Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозори Чоловҳо баъди 20 сол ба соҳиби қаблиаш баргардонда шуд


Бозори "Сомониён"

Бозори "Сомониён"

Бозори "Сомониён"-и Кӯлоб, ки солҳо боз дар ихтиёри хонаводаи як замон маъруфи Чоловҳо буд, ахиран бо қарори Додгоҳи иқтисодии Хатлон ба соҳиби аввалааш баргардонда шудааст.

Бозори "Сомониён" дар шаҳри Кӯлоб, ки солҳо боз таҳти идораи хонаводаи дар замони ҷанги дохилӣ бонуфузи Чоловҳо қарор дошт, ба соҳиби аввалааш баргардонда шудааст. Дар ин бора дар аввали соли ҷорӣ қарори Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон содир шуда, аммо тоза дастраси мо гардид.

Ин бозор, дар маҷмӯъ, 30 гектар масоҳат дошта, дар оғози солҳои 90-ум аз тарафи соҳибкор Хол Сафаров сохта шудааст. Диловари Сафаралӣ, писари Хол Сафаров ва раиси ҳозираи бозори "Сомониён", рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки онҳо барои бозпас гирифтани бозор дар соли 2010 ба додгоҳ муроҷиат карда буданд ва билохира баҳс ба нафъи онҳо анҷом ёфт.

Диловари Сафаралӣ дар ҷавоб ба ин савол, ки чаро дар вақташ ба додгоҳ муроҷиат накарданд ва оҳанро ба қавле дар гармияш накӯфтанд, гуфт, ки "бозорро дар ҳақиқат падари ман сохт, аммо баъд аз итмоми сохтмон Қурбон Чолов омада, аз дасти падарам кашида гирифт. Баъд аз ин ҳодиса падарам шикоят накард. Онҳо он вақт нуфуз доштанд ва касе бо онҳо сар ба сар намешуд. Агар мешуд, ҳолашро бад мекарданд."

Диловари Сафаралӣ

Диловари Сафаралӣ

Писари Хол Сафаров мегӯяд, баъд аз солҳои 2010 ва баъд аз шикоят ба додгоҳ низ чандин бор аз тарафи хонаводаи Чоловҳо таҳдид шунида, барои мунсифона баррасӣ шудани қазия умед надоштанд. "Вале ҳоло ҳақ ба ҳақдор расид," - гуфт ӯ.

Бозори "Сомониён" дуюмин бозори бузург дар Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Додарбек Сайдалиев, коршиноси маҳаллӣ гуфт, хонаводаи Чоловҳо дар замони даргириҳои дохилӣ бо истифода аз нуфуз ва зӯре, ки доштанд, баъзе аз маконҳои барояшон мақбул ва фоидароварро аз худ кардаанд. "Чандин қумандоне буданд, ки фикри ояндаро накарда чизе хостанд, карданд. Чизе ба онҳо писанд омад, аз дасти соҳибонашон гирифтанд ва фикр накарданд, ки рӯзе ин қудрат завол меёбад ва он чизе, ки моли онҳо нест, ба соҳибонашон бармегардад. Яке аз ҳамин қазияҳо бозори "Сомониён" буд," - гуфт Додарбек Сайдалиев.

Хонаводаи Чоловҳо дар ҳоле бозори "Сомониён"-ро дар Кӯлоб аз даст медиҳанд, ки як моҳ қабл шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои тахриб кардани бозори "Панҷшер", марбут ба писари бузурги Қурбон Чолов фармон дода буд ва қарор аст, ки дар ҷойи ин бозор боғ бунёд шавад.

Қурбон Чолов

Қурбон Чолов

Қурбон Чолов намояндаи хонаводаи дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон пурнуфузи Чоловҳо буд. Ин хонавода, ки дар шаҳри Кӯлоб ба сар мебурд, ба тарафдорӣ аз Фронти халқӣ силоҳ гирифта, дар амри ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 саҳми умда доштанд.

Баъд аз пирӯзии Фронти халқӣ Қурбон Чолов фармондеҳи яке аз қисмҳои низомиро бар ӯҳда гирифт. Дар соли 1995 ду нафар аз Чоловҳо – Қурбон ва бародараш Султон Чолов – вакили порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд. Он ҳайати парлумон, ки то соли 2000 амал кард, дар ёдҳо ҳамчун “порлумони боевикҳо” мондааст.

Аммо дар авоили солҳои 2000-ум нуфузи “боевик”-ҳо ва аз ҷумла нуфузи хонаводаи Чоловҳо коҳиш ёфт. Ӯву бародаронашро батадриҷ аз артиш берун карданд ва онҳо асосан ба тиҷорат машғул шуданд. Султон Чолов бар асари беморӣ барвақттар аз олам чашм пӯшид ва 3 бародари дигари онҳо – Фирдавс, Сулаймон, Ҷавҳаршоҳ – дар маҳбас ба сар мебаранд ва Давлат Чолов – бародари дигари онҳо – ба иттилои мақомот ба Сурия рафта, гӯё дар онҷо кушта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG