Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони муборизаи якҷояи Амрико ва Осиёи Марказӣ алайҳи терроризм


Дар пайи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии 5 кишвари Осиёи Марказӣ бо Ҷон Керрӣ эъломияи муштарак имзо шуд, ки аз рушди тиҷорат то мубориза бо терроризм ва мусоидат ба Афғонистонро фаро мегирад.

Дар пайи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо Ҷон Керрӣ -- вазири умури хориҷии Амрико, ки бо як сафари расмӣ дар минтақа қарор дорад, эъломияи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин мулоқот якуми ноябр, барои аввалин бор, дар шакли нави “С5+1” дар Узбакистон гузашт ва дар эъломия гуфта шудааст, ин идомаи мулоқоти 26 сентябри соли ҷорӣ дар Ню-Йорк буд.

Дар ин эъломия таъкид шудааст, кишварҳо ба истиқлол ва тамомияти арзии якдигар эҳтиром мегузоранд ва барои “рушди тиҷорати минтақаӣ, иртиботот, нақлиёт, энержӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ва мусоидат ба соҳибкорӣ, ҳалли мушкили муҳити зист” тамоми талошашонро хоҳанд кард. Ҳамкорӣ барои мубориза бо таҳдидҳои фаромарзӣ, ба мисли терроризм, қочоқи силоҳҳои қатли ом, маводи мухаддир ва харидуфурӯши инсон яке аз бахшҳои муҳими эъломияи муштараки “С5+1” буда, дар он барои риояи ҳуқуқи инсон, рушди институтҳои демократӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ низ таъкид шудааст.

Мусоидат ба Афғонистон барои рушди ин кишвар бахши дигари эъломия аст ва дар шарҳи он гуфта мешавад, ки вазъи Афғонистон то ҳанӯз барои амният ва суботи кишварҳои минтақа омили муҳим боқӣ мондааст.

Ҷон Керрӣ баъд аз мулоқоташ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Макразӣ дар Тошканд ба Остона рафт ва дар он ҷо бо раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот мекунад. Қарор аст, вазири умури хориҷии ИМА дар чаҳорумин нишасти Муколамаи стратегии Амрико ва Қазоқистон низ ширкат иштирко карда, дар донишоҳи Назарбоев суханронӣ намояд. Ҷон Керрӣ рӯзи 3 ноябр ба Тоҷикистон меояд.

"АФҒОНИСТОНИ АМН КАФОЛАТИ АМНИЯТИ МИНТАҚА АСТ"

Ҷон Керрӣ ба Остона аз Самарқанд парвоз кард. Дар ин шаҳри бостонӣ ба ҷуз аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов рӯзи 1 ноябр нишасти вижаеро бо ҳамтоҳояш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳам доир намуд. Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Узбакистон, ин нишаст барои аввалин бор дар шакли ҷадиди “С5+1” (кишварҳои Осиёи Марказӣ + Амрико) анҷом шуд ва қарор аст, ки дар оянда ҳам идома ёбад.

Ба иттилои хабаргузории Рейтер, Ҷон Керрӣ дар ибтидои мулоқот гуфт, ки ИМА аз истиқлол ва якпорчагии ҳар як кишвари минтақа пуштибонӣ мекунад.

Ҷон Керрӣ дар Самарқанд
Ҷон Керрӣ дар Самарқанд

Дар поёни нишаст дар шаҳри Самарқанд изҳороти муштараке пазируфта шуд, ки дар он аз Афғонистон ва рушди он чун кишвари мустақил бо фазои орому осуда пуштибонӣ шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки амният ва рушди Афғонистон барои бехатарӣ ва эътидоли авзоъ дар кишварҳои минтақа басо муҳим аст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ӯҳдадор шудаанд, ки ҳамкориҳоро дар муқовимат бо таҳдидҳои фаромарзӣ ва дар мубориза бо терроризм тақвият мебахшанд, гуфта шудааст дар ин санад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар мулоқоти вазирони умури хориҷии ИМА ва Осиёи Марказӣ аз таҳдидҳое чун гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва хатари афзоиши ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ ҳам сухан рафт. Бар пояи хабарҳо, беш аз ҳазор тан аз шаҳрвандони минтақа аз тарафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия меҷанганд.

ИСЛОМ КАРИМОВ СУОЛРО "НАШУНИД"

Дар ҳамин ҳол хабаргузории Рейтер ба он нукта ишора кардааст, ки Ҷон Керрӣ дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Узбакистон ва вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз изҳори назари возеҳ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар минтақа худдорӣ кардааст. Дар нишасти хабарии муштарак бо Ислом Каримов ӯ фақат изҳор намуд, ки мехоҳад бо ҳамтоҳояш аз минтақа дар мавриди мушкилоти мардуми минтақа ва ширкати онҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам сӯҳбат кунад.

Рейтер менависад, ҳангоме ки мақомоти амниятӣ хабарнигоронро аз толор берун мекарданд, як журналисти амрикоӣ аз Ислом Каримов хост, ки назарашро дар бораи гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон бигӯяд. Дар ин гузориш Тошканд барои нақзи ҳуқуқи башар шадидан интиқод шудааст. Ислом Каримов вонамуд кард, ки суолро аслан нашунидааст. Ҷон Керрӣ ба посухи ин суол пардохт ва аммо хабарнигор онро нашунид, зеро кормандони хадамоти амниятӣ ӯро аллакай аз толор берун андохта буданд.

Дар арафаи сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа созмонҳои дидбони ҳуқуқи башар аз ӯ хоста буданд, ки бо мақомоти Осиёи Марказӣ масоили марбут ба вазъи ҳуқуқи башар ва озодии матбуоту озодиҳои мазҳабиро ба миён гузорад. Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон, аз ҷумла, даъват карда буд, масъалаи фишор ба расонаҳои мустақилро матраҳ кунад. Дар номае ба унвони вазири умри хориҷии Амрико, ҳомиёни озодии баён хоҳиш карданд, ки Ҷон Керрӣ "ошкоро аз мақомоти ин кишварҳо озодии хабарнигоронеро, ки барои фаъолияти касбии худ дар маҳбус шудаанд, тақозо кунад." Кумитаи ҳимоят аз журналистон гуфтааст, ки дар Осиёи Марказӣ вазъи озодии баён "ҳамчунон бадтар мешавад". Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ишора ба "манъи пахши расонаҳо, қонунҳои сангин, назорати интернетӣ" ёдовар шуданд, ки хабарнигорони интиқодӣ ва блогнависон зери таъқиби сиёсӣ қарор дошта, мавриди ҳамла, ҳабс ва ҳатто қатл қарор мегиранд.

Сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа рӯзи 31 октябр аз Қирғизистон шурӯъ шуд ва қарор аст, ки рӯзи 2 ноябр аз Остона ба Душанбе парвоз кунад. Дар пойтахти Тоҷикистон ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард.

Сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа рӯзи 3 ноябр бо боздид аз Туркманистон поён хоҳад ёфт. Ин нахустин сафари якбораи Ҷон Керрӣ ба панҷ кишвари Осиёи Марказист.

XS
SM
MD
LG