Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

78 мусофиру ронандаи бандмонда ба Айнӣ интиқол ёфтанд


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ки 78 мусофир ва ронандаеҳое, ки тайи се рӯзи ахир бинобар резиши тарма дар туннели "Истиқлол" ва айвонҳо (галерея) дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба сар мебурданд , ба ноҳияи Айнӣ интиқол дода шудаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 20 феврал гуфт, он сокинон ва мусофироне, ки аз пойтахт ва минтақаҳои ҷанубии кишвар мебошанд, низ ба ноҳияи Айнӣ бурда шуданд ва бо боз шудани, роҳ метавонанд ба сафари худ идома бидиҳанд. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир дар туннел ва айвонҳои он 75 мошинҳои мусофирбар ва борбар истодаанд ва бо пок шудани роҳ, соҳибонашон метавонанд онҳоро бо худ бибаранд. Кумитаи изтирорӣ мегӯяд, ки феълан ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли дуздии мошинҳо, гурӯҳҳои навбатдорӣ ба роҳ мондаанд. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан гуфта буданд, ки 80 мусофире, ки аз самти Хуҷанд ба Душанбе меомаданд, дар банди тарма монданд.

XS
SM
MD
LG