Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот қатли Шоҳ Искандаровро рад карданд


Мақомоти амниятии Тоҷикистон хабари кушта шудани Шоҳ Искандаров, муовини сарвари раёсати ВКД дар водии Раштро рад карданд.

Мустафо Рустамов, сарвари Раёсати ВКД дар водии Рашт танҳо ҳаминро гуфт, ки сиҳату саломатии муовини ӯ хуб аст ва дар Бадахшон дар сафари хидматӣ қарор дорад.

Қаблан иттилоъ вуҷуд дошт, ки Муҳаммадшоҳ (Шоҳ) Искандаров ҳанӯз як моҳ пеш бо иттифоқи Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи ИНОТ бо афроди наздик ба худ ба Бадахшон барои ҳимоят аз марзи Тоҷикистону Афғонистон фиристода шуда буданд. Дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" Мирзохӯҷа Аҳмадов гуфт, ки ӯ аслан қадам ба хоки Бадахшон нагузоштааст, аммо Шоҳ Искандаров бо тақозои вазифа ба он ҷо рафтааст.

Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов барои саркӯб кардани гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт тобистону тирамоҳи соли 2010 ва зимистону баҳори соли 2011 ҳамкории зич доштанд. Аз ҷумла нобуд кардани гурӯҳҳои Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва Абдулло Каримов (Мулло Абдулло) аз хизматҳои ин ду фармондеҳ пеши мақомот унвон мешавад.

Гузоришҳои қаблӣ бар ин буданд, ки мақомот дар амалиёт алайҳи қотилони Абдулло Назаров низ аз таҷрибаи ин фармондеҳон истифода мекунанд.

ДАР ХОРУҒ ОТАШБАС ЭЪЛОН ШУДААСТ

Дар ин бора дар як сӯҳбати телефонӣ бо раиси вилояти Бадахшон президент Эмомалӣ Раҳмон хабар додааст.

Раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим имрӯз дар муроҷиат ба сокинони вилоят аз ҷорӣ шудани оташбас хабар додааст. Ин мақоми баландпоя гуфтааст, ки ҷорӣ шудани оташбаси "қатъӣ" талаби раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз бо ӯ дар гуфтугӯи телефонӣ матраҳ шудааст. Қодири Қосим паёми раисҷумҳурро дар ҳузури садҳо тазоҳургарон пахш кард, ки дар назди сохтмони шаҳрдории Хоруғ ҷамъ омада, аз амалиёти махсуси сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ эътироз карданд.

Зимни ироаи ин паём дар маркази Хоруғ, ҳамчунин 20 намояндаи дигари мақомоти баландпоя ва ҳам намояндагони ҷомеаи Бадахшон ҳузур доштанд. Раиси вилоят изҳори умедворӣ кардааст, ки оташбасро тамоми гурӯҳҳои мусаллаҳ қабул хоҳанд кард.

Мардуми маҳаллӣ ба нишони эътироз ва ҳам нигаронӣ аз амалиёти пурқурбонии рӯзи 24-юми июл дар шаҳри Хоруғ бо шиорҳои даъваткунандаи хатми ҷангу хунрезӣ дар назди шаҳрдорӣ ҷамъ шуда буданд. Ба қавли онҳо, амалиёти дирӯза ҳамчунин ба манзил ва сохтмонҳои маъмурии шаҳр хисороти зиёд ворид кардааст.

Дар изҳороташ Қодири Қосим ҳамчунин гуфт, ки комиссиюни бистнафараи иборат аз мақомот ва сокинони вилоят барои берун баровардани ҷасади ҳалокшудаҳо бояд як гузаргоҳ ё “корридори амне” ташкил кунад. Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, ҳанӯз ҳам нерӯҳои амниятӣ намегузоранд, ки ҷасадҳои мурдагон берун бурда шаванд.

Қодири Қосим дар мулоқоташ бо мардуми маҳаллӣ ҳамчунин дар бораи огаҳии худ аз хабари кушта шудани шаш сокини осоишта аз дасти нишонзан ё снайпери номаълуме субҳи имрӯз иттилоъ доддааст.

Бино ба хабарҳои ахир аз дохили Хоруғ, ин соатҳо шаҳр орому осуда аст ва садои тир ё оташе ба гӯш намерасад. Як шоҳиди ҳодиса гуфт, мардуми дар баробари шаҳрдорӣ ҷамъомада баъди шунидани хабари оташбас “бо қаноатмандӣ” ба манзилҳои худ баргаштанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба манобеъи дигар, мақомоти амниятии Тоҷикистон аҳолии осоиштаро аз маҳалли амалиёти низомӣ дар Хоруғ хориҷ мекунанд. Манобеъи маҳаллӣ, ки бо «Озодӣ» сӯҳбат карданд, мегӯянд, сокинони маҳаллаҳои «УПД» ва «Хлебзавод», ки тайи як рӯзи ахир аз маҳалли даргириҳои ҳукумат бо гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст буданд, сабти ном шуда, аз маҳалли ҳодиса берун оварда мешаванд.

Амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳи Толиб Айёмбеков, субҳи рӯзи 24 июл оғоз шуда, тақрибан 27 соат идома кард. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин амалиёт 42 нафар 42 нафар, аз ҷумла 30 ҷангӣ ва 12 нафар аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон, ки узви ин гурӯҳ буданд, боздошт шудаанд.
Тибқи манобеъи ғайрирасмӣ, теъдоди кушташудагон аз 100 нафар ҳам бештар аст ва дар миёни онҳо афроди мулкӣ низ будаанд.
XS
SM
MD
LG