Пайвандҳои дастрасӣ

Лоиҳаи интернетии «Нури дониш» дар «Ҳамоиши осиёимиёнагии инноватсионӣ- 2013», ё SICamp сазовори ҷои севум шудааст.

Ин ҳамоиш, ки беш аз 80 ҷавонро аз кишварҳои Осиёи Миёна, назири Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон гирд овард, ҳалли мушкилоти соҳаи маориф, назири тахмили ихтисос ва пайдо кардани маълумот дар бораи муасисаҳои таълимии кишварро дар ҷомеъа ва кишварҳои Осиёи Миёна ба ҳадаф доштааст.

Комил Раҷабов, муаллифи лоиҳаи «Нури дониш», ба "Озодӣ" гуфт, ин лоиҳаро ба хотири ҳалли мушкилоти соҳаи маориф пешниҳод кардааст ва бо ин роҳ мехоҳад андаке ҳам бошад мушкилиҳои ҷомеъаро дар самти маориф бартараф кунанд.

Комил Раҷабов

Комил Раҷабов

Комил мегӯяд: «Имрӯз яке аз мушкили ҷомеаи мо дар он аст, хатмкардаҳои донишгоҳҳои олӣ наметавонанд ҷои кори мувофиқ пайдо кунанд. Ва аз сӯи дигар, аксарияти ҷавонони мо баъди хатми муассисаҳои миёна ё олӣ намедоннанд бо кадом роҳ донишашонро такмил диҳанд. Ба ин хотир агар ин лоиҳаи мо амалӣ шавад, метавонад то ҳадди имкон ба ин мушкилӣ расидагӣ кунад. Мо бо ин роҳ ҳамчунин мехоҳем бо корфармоҳо ҳамкорӣ дошта бошем, ки чигуна мутахассис барояшон лозим аст.»

Дар ин ҳамоиш, ки 80 нафар барномасозони ҷавон, ороишгарон, рӯзноманигорон, соҳибкорон ва намояндагони фаъоли ҷомеаи чаҳор кишвари Осиёи Миёна бо ҳам табодули назар карданд, баён доштанд, ки ҳадафи онҳо ҳалли мушкилоти ҷомеъаи шаҳрвандист.

Ситорабонуи Соҳибназар, хабарнигори тоҷик, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, гуфт, ҳарчанд дар ин чорабинӣ намояндаи Қирғизистон бо пешниҳоди лоиҳаи «Мероси мо» сазовори ҷои аввал шуд, аммо барояш ҷолиб буд, ки ҷавонони тоҷик ҳам идеяҳои хубе пешниҳод карданд, ки қобили дастгирианд. Ситорабону таъкид мекунад, ки бо баргузории чунин ҳамоишҳо метавонанд, бо ҷавонони кишварҳои Осиёи Миёна муносибатҳои дӯстона барқарор кардаву барои рушди инновасия дар Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Ситорабону мегӯяд: «Бояд ҷавонон ҳамеша бо пешниҳоди идеяҳои ҷолиб тавонанд, ин ё он мушкили иҷтимоиро дар ҷомеъа ҳал кунанд. Дар ҳақиқат ҷавонони тоҷикистонӣ ҳам то ҷое муваффақ ҳастанд. Ва то андозае мафҳуми инновасияро дарк кардаанд. Ҳатто барои амали шудани лоиҳаи пешниҳодкардаи намояндагони Қирғизистон созмондиҳандагони ин ҳамоиш барои кӯмак расонидан хостинг бо 500 МГ ройгон ҷой дода шуд. Чунки онҳо мехостанд, ки ин лоиҳа тавсия ёфта, натанҳо барои Қирғизистон, балки барои Тоҷикистону дигар кишварҳои иштирокчӣ хам истифода шавад. Ин лоиҳа ки «Мероси мо» ном дорад. барои кишвари мо ҳам зарур аст.»

Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари созмони «Ташаббуси шаҳрвандии тавсиаи интернет», мақсад аз таъсиси чунин ҳамоишро ба ҳам овардани ҷавонони Осиёи Миёна ва истифода аз фанновариҳои навин дар асри технология унвон кард. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир мушкилоти иҷтимоии мардум зиёд аст ва хусусан дар соҳаи иҷтимоиёт маблағгузорӣ камтар аст. Аз ин лиҳоз онҳо мехоҳанд, бо ҷамъ кардани идеяҳои ҷолиб аз ҷавонони фаъол чунин мушкилиҳоро бартараф кунанд. «Мақсади лоиҳаи “Нури дониш” ҳам аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоии соҳаи маориф аст. Ин лоиҳа ки дар интернет пайдо мешавад, ба тамоми ҷойҳо паҳн мешавад, аммо маълумот танҳо дар бораи муассисаҳои таълимӣ дар дохили Тоҷикистонро дарбар мегирад.Миёни 10 идеяи пешниҳодшуда, 3 лоиҳаи беҳтарин интихоб шудаву муаллифони онҳо бо кашидани тарҳи бизнес-нақшаҳо ва тавсеаи роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар ҷомеъа барои иҷрои ин лоиҳаҳо машғуланд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Ибодуллоев, агар тарҳи «Нури дониш» амалӣ шавад, шаҳрвандон имкон пайдо мекунанд, то иттиллоъи заруриро дар бораи муассисаҳои таълимии кишвар ва пайдо кардани мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозорро ба таври ройгон ба даст биоранд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, соли гузашта низ як лоиҳаи «Некӣ»-ро дар Тоҷикистон роҳандозӣ карданд, ки қисми аввали идея ба воситаи сомона ҷалб кардани хайрхоҳон ва қисми техникиаш алакай анҷом шудааст. Ва эҳтимол дорад моҳи сентябри соли равон ҷорӣ ин лоиҳа амалӣ шавад.

Гуфта мешавад, ҳамоиши SICamp дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал соли 2011 дар Қирғизистон гузаронда шуда буд. Соли 2012 SICamp дар Қазоқистон баргузор гашт.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар гузориши имсолаи “Нишондоди ҷаҳонии навоварӣ-2013”миёни 142 кишвар ҷойи 101-ум гирифтааст, ки нисбати соли гузашта шаш зина пеш, вале ба ҳар сурат, хеле пойин аст. Таҳиягарони гузориш - Мактаби байналмилалии тиҷорат, донишгоҳи Корнел ва Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ба навовариҳо дар маҷмӯъ, вазъи навовариҳо дар 142 кишвари дунёро, ки макони 95 дарсади аҳоли сайёраанд, баҳогузорӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG