Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Президент ё султон?"


«Одаму Олам» дар сармақолаи худ авҷ гирифтани маҳалгароӣ, васвасаи бузургманишӣ ва рушди мансабҷаллобӣ дар Тоҷикистонро мушкилоти умдаи ин кишвар арзёбӣ намудааст. Ба навиштаи «Одаму Олам», танҳо таъмини ошкорбаёнӣ ва рушди матбуоти озод метавонад Тоҷикистонро дар ин мақтаъаи ҳассос аз гирдоби мушкилоти мазкур бираҳонад.

"Президент ё султон" - унвони матлаби дигари «Одаму Олам» аст, ки дар он мавзӯъи низоми сарварӣ дар кишварҳои дунё мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муааллифи матлаб дар робита ба Тоҷикистон навиштааст, дар пайи баргузории ҳамапурсии умумӣ ва ворид сохтани тағйирот ба қонуни асосии Тоҷикистон, раисҷумҳури ин кишвар аз ваколатҳои номаҳдуд бархӯрдор гашта ҳамзамон мардум аз ҳаққи интихоби роҳбарони ноҳия ва шаҳру вилоёт маҳрум мондаанд. Ба эътиқоди таҳлилгари «Одаму Олам», ҳамакнун аз рӯи ваколатҳои дар ихтиёр дошта раисҷумҳури Тоҷикистонро метавон танҳо бо Фидел Кастро, Туркманбошӣ ва оятуллоҳ Хоманаӣ муқоиса кард.

«Рӯзи Нав» аз тағйири мавзеъи расмии худ дар баробари ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст. Ба навиштаи ин ҳафтанома, мавзеъи расмии он аз ин ба баъд дар баробари ҳукумат ҷанбаи оппозитсионӣ хоҳад гирифт. Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мазкур дар тавзеҳи ин иқдом гуфтааст, агар мо худро мухолиф эълон накунем ҳам, аллакай дигарон ба мо тамғаи мухолифи ҳукуматро задаанд.

"Ай қавми ба ҳаҷрафта бидонед, бидонед». Таҳти ин унвон «Тоҷикистон» аз бемасъулиятиву тақаллубкории масъулини кумитаи дини назди ҳукумати кишвар дар маросими ҳаҷи соли 2005 матлабе ба нашр расонидааст. Дар ин матлаб омадааст, ки аз ҷумла, масъулини кумитаи дини Тоҷикистон ҷиҳати қурбонӣ барои ҳар як ҳоҷии тоҷик 323 ҳазору 350 доллари амрикоӣ дарёфт намуда буданд, аммо ин маблағ ба навиштаи «Тоҷикистон» бо ҳадаф масраф нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, «Минбари Халқ» навиштааст, ахиран додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти молиявии кумитаи динро мавриди таҳқиқ қарор дода мушахас намудааст, дар маросими ҳаҷ аз сӯи ин ниҳод ба тақаллуб ва иштибоҳоти зиёд роҳ дода шудааст. Ба иттилои «Минбари Халқ», тафтиши додситонӣ дар ин росто муайян намудааст, ки зимни сафари ҳаҷ ва иҷрои фароизи он масъулини кумитаи дин аз ҳоҷиёни тоҷик 96 ҳазору 282 сомонӣ маблағи ғайриқонунӣ ситонидаанд.

«Наҷот» таъкид намудааст, нашрияҳои русӣ бо ҳадафи нигоҳ доштани нуфузи Русия дар Тоҷикистон овозаҳоеро паҳн менамоянд, ки гуё Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ба расонаҳои ғайридавлатии Тоҷикистону соир кишварҳо ба он хотир кӯмак мерасонанд, ки дар ин кишварҳо заминаи тарҳи инқилобҳои рангин фароҳам гардад. Нашрия чунин иқдоми матбуоти русиро ба манфиатхоҳии сиёсии Русия дар Тоҷикистон марбут дониста афзудааст, ки имрӯз Русия дар талоши он аст, ки нуфузашро дар Тоҷикистон бо ҳар роҳ ҳифз намояд.
XS
SM
MD
LG