Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург


Рӯзи 4 декабр дар ноҳияи Петродворетси Санкт-Петербург ҷасади як шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон пайдо шудааст. Ба гуфтаи пулиси Санкт-Петербург, ин шахс бар асари лату кӯб ҷон бохта ва дар қисмати сару рӯяш ҷароҳатҳои зиёде мушоҳида шудааст. Бар асоси ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷайби шахси кушташуда ёфт шудааст, ин мард Аҳлиддин ном дошта ва дар корхонаи мебел фаъолият доштааст. Пулиси Санкт-Петербург нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда ва сабабҳои марги ин шаҳрванди Тоҷикистонро бозрасӣ мекунад.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик аст ва солона тобути даҳҳо нафари онҳо ба Тоҷикистон оварда мешавад. Соли 2014 аз тариқи ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷикэйр" 631 тобути муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон оварда шуда буд. Далели марги онҳо ҳалокат аз ҳодисаҳо дар маҳалли кор ва беморӣ буда ва бахше аз онҳо аз ҷониби миллатгароҳо ва афроди номаълум кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG