Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи 7 имомхатиби "ихвонӣ" ба додгоҳ рафт


Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум)
Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум)

Парвандаи 7 имомхатиби масҷидҳои марказӣ ва ҷомеи вилояти Суғд, ки ба таблиғи ақидаҳои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ихвонулмуслимин” айбдор мешавад, барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Бобоҷон Ғафуров супурда шудааст.

Додгоҳи шаҳри Бобоҷон Ғафуров дар рӯзҳои наздик ба муҳокимаи парвандаи 7 имомхатиби масҷидҳои марказӣ ва ҷомеи вилояти Суғд шурӯъ мекунад.

Ин 7 имом –

Мақсуд Урунов, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом, Абдуҷамил Юсуфӣ, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Бобоҷон Ғафуров,

Сулаймон Болтуев, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Гулистон (Қайроққум),

Аббос Абдураҳмонов, муовини имоми масҷиди марказии шаҳри Конибодом,

Ҳусейн Тӯхтаев, хатиби масҷиди марказии Конибодом,

Ҳамзаалӣ Султонов, имоми масҷиди “Тақво”-и шаҳри Хуҷанд

ва Маҳдӣ Болтаев, хатиби масҷиди ҷамоати Навгилеми Исфара

– аз моҳи март бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ихвонулмуслимин” дар боздошт қарор доранд.

Қаблан шумори имомҳои боздоштшуда 6 нафар гуфта мешуд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъ, ки дар ин парванда аз манфиатҳои Сулаймон Болтуев, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Қайроққум ҳимоят мекунад, шоми 30 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи ин рӯҳониён алакай ба поён расида ва барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Бобоҷон Ғафуров ирсол шудааст: “Ҳамаи онҳо бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне узвият дар созмони мамнӯъ айбдор мешаванд. Ин банди қонун бар асоси тағйироте, ки моҳи декабр ба Кодекси ҷиноӣ ворид карда шуд, барои узвият дар созмонҳои мамнӯи ифротӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале иттиҳоми зидди ин рӯҳониён, аз ҷумла алайҳи муваккили ман марбути солҳоест, ки ҷазояш дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон сабуктар – аз 2 то 5 сол - буд ва барои гунаҳкорон ҷазоҳои алтернативие, чун пардохти ҷарима ҳам пешбинӣ мешуд.”

Аз ин 7 рӯҳонии боздоштшуда 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва якеаш – Маҳдӣ Болтаев – шаҳрванди Узбакистон будааст. Ӯ дар ибтидои солҳои 90, вақте дар Донишкадаи исломии Тошканд мехонд, шаҳрвандии Узбакистонро дарёфт кардааст.

Файзинисо Воҳидова
Файзинисо Воҳидова

Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ҳамаи ин 7 рӯҳонӣ дар ибтидои солҳои 90 дар Тошканд таҳсил карда, сипас барои идомаи таҳсил ба донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ рафтаанд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ин рӯҳониёни тоҷик дар солҳои таҳсил дар Мадина аз сӯи як устоди донишгоҳи исломӣ, ки пайрави “Ихвонулмуслимин” будааст, ба ин созмон ҷазб шуда, баъди хатми таҳсил вазифа гирифтаанд, ки ақидаҳои онро дар Ватани худ таблиғ кунанд.

Файзинисо Воҳидова мегӯяд, дар ҷараёни тафтишот ҳамаи ин 7 рӯҳонӣ ба ҷалб шуданашон ба созмони “Ихвонулмуслимин” ва вазифадор шуданашон ба таблиғи ақидаҳои он дар Тоҷикистонро худ иқрор кардаанд, вале мегӯянд, ягон нафарро дар ин қадар соле, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба ин созмон даъват накардаанд: “Онҳо бо тариқи худиқрорӣ гуфтаанд, ки бале, дар ҳақиқат, моро устодамон ба “Ихвонулмуслимин” даъват кард, мо вазифадор шудем, чанд бор устодамон ба Тоҷикистон ҳам омад, вале вақте инҷо омадему дидем, ки байни ақидаҳои мазҳаби Ҳанафӣ ва ончӣ ки ба мо гуфта мешуд, фарқияте вуҷуд надорад, ҷиҳати таблиғи “Ихвонулмуслимин” даст ба ягон иқдом назадем.”

Даромадгоҳи масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон
Даромадгоҳи масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон

Дар миёнаҳои моҳи май аз Конибодом дар бораи боздошти боз 5 имомхатиби дигар гузориш расид. Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, Алишер Олимов - сархатиби маҳаллаи Масҷиди Савр, Қобил Сангинов - имомхатиби масҷиди "Зардбед", Ғуфрон Анваров - ноиби ҳамин имомхатиб, Довуд Охунов - имомхатиби масҷиди ҷомеи "Деҳқонобод" ва Хуршед Бофаров - имомхатиби масҷиди "Нури ислом"-и Конибодом ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо барои ташвиқи наврасон ба ҷангҳои Сурия ва узвият дар гурӯҳи мамнӯи “Ихвонулмуслимин” муттаҳам мешаванд. Ба гуфти мусоҳиби Озодӣ, боздошти ин панҷ нафар бар асоси иттиллои Мақсуд Урунов, сархатиби собиқи масҷиди марказии Конибодом, Аббос Маҳмудов ва Фаррух Маҳмудов, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ки қаблан дастгир шуданд, сурат гирифтааст.

Фаъолияти созмони "Ихвонулмуслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 баъд аз шомил кардани ин созмон дар феҳристи созмонҳои террористии Русия ва бархе кишварҳои Аврупо мамнӯъ шуд. Ин созмон ҳатто дар даврае, ки Муҳаммад Мурсӣ, раҳбари “Ихвонулмуслимин” дар Миср ба сари қудрат омад, дар Тоҷикистон мамнӯъ буд. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистону Миср бо ҳам робитаи дипломатӣ доштанд ва теъдоде аз ҷавонҳои тоҷик дар он кишвар таҳсил мекарданд, вале Душанбеи расмӣ ин созмонро аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ берун накард.

XS
SM
MD
LG