Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стипендияи Шоҳрух барои таҳсил дар мактаби операи Милан. ВИДЕО


Барои 12 шоиру фарҳангиёни ҷавони Суғд, ки дар Душанбе ва ҳам хориҷи кишвар кору таҳсил доранд, ҳар моҳ стипендия ё кумакпулии раиси ин вилоят дода хоҳад шуд. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ин паёмро рӯзи 17 январ зимни нишасти хабарии худ эълон кард. Ӯ гуфт, "7 шоири ҷавон ва умедбахш ва 5 ҷавони дигар, ки бо даъвати раиси ҷумҳур ба Душанбе рафта, дар риштаҳои фарҳангии донишгоҳҳову муассисаҳо таҳсил ва фаъолият мекунанд, ҳар моҳ 500 сомонӣ аз буҷаи вилоят дода мешавад."

Қодирӣ афзуд, ин кумакпулӣ ба хотири дастгирии ҷавонони боистеъдод таъсис шудааст. Миёни овозхонҳои ҷавон, аз ҷумла Шоҳрух Юнусов аз Конибодом, ки бо иҷрои суруди "Республикаи ман" ва пирӯзиҳо дар озмунҳои байнулмилалии машҳур шуд ва ҳоло дар Милани Итолиё ҳунари мусиқиву сурудхонӣ меомӯзад ва Амирҷон Рӯзиев аз ноҳияи Ашт, ки дар Донишкади ҳунарҳои зебои Душанбе таҳсил дорад, барандаи ин стипендия шудаанд.

Аз шоирони ҷавон, аз ҷумла Фарзонаи Зарафшонӣ ва Баҳроми Раҳматзод, ки ашъори онҳо дар анҷумани ҷумҳуриявии адибони ҷавони Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли гузаштаи 2016 дар Хуҷанд доир гардид, баҳои баланд гирифтаст, дар рӯйхти гирандагони стипендияи раиси вилоят шомил гаштаанд.

Шоҳрух Юнусовро садояш ба саҳнаи байналмилалӣ бурдааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

XS
SM
MD
LG