Пайвандҳои дастрасӣ

Дарси Калисои православӣ ба муҳоҷирон дар Русия (ВИДЕО)


Яке аз калисоҳои шаҳри Екатеринбург.

Яке аз калисоҳои шаҳри Екатеринбург.

Талошҳои Калисои православии Русия барои мусоидат ба ҳамоиши муҳоҷирони корӣ барномаҳоеро амалӣ мекунад, вале натиҷаҳои он босамар набудааст.

Як пажӯҳишгари тоҷик дар Русия мегӯяд, талошҳои Калисои православ барои мусоидат ба ҳамоиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба ҷомеаи Русия самари дилхоҳ надодааст.

Тоҳир Қаландаров, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи этнология ва антропологияи Фарҳангистони улум дар Русия дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаҳои маърифатӣ аз ҷумла тадриси забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ, ки Калисои православӣ иҷро мекард, ба далели мулоҳизоти динии муҳоҷирон натиҷаҳои хуб надодааст ва худи калисо ҳам дар иҷрои барномаҳо ба хато роҳ додааст.

Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ибтидо ба ин суол, ки чаро Калисои Русия тасмим гирифт, ки кор бо муҳоҷиронро шурӯъ кунад, гуфт:

Тоҳир Қаландаров: “Ҳангоме ки мо дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик, ё Осиёи Миёна дар Русия сӯҳбат мекунем, дар Русия ду фикри ба ҳам зидро мебинем. Як гурӯҳ мегӯянд, ки муҳоҷирон пули мардуми моро мебаранд, ҷойи кори мардуми моро мегиранд, касалӣ меоранд. Гурӯҳи тарафдорони муҳоҷирон мегӯянд, ки зиндагии ин қишр мушкил аст, муносибат бо онҳо мушкил аст ва ғайраву ҳоказо. Аммо як масъалае, ки аз назарҳо дур мондааст, ин масъалаи ҳамоиш ё интергатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Мо медонем, ки дар Русия як барномаи давлатии ба номи “Мустаҳкам кардани ягонагии миллати Русия ва инкишофи қавмӣ ва фарҳангии халқҳои Русия, барои солҳои 2014 -2020 таҳия шудааст ва Калисои православии рус гуфтааст, ки мехоҳад, барои пиёда намудани ин барнома саҳм гузорад. Аз ин сабаб моҳи апрели соли 2013 як мувофиқати ҳамкорӣ миёни Калисои Русия ва Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар имзо шуд ва июли ҳамон сол, китоби аввалини дарсӣ дар бораи асосҳои забон ва фарҳанги русӣ чоп шуд. Декабри соли 2014 Калисои Русия китоби дуввуми худро бо номи Забони русӣ ва асосҳои давлатгузорӣ чоп кард, ки муҳаррири ин китоб раиси бахши ҳамкории Калисои православӣ бо ҷомеа Всеволод Чаплин буд. Бо ин кор Калисои православӣ мехост, ба ҳамоиш ё интегратсияи муҳоҷирони корӣ дар Русия кӯмак кунад. Калисо як донишгоҳ, ё маркази ҳамоишӣ барои муҳоҷирон дар шаҳри Белгородро кушод. Вале дар китобҳое, ки барои муҳоҷирони корӣ навиштаанд, чанд мушкилот аст. “

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна мушкилот?

Тоҳир Қаландаров: “Аксар ин барномаҳо барои ҳамоиши муҳоҷирони Украина, Белоруссия ва Молдова ҳастанд, ки инҳо худашон пайравони дини насронӣ мебошанд. Аммо аксари муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мусулмон ҳастанд ва ин худ як мушкили фарҳангӣ аст. Вақте мо ин китобро хондем, бисёр аз ин китобҳо ба ҳамоиши муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна мувофиқат намекунанд. Масалан дар ин китоби дарсӣ 65 маротиба калимаи рус истифода мешавад ва фақат ду маротиба калимаи русиягӣ ва ё "россиянин" истифода мешавад. Нӯҳ маротиба калимаи насрониён истифода мешавад, чор маротиба калимаи мусулмонон. Албатта муҳоҷирон аз Осиёи Миёна шуниданд, ки калисои православӣ мехоҳад, ба онҳо дарс диҳад ва онҳоро бо ин дарсҳо ба ҷомеаи русӣ наздиктар кунад, аксари мусулмонон мутаасифона ва ё намедонам хушбахтона аз ин даст кашиданд, чун дар байни муҳоҷирон як фикре пайдо шуд, ки калисо мехоҳад, аз дини мусулмонӣ ба дини масеҳият табдил диҳад ва аз ин нигоҳ аксари муҳоҷирон аз Осиёи Миёна дохили ин барнома нашуданд ва ё аз ин барнома берун монданд. “

Радиои Озодӣ: Тавре худатон гуфтед, дар байни мусулмонон ва муҳоҷирон гаравидан ба дини дигар кам ба назар мерасад. Оё дар воқеъ ҳастанд, ин мавридҳо, ки муҳоҷирон ба дини масеҳӣ гаравида бошанд?

Тоҳир Қаландаров: “Дар мавзӯи табдили дин, аз ислом ба насронӣ хеле ва хеле кам аст, албатта. “

Радиои Озодӣ: Як суоли умумӣ дорам, русҳо шикоят мекунанд, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вақте ба Русия меоянд, мувофиқ ба расму одат ва ё қонунҳои ин кишвар рафтор намекунанд ва як сабаби муносибати сард ба онҳо ҳамин аст. Чаро дар воқеъ муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба ҷомеаи Русия ба осонӣ ҳамоиш намеёбанд?

Тоҳир Қаландаров: “Ман бояд бигӯям, ки ин масъала мушкилии дутарафа аст. Ин нафақат мушкилии муҳоҷирони тоҷик аст, ин мушкилии мардумии таҳҷоии ин кишвар ҳам ҳаст. Масъалаи муоширати байнифарҳангӣ, масъалаи дутарафа аст, ин масъалаи як тараф нест. Ман барои шумо як мисоли оддӣ меорам, чанд рӯз пеш духтарчаи 6-солаам аз ман пурсид, ки падар ту дар Тоҷикистон дар шаҳр калон шудӣ ё дар деҳот. Ман гуфтам дар деҳот калон шудам. Гуфт, барои ҳамин дина ошро бо даст хӯрдӣ. Яъне тафаккури ин кӯдаки ман бо тафаккури мардуми таҳҷоӣ мувофиқ аст, чун ба ин кӯдакон нагуфтаанд, ки ин як ҷузъи фарҳанги мардум аст, ки бо даст мехӯранд. Агар фарохтар нигоҳ кунем, мардуми Ҷопон ошро бо ду чӯбча мехӯранд, аммо ин маънои онро надорад, ки ҷопониҳо аз фарҳанг дур ҳастанд. Ҳамчунин ба муҳоҷирони Осиёи Миёна ҳам бояд гап занем, ки зиёд чизҳое ҳастанд, ки дар фарҳанги мо оддӣ ҳастанд, ҷоиз ҳастанд, вале дар ин мамлакат рост намеоянд. Як мисоли хеле оддӣ, масалан дар автобус ё троллейбус баланд гап задан, дар Осиёи Миёна шояд чизи баде набошад, як чизи оддӣ бошад. Вале вақте инҷо дар дохили автобус баланд гап мезананд, ин чизи аҷиб аст ва ё хуб нест. Аз ин нигоҳ мо бояд ба ҳар ду тараф фаҳмонем, ки ин муоширати байни фарҳангӣ аст ва мо бояд фаҳмиши фарҳанги дигар ва ё дониши фарҳанги дигарро дошта бошем. Чун дигар ҳузури муҳоҷирон дар ин ҷо як воқеият аст ва мардуми таҳҷоӣ хоҳанд, нахоҳанд, бо ин муҳоҷирин рӯ бар рӯ мешаванд. Боз ҳам такрор мекунам, ки масъала инҷост, ки мо фарҳанги ҳамдигарро бисёр кам медонем. “

Радиои Озодӣ: Яъне таҳаммулпазирӣ чӣ аз тарафи муҳоҷирон ва ё чӣ аз тарафи мардуми таҳҷоӣ метавонад, муносибати сард нисбат ба муҳоҷиронро дар Русия дигар кунад?

Тоҳир Қаландаров: Бале таҳаммулпазирӣ онгоҳ пайдо мешавад, ки мо дарк кунем, ин як қисми фарҳанг аст, як нишони дур аз фарҳанг ё маданият будан нест. Ин ҷузъи фарҳанги як мардум аст. Вақте мо ин чизҳоро дарк мекунем, он вақт таҳаммулпазирӣ ҳам пайдо мешавад. Мутаассифона дар ин самт бисёр кам кӯшишоте ба харҷ дода мешавад. Воқеан барои мардуми таҳҷоӣ муҳим нест, ки муҳоҷирон чӣ санаде доранд, баҳои онҳо ба муҳоҷирон аз рӯи рафтори эшон аст. Бояд барномаҳои давлатие бошанд, ки шояд дар Тоҷикистон ё дигар ҷумҳуриҳо ё дар Русия барномаҳои дарси муоширати байнифарҳангӣ гузаранд, то мушкилот ҳал шавад. “

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG