Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин тафсилот дар бораи СDH Investments Limited, ширкати ҳамкори корхонаи алюминиум "Талко" ошкор шуд.

СDH Investments Limited, ширкати ҳамкори "Талко" ва сабтиномшуда дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё бо номи сdh.tj торнамои худро эҷод кардааст, ки аввалин иттилоъ дар бораи ин ширкати маъруф, аммо машкукро ошкор мекунад.

Аммо ин сомона дар ҳоли ҳозир фақат сабтином шуда, дар Интернет ҳанӯз пайдо нашудааст.

Бино ба иттилои ism.tj, сомонаи сабти номи ҳостинг ва доменҳои TJ, ин сомона ба намояндагии СDH Investments Limited дар Тоҷикистон тааллуқ дорад. Он тобистони соли ҷорӣ бо номи Н.Х. Раҷабов ва бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ-100, сабти ном шудааст.

Аммо нафаре, ки тариқи телефонҳои ҳам собит ва ҳам дастӣ бо мо сӯҳбат кард, гуфт, воқеан ин суроға ва ин телефонҳо дар кӯчаи Рӯдакӣ-100 ҳастанд, аммо ба СDH Investments Limited тааллуқ надоранд.

«СDH Investments Limited» солҳои 2008-2010 яке аз ширкатҳое маҳсуб мешуд, ки дар баҳси «Талко» ва «Ансол» дар Додгоҳи Бритониё аз коршарикони аввалӣ ёдоварӣ мешуд. Дар сомонаи «Талко» ин ва ширкати дигар - «Talco Management Limited» коршарикони бузургтарин корхонаи алюминиуми Тоҷикистону Осиёи Марказӣ унвон мешаванд, ки аз Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё намояндагӣ мекунанд. «СDH Investments Limited» «Талко»-ро бо гилхок таъмин мекунад. Аммо боз ҳам сомонаи «Талко» навиштааст, ки новобаста ба ширкати хориҷӣ будани - «СDH Investments Limited» ва «Talco Management Limited» активҳои худро ба бонкҳои Тоҷикистон равона кардаанд.

Дар саҳифаи англисии сайти интернетии "Талко" навишта шудааст, ки ширкат бо корхонаҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи назири"Hydro Aluminium (affiliate of Norsk Hydro corporation), «Talco Management Limited» (British Virginian Islands), «СDH Investments Limited» (British Virginian Islands), «Noble Resources Limited» (Гонконг), «Glencore International AG» (Switzerland), «Alaska Metals AG» (Switzerland)" ҳамкорӣ мекунад.

Игор Сатторов, сухангӯи «Талко», ба Радиои Озодӣ гуфт, аз фаъолияти намояндагии СDH Investments Limited дар Тоҷикистон хабар дорад, аммо онҳо маҳз ба чӣ кор машғул ҳастанд, иттилое дар даст надорад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои хориҷӣ дар гузашта навишта буданд, ки ин ҳарду ширкат ба афроди баландпоя дар Тоҷикистон дахл доранд ва активҳои онҳо ба «Ориёнбонк», ки сарвараш Ҳасан Асадуллозода мебошад, равона шудааст.

Зимнан, аксари кулли ширкатҳое, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ-100 фаъолият мекунанд, шурӯъ аз радиои «Имрӯз», Ориён Иншуренс, Ориён Сипеҳр, «Талко» ва ғайраҳо муртабит ба «Ориёнбонк» ҳастанд ва ё амалиёти молиявиашонро тариқи ин бонк амалӣ мекунанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG