Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи Рустами Калла ба додгоҳ меравад


Акси ҷабрдидаҳои полковник Рустамов

Акси ҷабрдидаҳои полковник Рустамов

Тафтиши парвандаи полковники собиқи милиса Рустам Темуров, муллақаб ба «Рустами Калла» ба итмом расида эҳтимолан рӯзи 15 март ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб ирсол шавад.

Тафтиши парвандаи полковники собиқи милиса Рустам Темуров, муллақаб ба «Рустами Калла» ба итмом расида эҳтимолан рӯзи 15 март ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб ирсол шавад. Манбаи наздик аз тафтишот рӯзи 14 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки тафтиши парвандаи Рустам Темуров охири ҳафта ба итмом расидааст ва эҳтимол фардо ба додгоҳ ирсол шавад. Моҳе пеш додситонии минтақаи Кӯлоб дар қиболи Рустам Темуров, яке аз чеҳраҳои маъруф дар Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Полковник Рустам Темуров, ки 62 сол дорад, солҳои тӯлонӣ дар чанд навоҳии Кӯлоб дар мақоми сардори милиса кор кардааст. Ӯ ду сол пеш пас аз 7 соли кор аз мақоми сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг нафақа рафт ва, ба гуфтаи наздиконаш, ба тиҷорат машғул буд. Додситонии минтақаи Кӯлоб ӯро бар асоси қисми чоруми моддаи 250-уми Кодекси ҷиноятӣ, яъне тамаъҷӯӣ дар ҳолати хавфнок ва бо истифодаи силоҳ айбдор медонад. Аз рӯи ин модда полковники собиқро эҳтимоли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 то 20 сол таҳдид мекунад. Ин парванда бар асоси шикояти сокинони Кӯлоб боз шудааст, ки ӯро дар тасарруф ва азхудкунии ҳудуди 200 ҳазор доллари амрикоияшон муттаҳам мекунанд.

Зафар Холов, як ҷабрдидаи полковник Темуров рӯзи 14 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи ин шахс ӯ ҳам аз додситонии маҳаллӣ огаҳӣ ёфтааст. Вай гуфт, рӯзи 13 март аз як муфаттиши парванда огаҳ шудааст, ки фардо кори Темуров ба суд ироа шуда, ҷабрдидаҳо бояд дар суд иштирок кунанд. Зафар Холов баъди он аз болои Рустам Темуров шикоят кард, ки ин мард дар баҳои қарз хонаи бародарашро азхуд кард.

Пас аз як гузориши Радиои Озодӣ ва боздошти Рустам Темуров хонаи бародари Зафар Холов баргардонида шуд. Номи Рустам Темуров вақте дар Кӯлоб матраҳ шуд, ки ӯ дар солҳои 1980 дар идораи ОБХСС (шӯъбаи мубориза бо ғорати моликияти сотсиалистӣ)-и вилояти Кӯлоб муовини Султон Қувватов таъин шуд. Ӯ пас аз он ном баровард, ки дар ин мақом дуздии пулҳои чанд идораи вилояти Кӯлобро ошкор кард ва мансабдорон аз шеваи тафтишҳои ӯ дар ҳарос афтода буданд. Акнун худи ӯ ба ҷинояте муттаҳам мешавад, ки солҳои тӯлонӣ алайҳаш мубориза мебурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG