҳаллаамон якдилона дастгирӣ карданд. Ва то имрӯз, ки расман ифтитоҳ намудем, наздики 50 сокин чизу чора, асосан либосҳои дасти дувум, асбобҳои техникии рӯзгор, мисли телевизору ДВД, чангкашак оварда супориданд. Ягона талаботи мо ин, ки чизи месупурдаи сокинон қобили истифода бошад. Ҳудуди 25 кас ҳам омада, чизҳои дилхоҳашонро гирифтанд. Ҳозир рафтуомади сокинон қатъ намешавад, баъзеҳо чиз меоранд, бархе барои дидани марказ меоянд.”

Вақте, ки мо дар ин марказ ҳозир будем, як зан аз ин маҳалла ҳамроҳи духтараш барои дидани марказ омада буд. Вай гуфт: “Ҳозир як муаллима чанд шумораи маҷаллаи "Садои Шарқ" оварданд. Ману духтарам варақ задем, маъқуламон шуд шуд. Мо як шумораи инро мегирем, аммо баъди хондан бармегардонем.”

Гулноз Ҷумъаева, хонандаи синфи 7 аст. Вай гуфт, аз “Садои Шарқ” шеъри Саидҷон Ҳакимзода дар бораи Лоиқ писандаш омадааст, ки ҳоло мехонад.

Маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд ҳудуди 5 ҳазор сокин дорад ва ба гуфтаи масъулони ин кумита, 300 хонаводаи он камбизоат ҳастанд. Бар пояи омори расмӣ, дар вилояти Суғд ҳудуди 20 ҳазор хонавода ба ҳайси камбизоат ва эҳтиёҷманд расман ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ҷумла дар маркази вилоят -- шаҳри Хуҷанд ҳудуди 1600 нафар оилаи зери мизони фақр зиндагӣ ба сар мебаранд. Давлат ба онҳо имтиёзҳое, мисли нархи пасти барқ ва об қоил аст ва тавассути кумитаи маҳаллаҳо гоҳ - гоҳ ба онҳо маводи ғизоии ройгон тақсим мекунад.

Вале барои бори аввал як кумитаи маҳалла бо ифтитоҳи “Маркази хайру эҳсон” роҳи наверо барои дасти ёрӣ дароз намудан ба афроди нодору камбизоат боз мекунад ва сокинонро ба ин кори нек ҷалб мекунад.

Зимнан, то ин муддат дар маркази вилояти Суғд марказ ё корхонае, ки аз сокинон либосҳои дасти дуввум ва ё нолозими онҳоро ҷамъ бикунад, вуҷуд надорад. Ба ин кор ангуштшумор кӯҳнафурӯшон машғуланд, ки дар ба дари сокинон гашта, аз онҳо пӯшоку матои дасти дуюмро ба нархи ночиз ҷамъ меоранд. Онҳо маъмулан либосҳои дасти дуввумро дар бозор ба фурӯш мегузоранд.

Дар чанд соли пеш дар Душанбеву Хуҷанд ва бархе шаҳру марказҳои навоҳии Тоҷикистон мағозаҳои “Сэконд Ҳенд” ё “Дасти дуввум” боз шуда буданд, ки либосҳои дасти дуввуми аз кишварҳои хориҷӣ, Амрикову Аврупо воридгаштаро бо арзишҳои хеле паст ба маърази фурӯш мегузоштанд. Вале солҳои охир бо рушди тиҷорат либосҳои воридотии умдатан Чину Туркия бо нархи қобили қабул бозорҳои дохилиро пур кард ва фурӯшгоҳҳои “Сэконд Ҳенд” баста шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG