Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори гарми тоқии чакан дар остонаи Наврӯз (ВИДЕО ва 10 АКС)


Тоқии гулбасти чакан аз навтарин мӯди Наврӯзии имсол аст, ки аз ҳоло дар Кӯлоб бозори фурӯшаш гарм шудааст.

Дар ҳоле ки то ҷашни Наврӯз як моҳи дигар вақт ҳаст, аз ҳоло ҷавонон барои худ тоқии чакан бо дизайн ё тарроҳии навро, ки дар растаи тоқифурӯшии Кӯлоб рӯи ҳам чида шудаанд, харидорӣ мекунанд. Танҳо як фурӯшанда дар як ҳафта беш аз 300 тоқии гуногуни чакан фурӯхтааст.

Соли аввал аст, ки дар Кӯлоб дар моҳи феврал бо як шеваи ғайриинтизор тоҷирон тоқии чакан мефурӯшанд.

Басбӣ Валиева, фурӯшандаи мағозаи хусусии “Чакан ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Кӯлоб, 19 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “чанд рӯз мешавад, талабот нисбат ба тоқии чакан, либоҳои мардумӣ бештар шудааст. Ҳоло дар панҷ рӯзи ахир 300 тоқӣ савдо шуд. Аслан тоқиҳои занона ва мардона, ки бо диди нав дӯхта шудаанд, харидор доранд."

Валиева дар идома гуфт, агар соли гузашта як тоқӣ 20 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ин нарх ба 30 сомонӣ баробар шудааст.

Бозори гарми тоқифурӯшони Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Фарҳангшиносон кашидадӯзии чаканро мероси боқимонда аз замони қабл аз милод медонанд. Зафар Мирзоён, фарҳангшиноси тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чакан вожаи кӯҳнаи форсии қадим аст, ки маънии майдакорӣ ё гулкориро дорад. Ӯ мегӯяд, аммо гулдӯзии чакан шеваи хос дорад, ки ҳоло на ҳар нафар аз ӯҳдаи он мебарояд.

Зафари Мирзоён
Зафари Мирзоён

Оқои Мирзоён гуфт, рамзҳои тоқии чакан бозгӯкунандаи маънии рафтори нек, пиндори нек, гуфтори нек аст: “Кӯлоҳи чакан вобаста ба офтоб аст, аз ин рӯ, рангҳои офтобро дар тоқӣ кашидадӯзӣ карда ва аз офтоб орзу мекарданд, ки ба онҳо нерӯ бубахшад ва аз боду газандҳо нигаҳ дорад. Дар баробари ин, Ҷамшед вақте ба тахт менишинад ва тоҷро ба сар мемонад ва арши офтоб ба тоҷ мерасад ва рӯи Ҷамшед зебо мегардад, ки ба замони хуршедпарастии сокинон рост меояд."

Пӯшидани тоқии чакан то чанд соли пеш бештар ҳангоми ҷашну маросимҳои миллӣ, мисли Наврӯз дида мешуд. Ҳунармандон ҳам танҳо барои шумораи андак чунин навъи тоқиҳоро медӯхтанд. Аммо соли аввал аст, ки тоқии чакан дар Кӯлоб миёни ҷавонон мӯд мешавад.

Зайнаб Мӯсоева, як дӯзандаи 60-солаи тоқии чакан дар Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таҷрубаи кории 40-солааш бори аввал аст, ки дар замистон ҳудуди 1000 тоқии чаканро дар 8 рӯз дӯхта ва ба фурӯшандаҳо тақсим кардааст. Ба қавли холаи Зайнаб, ҳамасола кори тоқидӯзӣ баъд аз иди модарон оғоз меёфтааст.

"Ман дар муддати як рӯз 50 дона тоқӣ дӯхта фурӯхтам. Аслан тоқиҳои моро дар Наврӯз харидорӣ мекарданд. Аммо имсол фасл гарм омад ва ҳоло сокинон тоқихариро оғоз намудаанд. Дар баробари ин, тоқиҳои дӯхтаи хонаводаи моро хориҷиҳо низ мехаранд. Чанд рӯз қабл чанд тоқии моро ба Амрико, Ҳиндустон ва Русия бурданд,”-мегӯяд Зайнаб Мӯсоева.

Ҷавонон, ки ҳоло тоқӣ харидорӣ мекунанд, мегӯянд, тоқиҳо ба рангорангӣ ва гулкорӣ рамзи Наврӯзро мемонанд. Ҷамшед Идиев, як ҷавони 20-солаи Кӯлоб, вақте аз бозорӣ “Саховат” тоқӣ харидорӣ мекард, ба Озодӣ гуфт, "ҳоло ҷавонон пешакӣ тоқӣ мегиранд, чунки дар Наврӯз қимат мешавад."

Дар ҳоле ки пӯшидани тоқии чоркунҷаи “чустӣ” ё фарғонагӣ дар сартосари Тоҷикистон ва Кӯлоб ҳам роиҷ аст, аммо фурӯшандаҳои тоқии чакан талош мекунанд, бозори гарми либосҳои фолклориро дар остонаи Наврӯз аз даст надиҳанд ва ҳарчӣ бештар пул кор кунанд.

Тоқиҳои чакан ва бадахшониро фурӯшандаҳои пойтахт низ харидорӣ мекунанд ва дар дӯконҳои фурӯши маҳсулоти атиқа ва фурӯшгоҳҳои либоси фолклорӣ ба фурӯш мегузоранд. Аксари харидорони ин тоқиҳо сайёҳон ва меҳмонони хориҷии Тоҷикистонанд, ки тоқиҳоро ба ҳайси сувенир бо худ ба ватанҳояшон мебаранд.

Ҳоло дар бозори Марказии Кӯлоб як растаи бузурги тоқифурӯшон таъсис ёфтааст, ки бештар аз 20 савдогар дорад. Ин дар ҳолест, ки дар миёни Боғи фарҳангу истироҳат низ мағозаи бузурги фурӯши курта ва тоқии чакан бо номи ”Чакан” бунёд ёфтааст, ки муштарии зиёд пайдо кардааст.

Чанд моҳи пеш аҳли фарҳанги Кӯлоб бо як нома аз ЮНЕСКО дархост карданд, то чаканро ҳамчун мероси фарҳангии тоҷикон сабти ном кунад.

XS
SM
MD
LG