Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Ҷамолиддин Маҳмудов ба Додгоҳи олӣ супурда шуд


Ҷамолиддин (Ҷалолиддин) Маҳмудов.
Ҷамолиддин (Ҷалолиддин) Маҳмудов.

Парвандаи Ҷамолиддин (Ҷалолиддин) Маҳмудов, узви раёсати ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ рӯзи 11 июн ба Додгоҳи олӣ супурда шуд.

Зарафо Раҳмонӣ, вакили мудофеи Ҷамолиддин(Ҷалолиддин) Маҳмудов, узви раёсати олии ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳафтаи гузашта марҳалаи ошноӣ бо парвандаро тамом карданд ва додситонӣ парвандаро имрӯз ба дасти Додгоҳи олӣ супурд.

Ин сиёсатмадори мухолиф бар асоси банди “б” ва “в”-и қисми дуюми моддаи 195-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ба миқдори калон ва аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ айбдор мешавад. Таҳқиқи парвандаи ӯ аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон анҷом шудааст.

Зарафо Раҳмонӣ.
Зарафо Раҳмонӣ.

Зарафо Раҳмонӣ гуфт, муваккилаш ибтидо танҳо ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ айбдор мешуд, вале як ҳафта қабл ба айбномаи ӯ банди нав – ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ аз ҷониби шахсон бо маслиҳати пешакиро илова карданд. Моддаи 195-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Аммо Ҷамолиддин Маҳмудов, ба гуфтаи вакилаш Зарафо Раҳмонӣ, ки имрӯз дар боздоштгоҳи Кумитаи амният бо ӯ ҳузурӣ сӯҳбат кардааст, ҳарчанд иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳро эътироф мекунад, вале мегӯяд, қасди баде надошт. Ӯ гуфтааст, дар соли 1996 ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт ва ба ҷони ӯ, ки ба ҳайси намояндаи мухолифин дар кумиссиюни оташбас фаъолият мекард, таҳдиди зиёд вуҷуд дошт. Аммо ӯ гуфтааст, ки силоҳҳоро барои нобуд кардан ба ҳамдеҳааш Латиф Сардоров аз рустои Чуқураки ноҳияи Ҳисор супурда буд.

Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли 2015, қабл аз интихоботи парлумонии 1 март аз сӯи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шуд. Ба дунбол, Кумитаи амният бо пахши гузориши муфассале аз тариқи телевизионҳои давлатӣ хабар дод, ки аз манзили Латиф Сардоров, сокини 60-солаи рустои Чуқураки ноҳияи Ҳисор ду таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва як запали норинҷак ёфт ва мусодира шудааст ва Латиф Сардоров гуфтааст, ки ин силоҳҳо ба Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ доранд, ки ҳанӯз соли 1996 ба ӯ дода буд, то “барои ягон рӯзи мабодо” пинҳон кунад.Латиф Сардоров ҳоло дар озодист ва дар ин парванда ҳамчун шоҳид мегузарад.

Зарафо Раҳмонӣ гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки муҳокимаи парвандаро худи Додгоҳи олӣ анҷом хоҳад дод ваё он барои баррасӣ ба ягон додгоҳи пойинтар, масалан ба додгоҳи ноҳияи Ҳисор, ки ин мавриди пинҳон кардани силоҳҳо дар ҳамонҷо рух додааст, фиристода хоҳад шуд.

Ҷамолиддини Маҳмудов 51 сол дошта, дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши иқтисоди савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, қаблан дар омӯзишгоҳи савдои Душанбе дарс медод. Маҳмудов ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ дар солҳои 80 ба ҳизби наҳзати исломӣ пайвастааст. Ӯ баъди шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ ба Маскав паноҳанда шуд ва соли 1995 барои фаъолият ба ҳайси намояндаи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин дар Кумиссиюни оташбас ба Душанбе баргашт.

Баъди кушта шудани раҳбари аввали ҳайати мухолифин дар Кумиссиюни оташбас Ҳоҷӣ Музаффар, раҳбарии ин ҳайатро ба Маҳмудов супурданд ва ӯ то соли 1998 дар ин симат кор кард.
Як муддат раҳбарии бахши минтақаии ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказро ҳам бар ӯҳда дошт. Қабла аз боздошт узви раёсати ҳизби наҳзат ва намояндаи он дар Кумиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон буд. Ҷамолиддин Маҳмудов 5 фарзанд дорад.

XS
SM
MD
LG