Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон: Солҳову суолҳои мушкили истиқлол (ВИДЕО ва 12 АКС)


Тоҷикистон дар шароите солгарди навбатии истиқлолашро таҷлил кард, ки таҳаввулоти ахири дунё ва минтақа ин кишвари Осиёи Марказиро дар рӯбарӯи чолишҳои ҷиддии ҷадид қарор додааст.

Тоҷикистон солгарди 23-юми истиқлолашро дар ҳоли ҳассостар шудани вазъи минтақа, печидатар шудани равобит бо бархе ҳамсояҳо ва беэътимодии бештар ба ҳампаймони аслии стратегияш ҷашн гирифт.

Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 9 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Иди истиқлол дар шароите таҷлил мешавад, ки "донаҳои дар мазра пошида аз хок сар берун карданд ва замони нигоҳубини онҳо ба хотири дарёфти ҳосили дилхоҳ фаро расидааст." Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар дохили кишвар оромиву осоиш ва сулҳу субот ҳукмфармост, мушкилиҳое, ки боқӣ мондаанд, оҳиста-оҳиста рафъ хоҳанд шуд. Сӯҳроб Шарифов аз ҷумла аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ пазируфта шудани бунёди нерӯгоҳи Роғунро дастоварди назаррас ва боло рафтани қимати пахтаву алюминий дар бозори ҷаҳонро барои рушди иқтисод муҳим мехонад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ иқрор мекунад, вазъи минтақа ва робита бо ҳампаймонҳои стратегӣ ба гунае нест, ки Тоҷикистон худро дар вазъи амну суботи ҳамешагӣ эҳсос кунад ё ба рушди пайвастаи иқтисодӣ умед бандад. Сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, "ҷанге ки дар Украина идома дорад, бозиҳои геополитике, ки дар робита ба бӯҳрони Украина идома меёбанд ва он таҳримҳое, ки Ғарб алайҳи Русия ҷорӣ мекунад, хоҳ-нохоҳ ба иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд."

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, "мо мебинем, ки сиёсати давлати Русия нисбат ба кишварҳои шӯравии собиқ тағйир нахӯрдааст ва намунаи ин – зиддияти ахир миёни Маскав ва Остона аст, ки баъд аз як изҳори назари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо ҷавонон дар Селигер ва гуфтаҳои Владимир Жириновский дар бораи Қазоқистону давлатдории қазоқҳо сар зад." Аз ин пеш раҳбари либерал-демократҳои рус ҳатто пешниҳод карда буд, ки Осиёи Марказӣ чун як минтақаи федеролӣ тобеъи Русия карда шавад.

Сӯҳроб Шарифов меафзояд, "мо ин гуна изҳори назарҳоро дар бораи Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон ҳам шунида будем ва эълом доштем, ки ин сиёсат ба ҳамоиши кишварҳои минтақа бо Русия мусоидат нахоҳад кард". Ба гуфтаи мусоҳиби мо, "сиёсатмадорони Русияро имрӯз як эҳсосоти нео-империалистӣ фаро гирифтааст ва онҳо фикр мекунанд, ки кишварашон аз Амрико камтар нест, яъне ахиран як падидаи нави сиёсиву геополитикӣ зуҳур намуд, ки Русия худро кишвари абарқудрат мехонад ва мутмаин аст, ки ҳаққи ҳалли сарнавишти дигар кишварҳо ва фишор овардан ба онҳоро дорад".

В.Путин ва Э.Раҳмон

В.Путин ва Э.Раҳмон

Сӯҳроб Шарифов меафзояд, ки миёни Русияи имрӯз ва Шӯравии собиқ фарқ чун миёни замину осмон аст. "Дар Шӯравӣ ҳама миллатҳо ҳуқуқи баробар доштанд, ҷумҳуриҳо баробар рушд мекарданд, дар сиёсати Русияи феълӣ бошад, миллатгароиву шовинизм ва мустамликадории ҷадид дар хатти аввал қарор дорад. Дар атрофи Владимир Путин, дар ҳукумати Русия, дар парлумони Русия афроди миллатгарову шовинист ҷамъ шудаанд ва дигар шудани самти геополитикиву стратегии Русия нигаронии ҷиддии кишварҳои шӯравии собиқро ба миён овардааст".

Маҳз ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, ягон кишвари шӯравии собиқ аз мавзеъгирии Маскав дар бӯҳрони Украина пуштибонӣ накардааст. Сиёсатмадори тоҷик меафзояд, давлати Тоҷикистон ҳам робитаҳояш бо Украинаро ҳифз мекунад, зеро Киев дар рушди иқтисод ва маорифу фарҳанги Тоҷикистон нақши муассир метавонад дошта бошад.

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Сӯҳроб Шарифов, Тоҷикистон дар сурати пеш омадани интихоб миёни Амрикову Русия ба ҷуз интихоби дуввумӣ илоҷ надорад – бурунрафт аз масири Маскав барои Душанбе паёмадҳои номатлуб хоҳад дошт ва солҳои ахир Русия исбот кард, ки аз ин фишангҳо, аз ҷумла, фишор болои садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷики муқими Русия кор хоҳад гирифт.

