Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Русия барои қоҷоқи ҳероин


Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро барои қочоқи ҳудуди 2 килограм ҳероин боздошт карданд.

Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 20 сентябр гуфт, ки "ба гумони қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, Сироҷ Давлатов, шаҳрванди Русия, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт гардид."

Ин манбаъ меафзояд, "ба щангоми азназаргузаронии бағоҷи Сироҷ Давлатов, ки бо хати сайри Душанбе - Красноярск билет дошт, миқдори 1 килову 830 грам героин кашфу мусоидар гардид.

Ҳамакнун нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.

Ба иттилои манобеъи амниятӣ, Сироҷ Давлатов қаблан низ барои қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ба 15 солу шаш моҳ маҳкум ба зиндон шуда буд.

Аммо дар нуҳ соли пеш афв шуда ва аз зиндон раҳо шуда будааст.

Дар ҳамин ҳол ниҳодҳои амниятӣ дар мавриди дигар, як сокини шаҳри Душанберо низ барои қочоқи 2 килову 700 грамм дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти КДАМ, Парвина Давлатова, соли тавалудаш 1983. скоини шаҳри Душанбе ҳангоми парвоз дар хати сайри Душанбе - Дубай ба гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудааст.

Ин манбаъ афзуд, ки ба ҳангоми аз назаргузаронии борхалтаи хонум Давлатова, аз ҷузвдони компутер ва сумкаи дастиаш миқдори 2 килову 700 грамм ҳероин мусодира шудааст.

Нисбати ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқ он идома дорад.
XS
SM
MD
LG