Пайвандҳои дастрасӣ

Се тан аз муовинони сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз мақомашон барканор шудаанд. Далели барканории ин афрод аз симматҳояшон "ба кори дигар гузаштан" гуфта шудааст.

Рӯзи 8 апрел бо қарори Ҳукумати кишвар муовинони сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз мақомҳояшон карда шудаанд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 8 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Тоҳир Нуров, Нуридин Маҳмадов ва муовини аввал Неъматбой Раҳматов, яъне ҳар се муовини раиси Хадамоти гумрук, аз вазифаҳояшон барканор карда шудаанд. Дар қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон далели барканории ин се муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, "ба кори дигар гузаштан", гуфта шудааст.

Ин тағйироти кадрӣ дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҳолест, ки Абдулфаттоҳи Ғоиб, сардори нави ин ниҳод моҳи гузашта дар як мусоҳиба ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар системаи гумрукии кишвар ҳоло тағйироти кадрӣ анҷом нахоҳад дод ва бо ҳайати феълӣ ҳамкориро идома медиҳад. Вай гуфта буд, ки шояд дар оянда дар ҳайати кадрии ин ниҳод дигаргуниҳо сурат бигирад, аммо ҳоло бо ҳайати феълӣ ба фаъолият идома хоҳад дод.

Абдулфаттоҳи Ғоиб рӯзи 16 март бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод шуд ва ҳамон рӯз бо қарори ҳукумат, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Рустами Эмомалӣ - писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон шуд.

Ин ҷойивазкунии Рустами Эмомалӣ бо Абдуфаттоҳи Ғоиб дар ҳоле сурат гирифт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ба шиддат интиқод кард ва ҳатто ҳушдор дод, агар бихоҳад ин ниҳодро бо дастони худ мебандад.​ Дар пайи ин интиқоди президент, муовини аввал ва ду муовини дигари раиси оҷонсии зиддифасод аз мақомҳояшон барканор гардида буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG