Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Гулғунча тифли худашро куштанӣ буд? (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии минтақаи Нагатинои шаҳри Маскав парвандаи як зани 39-сола аз Тоҷикистонро ба додгоҳ фиристодааст. Гулғунча Амонбекова ба қасди куштани кӯдаки навзодаш айбдор мешавад.

Додситонии байниноҳиявии минтақаи Нагатинои пойтахти Русия аз анҷоми тафтиши парвандаи шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Гулғунча Амонбекова ва ирсоли ин парванда ба додгоҳ хабар дод. Дар додситонии Нагатино рӯзи 30 июл ба Озодӣ гуфтанд, ки Гулғунча Амонбекова то ҳол дар боздошт қарор дорад ва парвандааш аз сӯи додгоҳи ноҳияи Нагатино баррасӣ хоҳад шуд.

Бино ба хулосаи айбдоркунӣ, ки дар сомонаи расмии додситонии Маскав нашр шудааст, Гулғунча Амонбекова рӯзи 7 феврали соли равон дар маҳалли зисташ дар кӯчаи Борисовские пруди, воқеъ дар байни ҳавзи Борисовский ва рӯди Маскав, таваллуд карда, кӯдаки навзодашро бо қасли куштан дар пакети селофанӣ андохтаву аз қабати панҷуми бино ба лӯлаи ахлот (мусоропровод) партофтааст. Ин кӯдаки навзодро, ки духтар буд ва дар сардии моҳи феврал баданаш кабуд шуда буд, баъди тақрибан ду соат кӯчарӯби кӯча аз дохили мусоропровод берун овардааст.

Тафтишот мегӯяд, агар ин роҳрӯб дар он поси шаб садои гиряи кӯдакро намешунид ва наҷоташ намедод, фарзанди навзоди Гулғунча Амонбекова яқинан мемурд. Гуфта мешавад, кӯдакро дар як ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд ва ӯ то ҳол таҳти табобат қарор дорад.

Додситонӣ алайҳи Гулғунча Амонбекова бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва моддаи 106 (қасди куштани кӯдаки навзод аз сӯи модараш билофосила баъди таваллуд) ва қисми аввали моддаи 322.1-и Кодекси ҷиноии Русия (ташкили будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия) айбномаи расмӣ эълон кардааст ва мегӯяд, ки ӯ дидаву дониста мехост, фарзанди худро бикушад. Худи Гулғунча Амонбекова дар ҷараёни тафтишот гуфтааст, ки ба сабаби вазъи танги моддиаш даст ба ҷони фарзанди худ задааст.

Додситонӣ Амонбековаро ҳамчунин ба он айбдор мекунад, ки дар манзили иҷорааш ба муҳоҷирони дигар аз Тоҷикистон, ки ягон иҷозатномаи расмӣ барои кору зиндагӣ дар ҳудуди Русия надоштанд, ҷои хоб медод ва аз ҳар яки онҳо моҳона 5 000 рубл мерӯёнд.

Намояндаи додгоҳ гуфт, модари ин кӯдак зоҳиран ба хотири “бадном” нашудан хостааст, аз ин тифли навзод бо чунин шеваи бераҳмона “халос” шавад.

Аммо як нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ дар ин қазия ин аст, ки наҷотдиҳандаи ин тифли навзод, ҳамон кӯчарӯб(дворник)-е, ки додситонӣ мегӯяд, низ аз Тоҷикистон буд. Ҳомид Абдуллоев, ки 19 сол дорад ва аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аст, якуним сол боз дар Маскав кӯчарӯбӣ мекунад.

Ҳомид Абдуллоев қаблан дар як сӯҳбат бо Озодӣ чӣ гуна ёфтани ин тифли навзод аз зери ғарами ахлоти ҷамъшуда дар лӯлаи ахлоти он биноро қисса карда буд: “Аввал, вақте дарро кушодаму садои тифл омад, тарсидам. Ин тараф он тараф нигоҳ кардам. Пештар рафтам, аторофи контейнерро (қуттии партовро) пурра нигоҳ кардам. Касе набуд. Гӯш кардам, ки овоз аз даруни контейнер меояд. Партовҳоро кофтан гирифтам, ки як селофан кам-кам ҷунбида истодааст. Бардоштаму кушодам, ки кӯдакро дидам. Бо латта печондагӣ буд, дар даруни пакет. Гирифтаму дар ҷои ҳамвортар мондаму зуд кӯчарӯбҳои дигарро даъват кардам. Фонарик оварданд, кӯдакро дидем. Як-ду нафар ба диспетчерский давиданд, ки мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ро хабар кунанд. То омадани ёрии таъҷилӣ кӯдакро бо либосамон печондем, ки хунук нахӯрад. Аввал пулис омад. Баъд "Ёрии таъҷилӣ" омаду бурд.”

Зане, ки тифли навзодашро ба ахлот партофта буд, боздошт шудааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Бино ба оморҳо, дар ҳоли ҳозир, дар зиндонҳои Русия ҳудуди 7800 нафар бо ҷароими мухталиф адои ҳукм мекунанд. Аксарияти кулли онҳоро мардон ташкил медиҳанд, вале даҳҳо зани тоҷик низ дар Русия бо гуноҳҳои гуногун ва бештар барои даст доштан дар қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудаанд.

Аммо қазияи Гулғунча Амонбекова аз ангуштшумор мавридҳоест, ки як зани тоҷик бо иттиҳоми қасди куштани тифли навзодаш дар пушти панҷара ба сар мебарад.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар чандин чунин ҳолат заноне боздошт шуданд, ки тифли зодаашон ҳосили алоқаҳои ҷинсии номашрӯи модарони онҳо дар замони муҳоҷират дар Русия будаанд ва онҳо аз тарси бадномаӣ дар чашми хешу табор ва ҳаққу ҳамсоя дар Тоҷикистон талош мекунанд, ки аз тифли “нохонда” худро халос кунанд. Соли гузашта аз шаҳри Санкт-Петербург низ дар бораи боздошти як зан аз Тоҷикистон гузориш шуда буд, ки тифли навзодашро дар даромадгоҳи як бино партофтааст. Ними шаб гиряи тифл сокинони он биноро бедор мекунад ва онҳо ин кӯдаки бегуноҳро ба пулис месупоранд.

Кодекси ҷиноии Русия барои қасди куштани кӯдаки навзодаш ҳангоми таваллуд ваё баъди таваллуд ҳамчун ҷазо то 5 сол ҳукми зиндон ё корҳои ислоҳӣ ба ҳамин муддатро пешбинӣ кардааст. Барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Гулғунча Амонбекова низ, барои асоси қонунҳои Русия, то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG