Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҷоми Осиёи Марказӣ барои ҷоизаҳои раиси Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) Кирсан Илюмжинов , ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, даври 8-уми мусобиқот хотима ёфт.

Муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, ки ҷонишини сардовари ин мусобиқот мебошад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин мусобиқоти байналмилалӣ бо ширкати 37 шатранҷбоз (25 мард ва 12 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шудааст. Дар ин мусобиқот, ки аз 9 давр иборат аст, 7 гроссмейстер ё бузургустод, 7 устоди байналмилалӣ ва 8 устоди ФИДЕ иштирок доранд.”

Ба иттилоъи ҷаноби Юнусов, дар даври 8-уми мусобиқот, ки шоми 19-уми октябр поён ёфт, устоди байналмилалӣ Ҷаҳонгир Воҳидов аз шаҳри Самарқанди Узбакистон бозиро бо гроссмейстер Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон мусовӣ кард.

Баъди натиҷагирии 8 даври мусобиқот Ҷаҳонгир Воҳидов бо 6,5 имтиёз пешсафи ягона мебошад. Устоди байналмилалӣ Кирилл Кудеринов аз Қазоқистон бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Панҷ нафар гроссмейстерҳо - Алексей Барсов аз Узбакистон, Пётр Костенко, Муртаз Кажгалеев, Павел Котсур - ҳарсе аз Қазоқистон ва Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон 5,5-имтиёзӣ доранд.

Фаррух Амонатов дар даври охирин - 9-ум, ки имрӯз, 20-уми октябр баргузор мешавад, бо Муртаз Кажгалеев ва Ҷаҳонгир Воҳидов бошад, бо ҳамватани худ Алексей Барсов бозӣ мекунанд.

Дар байни занон устоди ФИДЕ Ирина Геворкян аз Узбакистон бо 4,5 имтиёз пешсафи ягона аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 3 нафар духтарон шомиланд. Номзад ба устоди варзиш Марворид Насриддинзода 3,5 имтиёз, устоди ФИДЕ Надежда Антонова 3 имтиёз ва номзад ба устоди варзиш Мутрибаи Илҳом 2 имтиёз доранд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот, ки онро раиси ФИДЕ ихтисос додааст, 25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 90 дар сади он барои ҷоизаҳо ва 10 фисад барои ҳаққи доварон масраф карда мешавад.

Ҷоизаҳои умумӣ: ҷойи 1-ум – 4000 доллар, ҷойи 2 -юм– 3000 доллар, ҷойи 3 –юм – 2000 доллар, ҷойи 4-ум – 1500 доллар, ҷойи 5-ум– 1000 доллар, ҷойи 6-ум – 900 доллар, ҷойи 7-ум – 800 доллар, ҷойи 8-ум – 700 доллар, ҷойи 9-ум – 600 доллар,ҷойи 10-ум – 500 доллар, ҷойи 11-ум – 400 доллар, ҷойи 12-ум – 300 доллар, ҷойи 13-ум – 300 доллар.

Ҷоизаҳои махсус барои занон: ҷойи 1-ум – 1500 доллар, ҷойи 2-юм – 1000 доллар, ҷойи 3-юм – 500 доллар, барои писарону духтарони то 20-сола:ҷойи 1-ум байни писарон – 1000 доллар, ҷойи 2-юм – 600 доллар, ҷойи 3-юм – 400 доллар, ҷойи 1-ум миёни духтарон – 800 доллар, барои собиқадорон: ҷойи 1-ум – 500 доллар, ҷойи 2 -юм – 200 доллар.

Ҷоми Осиёи Марказӣ ба дастае дода мешавад, ки бештар ҷойҳои фахриро соҳиб гашта, имтиёзҳои мувофиқ мегирад. Барои ҷойи аввал 8 имтиёз, барои ҷойи 2-юм – 6, барои ҷойи 3-юм – 4, барои ҷойи 4-ум – 2 ва барои ҷойи 5-ум – 1 имтиёз дода мешавад.

Мусобиқоти севуми Ҷоми Осиёи Марказӣ барои ҷоизаҳои раиси ФИДЕ Кирсан Илюмжинов дар шаҳри Душанбе шоми имрӯз, 20-уми октябр ба охир мерасад.

XS
SM
MD
LG