Қосими Бекмуҳаммад

Қосими Бекмуҳаммад

Аз нигоҳи Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ, воқеъан ҳам вазъи минтақа дар як соли ахир ҳассостар шудааст. Ӯ мегӯяд, ки Тоҷикистон аз вазъи Афғонистон таъсирпазир боқӣ мемонад, ҳамсоякишвар "бо таваҷҷӯҳ ба натоиҷи норӯшани интихоботи раёсатҷумҳурӣ шояд ояндаи печидаи худро дар рӯ ба рӯ дошта бошад, ки он метавонад ба вазъи амниятӣ ва иҷтимоии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ гузорад".

Таҳлилгар меафзояд, аз сӯи дигар, моҳҳои ахир дар робитаҳо бо дигар кишвари ҳамсоя - Қирғизистон печидагиҳое ба миён омад – ҳодисаҳое, ки аз аввали сол дар марзҳои миёни ду кишвар рӯй доданд, бесобиқа будаанд. Аммо Қосими Бекмуҳаммад мушкилот дар марзро бо шароити дохилиии Қирғизистон пайванд медиҳад: "Ҳукумати ин кишвар ҳамеша аз вуқӯи инқилобҳо нигарон аст ва ба далели тағйири низоми сиёсӣ рақобатҳои дохилӣ ба сурате пеш меравад, ки ҳамеша ҳукуматдорон аз ноҳияи мухолифонашон на танҳо таҳдиди сиёсиро интизоранд, балки аз сӯи онҳо ташкили кудаторо ҳам баъид намедонанд."

Мусоҳиби мо меафзояд, "маҷмӯаи ин омилҳо дар Қирғизистон боис ба он шудааст, ки аз як сӯ, таваҷҷӯҳ ба ҳаллу фасли масоили марзӣ камтар шавад ва ва аз сӯи дигар, нухбагони сиёсии Бишкек умедворанд, ки то ҷое ҳассос шудани масоили марзӣ бо ҳамсояҳо – Тоҷикистону Узбакистон шояд ба таъмини ваҳдати кишвару миллат мусоидат кунад". Аммо идомаи ин вазъ, ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад, муносибати миёни Тоҷикистону Қирғизистонро чолишӣ хоҳад кард.

Муҳибуллоҳи Қурбон

Муҳибуллоҳи Қурбон

Муҳибуллоҳи Қурбон, хабарнигор ва таҳлилгари мустақили тоҷик, ки тайи ду моҳи ахир вазъ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистонро пажуҳиш кардааст, низ мегӯяд, ки ба ҳалли зуди моҷароҳои марзӣ хушбин нест. Ба гуфтаи ӯ, дар маҳфилҳои сиёсӣ ва ҳатто дар долонҳои ҳукумат андешае ҳукмрон аст, ки ҳузури раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе ва сӯҳбати рӯбарӯи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли мушкилоти марзӣ мусоидат хоҳад кард.

Аммо аз нигоҳи Муҳибулло Қурбон, мушкил он қадар амиқ аст, ки бо як ё ду мулоқот сарони кишварҳо онро наметавон аз байн бурд. Ба гуфтаи ӯ, “ба моҷароҳои марзӣ фақат бо мусоидату миёнҷигарии созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, метавон хотима гузошт. Вақте ду ҳамсоя бо ҳам моҷаро мекунанд, бояд ҳатман дигарҳо ва вакилҳо омада ба онҳр гӯянд, ки ин тавр накунед, ки айб аст”.

Дар ҳамин ҳол, Темур Варқӣ, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав, мегӯяд, Рӯзи истиқлол дар шароите ҷашн гирифта мешавад, ки ҳуқуқҳои сиёсиву ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ поймол мешаванд. Мақомот бо гузашти солҳои бештар аз дарёфти истиқлол ин ҳуқуқҳоро ҳарчӣ бештар нақз мекунанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, бисёриҳо аз ёд бурдаанд, ки эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон бо пойфишории ҳизбҳои сиёсии мухолифи ҳукумат – ҳизби наҳзати ислом, ҳизби демократ, ҷунбишҳои “растохез” ва “Лаъли Бадахшон” ба даст омада буд. “Бисту се сол пеш дар парлумон ҳафт вакили мардумӣ аз ҳизбҳои сиёсии мухолиф фаъолият мекард, ҳоло ҳамагӣ ду нафар аз ҳизби исломӣ узви Маҷлиси намояндагонанду халос”.

Темур Варқӣ меафзояд, ҳатто эълони таъсиси ҳизб аз сӯи соҳибкори маъруф Зайд Саидов боиси хашму нигаронии мақомдорон шуд ва онҳо ӯро бо далелҳои тақаллубӣ ба 26 соли маҳбас маҳкум карданд. “Аз ин рӯ, ман дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъ ба Маҷлиси намоядагон ҳам хушбин нестам ва бовар надорам, ки он шаффофу демократӣ сурат бигирад”, мегӯяд ӯ ва меафзояд, “истиқлол он аст, ки агар мардум воқеъан ҳам мустақил бошанд, аз ҷумла, дар интихоби сиёсии худ”.

23 сол қабл, рӯзи 9-уми сентяби 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд. Зери ин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур Қадриддин Аслонов имзо гузошт ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве ифтитоҳ шуд. Тоҷикистон пас аз 8 моҳи эълони истиқлолият ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки як панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 2007 давом кард, бештар аз 100 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонавудар шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG