Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари раҳбари Кореяи Шимолӣ бо гази заҳрогин кушта шудааст


Кореяи Шимолӣ - Акси раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо бародари ҳамхунаш Ким Чен Нам.
Кореяи Шимолӣ - Акси раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо бародари ҳамхунаш Ким Чен Нам.

Ким Чен Нам, бародари модарҷудои раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин, бо истифода аз гази VX-и фалаҷкунандаи аъсоб кушта шудааст. Дар ин бора рӯзи 23 феврал сардори пулиси Малайзия хабар дод.

Таҳқиқи пизишкӣ осори ин заҳрро дар рӯй ва чашмони Нам ошкор кардааст. Ҳамла ба ӯ рӯзи 13 феврал дар фурудгоҳи Куала-Лумпур ба вуқӯъ пайваст. Нам мехост, ба Макао парвоз кунад. Пулис бо гумони даст доштан дар ин ҳамла чаҳор нафар, аз ҷумла ду занро, ки шаҳрвандони Ветнам ва Малайзия ҳастанд, боздошт кард. Ҷустуҷӯи ҳафт шаҳрванди Кореяи Шимолӣ, ки низ гумонбар дониста мешаванд, идома дорад.

Пулиси Малайзия мехоҳад, дар робита ба куштор як дипломати Кореяи Шимолиро, ки аснои ҳамла дар фурудгоҳ будааст, бозпурсӣ кунад. Аммо Пхенян ҳама гуна пайванди худро бо ин сӯиқасд рад мекунад.

Дар қатъномаҳои силоҳи кимиёии солҳои 1997 ва 2005 гази VX маводи ҷангии заҳролудкунанда шинохта шудааст. Гуфта мешавад, Пхенян чунин силоҳ дорад.

XS
SM
MD
LG