Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми Осиёи Марказӣ – дар Душанбе


 Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, гроссмейстери байналмилалӣ.

Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, гроссмейстери байналмилалӣ.

Аз 11-ум то 21-уми октябр дар Душанбе Ҷоми Осиёи Марказӣ оид ба шоҳмот баргузор мешавад.

Ин мусобиқоти байналмилалӣ таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) барпо мегардад. Маросими кушоиши мусобиқот рӯзи шанбеи 12-уми октябр дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и пойтахти кишвар, соати 14.00 баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ин мусобиқот соли 2011 бо ибтикори раиси ФИДЕ Кирсан Илюмжинов ташкил шудааст. Аввалин бор ин мусобиқот ҳамон сол дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд. Соли гузашта Ҷоми Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон барпо гардида буд. Макони баргузории мусобиқоти севум Душанбе интихоб шудааст.

Ба ҷараёни баргузории ин мусобиқот Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Мусобиқот аз 9 давр иборат аст. Барои ширкат дар ин мусобиқот шатранҷбозони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон роҳ дода мешаванд. Ба мусобиқот махсус гроссмейстерҳои байналмилалӣ ё бузургустодони шоҳмот, ки дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонӣ 2500 имтиёз ва аз он боло доранд, инчунин гроссмейстерҳои байналмилалӣ миёни занон даъват шудаанд.

Дар ҳамин ҳол ширкати худро дар ин мусобиқот 11 шатранҷбози дараҷаи олӣ аз Узбакистон, 6 нафар аз Қазоқистон, 3 нафар аз Қирғизистон тасдиқ кардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо теъдоди беш аз 20 шатранҷбоз ширкат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки шатранҷбози маъруфи тоҷик гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов барои иштирок дар ин мусобиқот аз шаҳри Маскави Русия ба ватани худ омадааст. Вале шатранҷбозони Афғонистону Туркманистон ба иллати мушкилот дар гирифтани раводид ба Душанбе омада наметавонанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот, ки онро раиси ФИДЕ ихтисос додааст, 25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 90 дар сади он барои ҷоизаҳо ва 10 фисад барои ҳаққи доварон масраф карда мешавад.

Ҷоизаҳои умумӣ: ҷойи 1-ум – 4000 доллар, ҷойи 2 -юм– 3000 доллар, ҷойи 3 –юм – 2000 доллар, ҷойи 4-ум – 1500 доллар, ҷойи 5-ум– 1000 доллар, ҷойи 6-ум – 900 доллар, ҷойи 7-ум – 800 доллар, ҷойи 8-ум – 700 доллар, ҷойи 9-ум – 600 доллар,ҷойи 10-ум – 500 доллар, ҷойи 11-ум – 400 доллар, ҷойи 12-ум – 300 доллар, ҷойи 13-ум – 300 доллар.

Ҷоизаҳои махсус барои занон: ҷойи 1-ум – 1500 доллар, ҷойи 2-юм – 1000 доллар, ҷойи 3-юм – 500 доллар, барои писарону духтарони то 20-сола:ҷойи 1-ум байни писарон – 1000 доллар, ҷойи 2-юм – 600 доллар, ҷойи 3-юм – 400 доллар, ҷойи 1-ум миёни духтарон – 800 доллар, барои собиқадорон: ҷойи 1-ум – 500 доллар, ҷойи 2 -юм – 200 доллар.

Ҷоми Осиёи Марказӣ ба дастае дода мешавад, ки бештар ҷойҳои фахриро соҳиб гашта, имтиёзҳои мувофиқ мегирад. Барои ҷойи аввал 8 имтиёз, барои ҷойи 2-юм – 6, барои ҷойи 3-юм – 4, барои ҷойи 4-ум – 2 ва барои ҷойи 5-ум – 1 имтиёз дода мешавад.
XS
SM
MD
LG