Пайвандҳои дастрасӣ

Занони соҳибкор мегӯянд, ки дар Осиёи Миёна бизнеси бузург дар дасти мардон қарор дорад ва занон танҳо ба тиҷорати хурд машғул ҳастанд.

Чархи бизнеси хурдро дар Осиёи Марказӣ аслан занон мечархонанд. Ин ба он маънӣ нест, ки занон орзуи расидан ба бизнеси калонро надоранд. Балки роҳи онҳоро ба тиҷорати бузург мардон мебанданд.

Ин нуктаро Гулнора Кушмурзина, раҳбари бизнес -ассотсиасияи занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо номи “Осиё” рӯзи 8-уми апрел дар анҷумане барои соҳибкорзанони минтақа дар Душанбе таъкид кард.

Хонум Кушмурзина мегӯяд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 70 дарсади тиҷорати хурд дар дасти занон қарор дорад, вале ҳамагӣ тиҷорати бузургро мардон гардиш медиҳанд: ”Ин менталитет дар минтақа роиҷ аст, ки мардон дар тасмимгириҳо болотар аз занон қарор мегиранд.

Гулнора Кушмурзина

Гулнора Кушмурзина

Занон дар ин кишварҳо аксаран дар тиҷорати маишиву хурд ва наздимарзӣ, саҳми зиёд доранд. Аммо дар тиҷорати миёна теъдодашон камтар ва дар бизнести калон қариб ки даст надоранд. Зеро мардон рақобат бо занонро дар роҳи тиҷорати бузург қабул надоранд.”

Анҷумани занони соҳибкор ҳудуди 60 зани фаъолу тоҷирро аз Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Афғонистон гирди як миз дар шаҳри Душанбе ҷамъ овард. Дар ин нишаст бонувон таҷрибаву мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои минтақаиро дар бахши тиҷорати занон ба баҳс кашиданд. Бо таваҷҷӯҳ ба шароит ва фазои гуногуни иқтисодии кишварҳо, мушкилот ва пешрафтҳои занон дар тиҷорат мухталиф будааст.

Барои мисол, ба гуфтаи Сабоҳат Раҳимзода, раиси Ассотсиасияи миллии занони соҳбкори “Кадбону", ”агар ҳаҷми андозу фоизи қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон хеле гарон аст, аммо дар Қазоқистон бунёди давлатии дастгирии занони соҳибкор ин мушкилро тақрибан ҳал кардааст: “Ба ин бунёд, тамоми ташкилоти ҳам байналмилаливу давлатӣ ва дигар сохторҳо маблағ мегузаронанд. Ин бунёд на фақат ба бонувони соҳибкор грант медиҳад, балки қарзҳоро бо фоизи бениҳоят кам пешниҳод намуда, ҳамчунин бо таҷҳизоти лозимӣ низ таъмин месозанд.”

Аз тарафи дигар, ба таъкиди хонум Раҳимзода, занони минтақа дар бархе аз мавридҳо бинобар надоштани малакаҳои соҳибкорӣ фереб мехӯранд ва тиҷораташон муфлис мешавад. Ҳоло саҳми занони тоҷик низ дар дар тиҷорати хурду миёнаи кишвар беш аз 70 дар садро ташкил медиҳад. Бар пояи маълумоти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, феълан 40 дарсади занон ба фаъолияти хусусӣ машғул буда, танҳо 12 дарсади онҳо дар корхонаҳои хурду миёна ва 5 дарсад дар ширкатҳои расмӣ роҳбар ҳастанд.

Ноҳид Саробӣ, тоҷирзани афғон.

Ноҳид Саробӣ, тоҷирзани афғон.

Ноҳид Саробӣ, намояндаи соҳибкорзанони Афғонистон мегӯяд, ба фарқ аз Тоҷикистон ва аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки фазову қонунгузориҳо барои тиҷорат озод аст, вале дар Афғонистон вазъи амниятӣ ва хурофот монеъи соҳибкории занон мешавад. Бо ин вуҷуд, дар Афғонистон ҳоло ҳазору яксаду сӣ нафар зан дар бахшҳои сохтмон, техникӣ нақлиёт тиҷоратро раҳбарӣ мекунанд.

”Иқтисодиёти Афғонистон бо сабаби вазъияти муташанниҷи сиёсиҷу иҷтимоӣ асосан аз ҳисоби донорҳо рушд мекунад. Мо алҳол иқтисоди санъатие надорем, ки соҳибкорони Афғонистон алалхусус соҳибкорзанон дар он саҳм бигиранд. Мушкилоти тиҷорат барои мардону занон дар умум зиёд аст, вале дар вазъяити имрӯза мушкилоти занон дучанд аст. Набуди амният ва на танҳо амнияти физикӣ балки амнияти равонӣ низ монеи рушди соҳибкории занон гардидааст,” - гуфт хонум Саробӣ

Аксари ширкаткунандагони анҷумани занони соҳибкор бар ин назаранд, ки аз ҳама бештар дар Қазоқистон барои рушди тиҷорати занон шароити хуб фароҳам шудааст. Намояндагони ин кишвар низ бар он боваранд, ки бо зиёд шудани саҳми занон дар тиҷорат маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ боло хоҳад рафт.

Гулнора Кушмурзина, раҳбари бизнес-ассотсиасияи “Осиё”мегӯяд, “занон меҳнатдӯстанд ва ба кори худ садоқати аз ҳад зиёднишон медиҳанд. Хатари олуда шудани онҳо ба фасод низ хеле кам аст. Чунин сарсупурдагии зан-роҳбар метавонад фоидаи хеле зиёд орад.”

Бо ин ҳама соҳибкорзанони фаъоли Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои гумрукиву тиҷоратии хеш зарурати эҳёи дубораи Роҳи Абрешими бузургро дар миён гузоштанд ва мавҷудияти онро ногузир шумориданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG