Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбози 17-сола қаҳрамони Узбакистонро шикаст дод


Ҷамшед Исоев дар сабқати қаҳрамонии Осиёи Марказӣ
Ҷамшед Исоев дар сабқати қаҳрамонии Осиёи Марказӣ

Дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Марказӣ, ки 4 июн дар Осоишгоҳи Хоҷаобигарм шурӯъ шуд, шатранҷбози 17-солаи тоҷик Алишер Каримов бар шатранҷбози пуртаҷриба, гроссмейстер Марат Ҷумъаев, қаҳрамони шоҳмоти Узбакистон,пирӯз омад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Марказӣ, ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор шудааст, шатранҷбозони панҷ кишвари минтақа - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон – ширкат доранд.

Натиҷаи ғайричашмдошти рӯзи аввали мусобиқа пирӯзии шатранҷбози 17-солаи тоҷик Алишер Каримов, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 17-и Душанбе, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон бар шатранҷбози пуртаҷриба, гроссмейстер Марат Ҷумъаев, қаҳрамони шоҳмоти Узбакистон, мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Хусан Турдиалиев, сардовари ин мусобиқа, президенти Федератсияи минтақавӣ ва муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Узбакистон, шатранҷбозонро бо оғози мусобиқа табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳо орзу карданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, рӯзи 5-уми июн хабар дод. Вай афзуд, “ин мусобиқаи қитъавӣ, ки бо ширкати 49 шатранҷбоз (35 мард ва14 зан) дар Осоишгоҳи Хоҷаобигарм, 60-километрии шимоли Душанбе, ҷараён дорад, марҳилаи аввали қаҳрамонии шоҳмоти ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз ҳама бештар – 16 нафар (14 мард ва 2 зан), Қазоқистон 12 нафар (6+6), Узбакистон 10 нафар (6+4), Туркманистон 8 нафар (7+1) ва Қирғизистон 3 нафар (2+1) дохиланд. Дар сабқати мардон ҳашт гроссмейстери байналмилалӣ ё бузургустод (4 нафар аз Қазоқистон ва 2-нафарӣ аз Туркманистону Узбакистон) ва дар сабқати занон се гроссмейстер аз Қазоқистон ширкат доранд. Аз рӯи натоиҷи сабқати мардон ду нафар беҳтаринҳо ва ғолиби сабқати занон ба даври баъдии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ меёбанд”.

Гуфтугӯ бо Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи Илҳом Юнусов, солҳои ахир дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати кишвар ба рушди шоҳмот таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад. Ин мусобиқаи минтақавӣ бо кӯмаку дастгирии Давлаталӣ Саид, муовини аввали Нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Федератсияи шоҳмоти кишвар мебошад, доир шудааст.

Дар сабқати занон Тоҷикистонро ду нафар - Надежда Антонова ва Мутриба Ҳотамӣ – ва дар сабқати мардон 14 нафар намояндагӣ мекунанд, ки дар байни онҳо шатранҷбозони пуртаҷриба, устодони байналмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов, қаҳрамони феълии кишвар ва Ҷамшед Исоев ҳастанд. Инчунин ба ҳайати мунтахаби кишвар шатранҷбозони ҷавон Алишер Каримов, Аминҷон Қобилов, Андрей Онишенко, Шафиқ Карамшоев, Сулаймон Оймаҳмадов ва дигарон шомиланд.

XS
SM
MD
LG