Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон рақамҳои "тилоӣ"-ро бо қимати гарон мефурӯшанд


Рақами қайди давлатии автомобилии 777 ААА бо рамзи Бишкек дар Қирғизистон ба ивази 24,5 ҳазор доллар фурӯхта шудааст. Дар ин бора Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон хабар медиҳад.

Аз оғози музоядаи онлайнӣ дар он кишвар ин қиматтарин баҳо аст, ки барои рақами қайди давлатӣ пешниҳод мешавад. Дар музоядаи онлайнӣ, ки дирӯз шуруъ шуд, 9 нафар ширкат кардааст.

Пештар аз ин рақамҳои давлатии 01 111 ААА бар ивази 160 ҳазор сом (муодили тақрибан 16 ҳазор сомонӣ), 01 888 ААА бар ивази 180 ҳазор сом (18 ҳазор сомонӣ) ва 01 001 ААА бар ивази 594 ҳазор сом (муодили тақрибан 59 ҳазор сомонӣ) фурӯхта шудааст.

Тибқи қоидаи музоядаи онлайнӣ, барандаи музояда бояд сертификати истифодаи рақами давлатиро давоми се рӯз бихарад. Агар барандаи аввал аз харидани сертификат даст кашад, пас он рақам ба нафари дувум фурӯхта мешавад.

Дар Қирғизистон рақамҳои қайди давлатии автомобилии гаронбаҳо аз 19 сентябр ба фурӯш гузошта шуданд.

XS
SM
MD
LG