Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгир Воҳидов – пешсафи ягонаи Ҷоми Осиёи Марказӣ


Ҷаҳонгир Воҳидов аз чап.
Ҷаҳонгир Воҳидов аз чап.

Дар Ҷоми Осиёи Марказӣ барои ҷоизаҳои раиси Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) , ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, даври 6-уми мусобиқот хотима ёфт.

Муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, ки ҷонишини сардовари ин мусобиқот мебошад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин мусобиқоти байналмилалӣ бо ширкати 37 шатранҷбоз (25 мард ва 12 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шудааст. Дар ин мусобиқот, ки аз 9 давр иборат аст, 7 гроссмейстер ё бузургустод, 7 устоди байналмилалӣ ва 8 устоди ФИДЕ иштирок доранд.”

Ба иттилои ҷаноби Юнусов дар даври шашуми мусобиқот, ки шоми 17-уми октябр поён ёфт, устоди байналмилалӣ Ҷаҳонгир Воҳидов аз шаҳри Самарқанди Узбакистон бар гроссмейстер Пётр Костенко аз Қазоқистон пирӯз шуд.

Баъди натиҷагирии шаш даври мусобиқот Ҷаҳонгир Воҳидов бо 5,5 имтиёз пешсафи ягона мебошад. Устоди байналмилалӣ Кирилл Кудеринов аз Қазоқистон, ки дар даври шашум бар гроссмейстер Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон ғалаба кард, бо 5 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад.

Гроссмейстер Марат Ҷумъаев аз Узбакистон ва устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев аз Тоҷикистон 4,5-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Шаш нафари дигар 4-имтиёзӣ гирифтаанд, ки дар байни онҳо ду шатранҷбози тоҷик - Фаррух Амонатов ва устоди ФИДЕ Соҳиб Ҷӯраев ҳастанд.

Дар байни занон устоди байналмилалӣ Гулмира Давлатова аз Қазоқистон ва устоди ФИДЕ Ирина Геворкян аз Узбакистон бо 3,5- имтиёзӣ пешсафанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 3 нафар духтарон шомиланд. Устоди ФИДЕ Надежда Антонова, номзадҳо ба устоди варзиш Марворид Насриддинзода ва Мутрибаи Илҳом 2-имтиёзӣ доранд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот, ки онро раиси ФИДЕ ихтисос додааст, 25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 90 дар сади он барои ҷоизаҳо ва 10 фисад барои ҳаққи доварон масраф карда мешавад.

Ҷоизаҳои умумӣ: ҷойи 1-ум – 4000 доллар, ҷойи 2 -юм– 3000 доллар, ҷойи 3 –юм – 2000 доллар, ҷойи 4-ум – 1500 доллар, ҷойи 5-ум– 1000 доллар, ҷойи 6-ум – 900 доллар, ҷойи 7-ум – 800 доллар, ҷойи 8-ум – 700 доллар, ҷойи 9-ум – 600 доллар,ҷойи 10-ум – 500 доллар, ҷойи 11-ум – 400 доллар, ҷойи 12-ум – 300 доллар, ҷойи 13-ум – 300 доллар.

Ҷоизаҳои махсус барои занон: ҷойи 1-ум – 1500 доллар, ҷойи 2-юм – 1000 доллар, ҷойи 3-юм – 500 доллар, барои писарону духтарони то 20-сола:ҷойи 1-ум байни писарон – 1000 доллар, ҷойи 2-юм – 600 доллар, ҷойи 3-юм – 400 доллар, ҷойи 1-ум миёни духтарон – 800 доллар, барои собиқадорон: ҷойи 1-ум – 500 доллар, ҷойи 2 -юм – 200 доллар.

Ҷоми Осиёи Марказӣ ба дастае дода мешавад, ки бештар ҷойҳои фахриро соҳиб гашта, имтиёзҳои мувофиқ мегирад. Барои ҷойи аввал 8 имтиёз, барои ҷойи 2-юм – 6, барои ҷойи 3-юм – 4, барои ҷойи 4-ум – 2 ва барои ҷойи 5-ум – 1 имтиёз дода мешавад.

Ҷоми Осиёи Марказӣ барои ҷоизаҳои раиси ФИДЕ Кирсан Илюмжинов дар шаҳри Душанбе то рӯзи 20-уми октябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG